Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад Солеҳ: Ҳаёти “Усмон Ҳақназаров” дар хатар аст


Бобомурод Абдуллоев

Муҳаммад Солеҳ – раҳбари Ҷунбиши мардумии Узбакистон – гуфт, ҳаёти хабарнигор Бобомурод Абдуллоев, ки тайи як ҳафта боз дар СИЗО-и Хадамоти амнияти миллӣ дар Тошканд нигаҳдорӣ мешавад, таҳти хатар аст. Ӯ рӯзи 3-юми октябр дар Истанбул гуфт, Бобомурод Абдуллоев ҳамон хабарнигорест, ки аз соли 2003 ба ин тараф бо тахаллуси “сиёсатшинос Усмон Ҳақназаров” бисёре аз сирри ҳукумати Ислом Каримов, президенти пешини Узбакистон ва идораи амниятро расонаӣ кардааст.

Ин хабарнигори озодихоҳ барои танқид ва ифшои асрори Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон ва Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллӣ муҷозот мешавад.

“Мо аз он наметарсем, ки ӯро ҳабс мекунанд. Аз он дар ҳаросем, ки ӯро хоҳанд кушт”, - гуфт Муҳаммад Солеҳ ва афзуд, "Усмон Ҳақназаров аз камтарин хабарнигоронест, ки тӯли чордаҳ сол барои мардум алайҳи зулму камбудҳои ҳукумат мубориза кардааст. Аввал дар муқобили Ислом Каримов, баъдан алайҳи пайравони ӯ. Ин хабарнигори озодихоҳ барои танқид ва ифшои асрори Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон ва Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллӣ муҷозот мешавад."

Раиси Ҷунбиши мардумии Узбакистон гуфт, ки матолиби Бобомурод Абдуллоевро солҳо боз дар вебсайти худ нашр мекарданд: “Ин журналисти хоксори соҳаи варзиш ҳамон сиёсатшинос Усмон Ҳақназаров аст. Дар тӯли 14 соли ахир ӯ таҳти ҳамин ном матлаб менавишт ва мо онро дар вебсайти худ ҷой медодем.”

Муҳаммд Солеҳ дар нишасти хабарӣ дар Истанбулю 3-юми октябри 2017
Муҳаммд Солеҳ дар нишасти хабарӣ дар Истанбулю 3-юми октябри 2017

Мақолаҳои Усмон Ҳақназаров бештар дар бораи ҳаводиси дохили ҳукумат ва идораи амнияти Узбакистон буд. Ин матлабҳо хашми мақомотро бармеангехт, вале аз тарафи ҷомеа хуб қабул мешуд. Бисёре аз матлабҳои ӯ ин тасаввурро низ ба одамон медод, ки гӯё чанд нафар аз дохили идораи амнияту ҳукумати Узбакистон бо номи Усмон Ҳақназаров матлаб менависанд.

Бобомурод Абдуллоев рӯзи 27-уми сентябри имсол нопадид шуд ва баъди ду рӯз кормандони пулис манзилашро кофтукоб карданд. Пулис хабар дод, ки Абдуллоеви 44-сола бо гумони дуздӣ боздошт шудааст.

Сурат Икромов, раҳбари созмони "Гуруҳи ҳомиёни ҳуқуқи мустақили Узбакистон", гуфт, ки рӯзи 1-уми октябри имсол мурофиаи Бобомурод Абдуллоев паси дарҳои баста сурат гирифт ва ӯро дар талоши сарнагунии сохти конститутсионӣ муттаҳам кардаанд. “Ӯ барои эҷоди тавтеа бо ҳадафи ғасби ҳукумат ва сарнагунии сохти конститутсионӣ дар Узбакистон муттаҳам аст, ки аз 10 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо бо чӣ далел алайҳи Бобомурод Абдуллоев ин иттиҳомро эълон кардаанд, норӯшан аст”, - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як гуруҳ аз ҳомиёни ҳуқуқи Фаронса аз мақомоти Узбакистон хостанд, ки рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоевро аз боздошт раҳо кунанд. Дар изҳороти Эътилофи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ гуфта шудааст, ки “мо аз ҳукумати Узбеакистон даъват мекунем, рӯзноманигори мустақил Бобомурод Абдуллоевро фавран раҳо карда, ҳуқуқи ӯро ба озодии баён таъмин ва дастрасии ӯро ба ҳимояи ҳуқуқҳояш муҳаё созад”.

Бобомурод Абдуллоев, рӯзноманигори 44-солаи соҳаи варзиши Узбакистон аст, ки лоиҳаи "Овози озодӣ"-ро таъсис додааст. Ӯ, ҳамчунин, дар лоиҳаи Институти инъикоси ҷанг ва сулҳи Бритониё ба ҳайси хабарнигор фаъолият кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG