Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Шветсия рӯзи 7 июн як шаҳрванди Узбекистон Раҳмат Оқиловро ба ҳукми зиндони абад маҳкум кард. Ӯ дар қатли 5 нафар дар Стокҳолм дар соли гузашта айбдор шуд.

Додгоҳи ноҳиявии Стокҳолм дар ҳукми худ гуфт, ки “дар баробари чандин ҷиноятҳо, Оқилов дар терроризм аз роҳи қатли панҷ нафар гунаҳгор эълон мешавад. Ҷазо ҳукми зиндони абадро дар назар мегирад”.

Оқилов дар мурофиа эътироф кард, ки рӯзи 7 апрели соли 2017 савори мошини боркаш аз роҳи пиёдагард дар маркази пойтахти Шветсия ҳаракат карда, се шаҳрванди ин кишвар, аз ҷумла як тифли 11-сола, марди бритониёӣ ва як зани белгиягиро ба қатл расонад. Даҳ нафари дигар дар ин ҳодиса маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҷараёни мурофиае, ки се моҳ ва дар шароити сахти амниятӣ идома кард, беш аз 100 нафар, аз ҷумла шоҳидону осебдидаҳо ва наздикони онҳо баёнот доданд. Мурофиа моҳи феврал шурӯъ шуда, рӯзи 7 июн ба анҷом расид.

Оқилови 40-сола ва муҳоҷире, ки дархости паноҳандагиаш рад шудааст, танҳо гумонбар ва айбдоршаванда буд. Ӯ дар додгоҳ гуфт, ба он хотир бо мошин аз болои раҳгузарҳо ҳаракат кард, ки мехост Шветсияро водор кунад, то аз муборизаи зидди гурӯҳи “Давлати исломӣ” даст кашад.

Айбдоркунанда барои ин муттаҳами 39-сола, ки ба гуноҳаш эътироф кардааст, ҳабси абад талаб намуд.

То ба ҳол ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ҳамлаи Стокҳолмро ба ӯҳда нагирифтааст. Аммо як таҳқиқоти муштараки бахшҳои тоҷикиву узбакии Радиои Озодӣ ва шабакаи хабарии Шведсия – TT маълум кард, ки Оқилов қабл аз ҳамлаи Стокҳолм, ҳангоми он ва баъдан ҳам бо шуморе аз ҷангиёни тоҷики узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар тамос будааст.

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти Шведсия бо Душабе дар робита ба гумонбарони тоҷики узви "Давлати исломӣ", ки бо Оқилов иртибот доштанд, ҳеҷ тамосе нагирифтаанд.

Оқилов, як сохтмончӣ ва тоҷики Узбекистонӣ, ки дар соли 2016 талаби паноҳандагии ӯ аз сӯи мақомоти Шведсия радд шуд, чанд соат пас аз ҳамлаи Стокҳолм боздошт шуд. Ерриксон дар моҳи январ гуфта буд, ки зерҳимояи ӯ интизор надошт, ки аз ин ҳамла ҷони солим ба дар мебарад.

Додситон гуфт, ки гумонбар мехост “дар миёни ҷомеа ба таври густурда тарс эҷод кунад” ва “ҳукумати Шведсия ва порлумонро маҷбур кунад, то мушорикати Шведсия дар як маъмурияти омӯзишии байналмилалӣ дар Ироқ” ба ҳадафи зарба задан ба гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро мутаваққиф намояд.

Дар ҷараёни мурофиаи рӯзи 13-уми феврал навори видеои савганди вафодории Оқилов ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" намоиш дода шуд ва ҳамчунин шуморе аз гуфтугӯҳо дар WhatsApp, Telegram, Facebook ва Zello, ки аз телефони ҳамроҳи ӯ пайдо шуданд, муаррифӣ шуд.

Аз 209 нома, гуфт додситон Ҳанс Иҳрман, 16-тои он “аҷоиб” буданд, ба вижа онҳое, ки дар чатхонаи "Зелло" Оқилов бо афроде бо номҳои мустаъори Муовияи Регарӣ, Абу Оиша, Муҳаммад ва Абу Фотима сӯҳбат мекунад. Радиои Озодӣ маълум кард, ки ин номҳои мустаъор аз сӯи ҷангиёни тоҷики гурӯҳи “Давлати исломӣ” истифода мешаванд. Хабарнигори бахши узбакии Радиои Озодӣ Сироҷиддин Толибов мегӯяд, ки номҳои мустаъоре ҳастанд, ки онҳо танҳо аз сӯи афроди баландпояи гурӯҳи "Давлати исломӣ" истифода мешавад.

Ба гуфтаи муфаттиш, Оқилов дар яке тамосҳои худ дар моҳи январи соли 2017 навишта буд, “ман ҳоло кор мекунам ва пул ҷамъ менамоям ва иншоаллоҳ амалиёти истишҳодӣ (шаҳодатталабӣ) анҷом хоҳам дод”. Ӯ ҳамчунин ба яке аз мухотабони худ феҳристи ҷойҳоеро, ки бояд ҳадаф қарор диҳад, аз ҷумла калисо ва клубҳои шабонаро навишт. “Инҷо кофирон ниҳоят зиёд ҳастанд”,- навиштааст ӯ.

Ҳамла дар Нитсеи Фаронса.
Ҳамла дар Нитсеи Фаронса.

Солҳои ахир чанд ҳамла бо мошинҳои борбар дар Аврупо ва Амрико анҷом шуд. Маргбортарини онҳо моҳи июли соли 2016 дар Рӯзи миллии Фаронса дар шаҳри Нитса рух дод, ки бар асари он 86 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Шаҳрванди Узбекистон Сайфулло Соипов дар ҳамла бо мошини борбари иҷора ба анбӯҳи пиёдагардон ва дучархасаворон дар Ню-Йорк дар рӯзи 31-уми октябри соли гузашта, муттаҳам мешавад. Дар ин ҳодиса 8 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бинобар афзоиши чунин ҳамлаҳо, муфатташ Иҳрман гуфт, ки мурофиаи Раҳмат Оқилов дар сатҳи байналмилалӣ пайгирӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG