Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамла"-и навбатии Тошканд ба CASA-1000


Харитаи CASA-1000
Харитаи CASA-1000

Узбакистон хабарҳои нашршуда дар бораи оғози бунёди тарҳи CASA-1000-ро "хабарпароканӣ" номида, гуфт, то ҳол дар ин масъала тасмиме гирифта нашудааст.

Вазорати иқтисоди Узбакистон бо пахши як изҳорот дар торнамои расмии худ гуфтааст, хабари расонаҳои интернетӣ, ки бо такя ба намояндаи Бонки ҷаҳонӣ аз оғози сохтмони тарҳи «CASA-1000» дар соли равон хабар додаанд, асос надорад.

Вазорати иқтисоди Узбакистон гуфтааст, мақсади бархе аз расонаҳо аз нашри хабари оғози сохтмони тарҳи CASA-1000 дар таърихи якуми июли соли 2014 ба истинод ба намояндаи ваколатдори Бонки ҷаҳонӣ ҳадафи ба сӯи дигар бурдани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонист. Дар изҳороти вазорати иқтисоди Узбакистон омадааст: «Ҳадафи ин гуна "хабарпароканӣ"-ҳо ба сӯи дигар ҷалб кардани таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мавқеи асоснокшудаи Ҷумҳурии Узбакистон ҷиҳати хатарнок ва дар ҳаётӣ набудани тарҳи мазкур (СASA-1000) мебошад."

Ба таъкиди ҷониби Узбакистон, гуфтушунидҳо бо шарикони хориҷӣ сари ин масъала ҳоло идома доранд ва тасмиме то имрӯз дар бораи шурӯъи сохтмон ин тарҳ гирифта нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки мавзӯи бунёди тарҳи CASA-1000 дар моҳи феврал дар нишасте таҳти васояти Бонки ҷаҳонӣ дар Вошингтон бо ширкати мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон ва намояндагони Амрикову Бонки ҷаҳонӣ ва чанд ниҳоди молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуда буд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон, дар авоили моҳи март ба Озодӣ хабар дод, ки қарор аст, созишномаи ниҳоӣ дар мавриди тарҳи CASA-1000 то поёни моҳи март имзо шавад.

CASA-1000 як барномаи пуриддаои минтақавист, ки сохтани хатти баландшиддати интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон то Покистон аз тариқи Афғонистонро ба ҳадаф дорад. Бино ба ҳисобҳо, барои бунёди ин хатти барқ ва зербинои лозими он тақрибан 1 миллиард доллар лозим аст ва ҷонибҳои манфиатдор дар ҳоли ҳозир дар пайи таҳияи асноди фанниву иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи сармоягузорон мебошанд.

CASA-1000 аз ҷумлаи барномаҳоест, ки ҳадафи асосиаш таъмини субот ва таҳияи заминаҳои рушди иқтисодӣ дар Афғонистон буда, ҳамзамон имкони ба бозори барқи Осиёи ҷанубӣ расондани нирӯи барқи изофиеро, ки тобистон дар нирӯгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон тавлид мешавад, фароҳам меорад.Дар назар аст, баъд аз итмоми тарҳ, Афғонистон аз CASA-1000 худ 300 мегаватт нерӯи барқ мегирад ва бақияашро ба Покистон интиқол медиҳад.

CASA-1000 дар сол метавонад то 1300 мегаватт барқ интиқол диҳад. Покистон аз ин хатт метавонад ба шабакаи миллии барқаш дар мавсими гармо 1000 мегаватт барқ изофа кунад. Ин дар ҳолест, ки гуфта мешавад, миллионҳо нафар нафар дар Покистон то ба ҳол ҳатто хатти барқ надоранд.

Дар Тоҷикистон дар ҳар фасли сармо лимити шадиди нирӯи барқ ҷорӣ мешавад. Ва барномаи CASA-1000 нигарониеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, ки мақомот баъди сохтани ин хатти барқ нирӯи барқро бо нархи гаронтар ба Афғонистону Покистон мефурӯшанд ва дар натиҷа мардум дар худи Тоҷикистон аз ин неъмат боз ҳам маҳрумтар хоҳад шуд.

Аммо мақомоти тоҷик мегӯянд, CASA-1000 бештар бо дарназардошти бунёди нирӯгоҳҳои азиме, чун Роғун, сохта мешавад ва ҳадаф аз он аз ҳоло пайдо кардани харидори оянда барои барқи Роғуну нирӯгоҳҳои дигаре аст, ки бояд сохта шаванд. Аз тарафи дигар, ахиран Усмоналӣ Усмонов, вазири энергетика ва захоири об гуфта буд, Тоҷикистон аз фурӯши барқи зиёдатиаш дар фасли тобистон ба кишварҳои ҳамсоя тариқи хати CASA-1000 умеди зиёд дорад. Чунки Тоҷикистон танҳо дар соли 2013 аз обанборҳояш оби зиёдеро, ки барои тавлиди то 4 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ кофӣ буд, беҳуда сар додааст ва танҳо аз ҳисоби набуди бозори фурӯши барқ дар тобистон ҳар сол тақрибан 120 миллион доллар зарар мебинад.

Аммо Узбакистон шадидан мухолифи тарҳҳои бузурги энергетикии кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Қирғизистон - буда, дар ин роҳ аз лоббиҳои худ дар ниҳодҳои байналмилалӣ фаровон истифода мекунад. Бонки осиёии рушд дар соли гузашта аз ширкат дар CASA-1000 худдорӣ кард ва бархе дар ин робита ангушт ба сӯи Тошканд мекарданд, ки дар чунин тасмим гирифтани ин ниҳоди молӣ даст дорад. Ба бовари Тошканд, бунёди нирӯгоҳҳои бузург дар Қирғизистону Тоҷикистон боиси беоб мондани заминҳои кишт дар кишварҳои поёноб шуда, паёмадҳои номатлуби экологӣ ҳам дорад.

Муовини вазири иқтисоди Узбакистон Галина Саидова ахиран дар номае ба Бонки ҷаҳонӣ ба паёмадҳои манфии экологии тарҳи CASA-1000 таъкид карда, гуфтааст, CASA-1000 мувозинати энержиро дар минтақа вайрон мекунад ва Бонки ҷаҳонӣ бояд аз сармоягузории ин тарҳ даст кашад.

Аммо Лора Так, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар поёни моҳи феврал дар номаи ҷавобӣ ба мақомоти Узбакистон аз тарҳи CASA-1000 ҳимоят кард. Лора Так дар посух ба дархости ҷониби Узбакистон гуфтааст, ки ташхиси ҳамаҷонибаи тарҳи CASA-1000 ҳанӯз дар соли 2011 ба поён расид ва натиҷааш ҳам ин буд, ки барномаи мазкур ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ надорад: "Ташхиси мазкур давраи 20-сола (аз 2016 то 2035)-ро дар бар мегирад ва дар ин муддат ҳарду ҳам Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон дар ҳасли тобистон нерӯи кофӣ ва изофии барқи обӣ хоҳанд дошт, то бидуни афзудани тавоноиҳои нави тавлиди барқи обӣ ба Осиёи Ҷанубӣ содир кунанд."

Барқ ба Покистон аз тариқи ... Читрол

Дар ҳоле ки Тошканд ба тарҳи CASA-1000 мухолифат нишон медиҳад, бино ба гузориши матбуоти Покистон, Тоҷикистон ба ин кишвар бар изофаи CASA-1000 сохтани як хатти дигари баландшиддат барои интиқоли барқро пешниҳод крадааст. Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Исломобод ба нашрияи маҳаллии The Express Tribune гуфтааст, ин хатт тавассути Читрол кашида шуда, метавонад солона ба Покистон то 10000 мегавват барқи изофӣ бидиҳад. Ба гуфтаи Ҷононов, хатти "Роғун - Хоруғ - Вахон - Читрол", ки баҳсаш ҳанӯз аз авоили солҳои 90 идома дорад, "тавассути як минтақаи хурди марзии Афғонистон то ба Читрол, ки аз ин роҳ то марзи Тоҷикистон ҳамагӣ 15 километр фосила дорад, кашида хоҳад шуд."

Бино ба ҳисобҳо, тӯли ин хат 650 километр буда, қодир ба интиқоли беш аз 4 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ ба Афғонистону Покистон аст. Барои сохтаани хатти "Роғун - Хоруғ - Вахон - Читрол" 240 миллион доллар сармоя лозим будааст.

Давлати Покистон ба хотири таъмини эҳтиёҷоти афзояндааш ба нирӯи барқ ҳанӯз соли 1992 бо раисиҷумҳури вақти Тоҷикистон Раҳмон Набиев созишнома баста, барои сохтани нирӯгоҳи Роғун 500 миллион доллар ваъдаи сармоя дода буд. Аммо баъди оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ин созишнома дар рӯи коғаз монд. Бархе дар Тоҷикистон бар ин назаранд, ки яке аз сабабҳои оташ додани ҷанги Тоҷикистон ҳамин қарордоди сохатни Роғун бо пули Покистон буд, ки ба Маскаву Тошканд хуш наомад.
XS
SM
MD
LG