Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 сол ҳукми зиндони фермери арманӣ барои робита бо “Давлати исломӣ”


Додгоҳи Узбакистон як фермери арманиро бо ҷурми ҳамкорӣ бо созмони тундрави “Давлати исломӣ” ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳи Узбакистон фермери арманитабор ваз вилояти Ҷиззах Арамаис Авакянро, ки ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” айбдор мешуд, ба 14 соли зиндон маҳкум кардааст. Манбаи ин хабар – хабаргузории Armenpress менависад, ки додгоҳ Авакянро дар чанд ҷурм, аз ҷумла фаъолияти ғайриқонунии исломгароёна дар Узбакистон ва қасди сарнагун кардани сохти конститутсионӣ айбдор шинохт.

Арамаис Авакян ва 4 тан аз дӯстони ӯ, ки ҳамроҳ дар як хоҷагии моҳипарварӣ дар вилояти Ҷиззах кор мекарданд, 4 сентябри соли 2015 аз сӯи Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дастгир шуданд. Додгоҳи ин гурӯҳ дар Ҷиззиах рӯзи 6 январ оғоз ёфт. Алайҳи ин 5 боздоштшуда бар асоси моддаҳои 159-ум (талоши барандохтани сохти конститутсионии Узбакистон), 244-2 (ташкил, раҳбарӣ ва ширкат дар созмонҳои ифротӣ) ва 169 (дуздӣ)-и Кодекси ҷиноии Узбакистон айбнома эълон шуда буд. Мақомоти Узбакистон Арамаис Авакянро ҳамчунин ба ҳамкорӣ бо созмони “Давлати исломӣ” айбдор мекунанд.

Баъд аз ду мурофиаи аввал, шоҳидоне, ки ба зидди Авакян баёнот дода буданд, аз баёноти худ даст кашиданд. Аммо мақомоти вилояти Ҷиззах ба Ширин Турсунова – ҳамсари Авакян – ҳамчунон фишор оварда, аз ӯ талаб мекарданд, ки ҳамкорӣ бо матбуотро бас кунад ва дар бораи парвандаи шавҳараш мусоҳиба надиҳад. Хешовандони Авакян низ дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ чандин бор аз истифодаи шиканҷа алайҳи ӯ дар ҷараёни тафтишот хабар доданд.

Ба гуфтаи хешовандони фермери арманитабор, решаи моҷаро дар тиҷорати ӯст. Онҳо мегӯянд, ҳокими ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззах Ғафур Қаршибоев мехост ба таври ғайриқонунӣ хоҷагии моҳипарварии Арамаис Авакянро ғасб кунад. Сӯҳбати Қаршибоев бо Авакян бо ҷанҷол анҷом ёфт ва шоҳидон шунидаанд, ки ҳокими ноҳия бар сари фермер дод задааст, ки “ман туро дар зиндон мепӯсонам.”

Арамаис Авакян шаҳрванди Узбакистон аст, вале модари ӯ Флора Сакунтс бо дархости ёрӣ ба мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Арманистон муроҷиат кардааст.

Флора Сакунтс ба омбудсмени вақти Арманистон Карен Андреасян нома навишт ва Андреасян дар навбати худ ба ҳамтои узбакаш Улуғбек Муҳаммадиев муроҷиат кард, ки ба қазияи Авакян дахолат кунад. Ӯ дар ин нома аз ҷумла навиштааст, ки “хоҳиш мекунам, вобаста ба имконотатон барои дарёфти маълумот дар бораи вазъи ҷисмониву равонии А.Авакян, ҳамчунин барои андешидани чораҳои лозим ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ нисбат ба ӯ ҳамкорӣ кунед.”

Манобеи Радиои Озодӣ дар бораи набуди далелҳои шайъӣ ба зидди Арамаис Авакян дар робита ба ифротгароӣ ва дигар иттиҳомоти зидди ӯ сӯҳбат мекунанд. Вале ба гуфтаи онҳо, тафтишот ҳангоми таҳияи айбномаи ниҳоӣ ба зидди ин фермери арманитабор ин ваҷҳҳоро нодида гирифтааст.

Жанна Алексанян, як ҳомии ҳуқуқи башар и арманӣ, ки муддати тӯлоние намояндаи созмони Human Rights Watch дар Узбакистон буд, дар сӯҳбат бо бахши армании Радиои Озодӣ дар мавриди қазияи Арамаис Авакян чунин гуфт: “Узбакистон дар ҷумлаи кишварҳои аз ҳама бераҳмм ва ақибмондаи дунёст ва аз ин лиҳоз як кишвари хеле диктаторист, ки бо бархӯрди бераҳмона ва ғайриинсониаш маъруф аст. Зиндонҳои Узбакистон низ чунинанд.”

XS
SM
MD
LG