Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як "террорист" бо шиносномаи тоҷикӣ дар фурудгоҳи Минск


Як шаҳрванди 31-солаи Узбакистон, ки ба терроризм айбдор мешуд, дар фурудгоҳи шаҳри Минск бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст.

Як шаҳрванди Узбакистон, ки мехост бо шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳавйопаймои Минск- Истамбул савор шавад, рӯзи 29 декабр дар фурудгоҳи миллии “минск”-и пойтахти Беларус дастгир шудааст. Мақомоти Беларус мегӯянд, ин нафар ҳангоми сабти ном асноди шаҳрванди Тоҷикистонро нишон додааст, вале ҳангоми тафтиш маълум шуда, ки дар ин шиноснома аксашро иваз кардаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи марзбонии Беларус мегӯяд, тафтишоти баъдӣ маълум кард, ки ин нафар 31 сол дошта, дар асл шаҳрванди Узбакистон аст ва аз моҳи июни соли 2013 бо иттиҳоми ташкили гурӯҳи ҷиноӣ ва терроризм таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

Исми боздоштшуда ҳанӯз эълон нашудааст. Ин ҳам маълум нест, ки оё ӯ шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро кай, аз куҷо ва бо чӣ роҳе дастрас кардааст.

Расонаҳои Беларус аз қавли мақомоти ин кишвар хабар доданд, ки тафтиши ин қазия шурӯъ шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG