Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар амри ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои марзӣ ба Тоҷикистон ваъдаи кӯмак кард


Муовини фармондеҳи Горди Миллӣ дар сӯҳбат бо Озодӣ музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону ИМА-ро натиҷагирӣ кард

Раҷабалӣ Маҳмадалиев, муовини фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон ҳадафи гуфтугӯи ҳайатҳои амниятии Тоҷикистон ва ИМА -ро ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ пас аз хуруҷи неруҳои Эътилофи Байналмилалӣ аз Афғонистон унвон кард.

Ҷаноби Маҳмадалиев, ки раҳбарии ҳайати Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо мақомҳои амниятии ИМА дар шаҳри Душанберо бар дӯш дошт, рӯзи ҷумъаи 1-уми март дар сӯҳбат бо РО гуфт, ки «албатта ин як нишасти корӣ буд ва бо ташаббуси амрикоиҳо сурат гирифт, ки вазъи амниятӣ дар минтақа, ба хусус Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои эҳтимолӣ пас аз хуруҷи неруҳои НАТО дар соли 2014 -ро мавриди баррасӣ қарор дод. Мақомҳои амрикоӣ роҷеъ ба вазъи амниятии Афғонистон гузориш доданд ва ҷониби Тоҷикистон низ пурсишҳоеро дар ин робита матраҳ карданд. Интизор меравад, ҷониби ИМА дар чорчӯби ин гуфтугӯҳо стратегия ё барномаи сиёсати амниятӣ дар минтақаро таҳия кунад.»

Ба таъкиди муовини фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон, ҷонибҳо дар канори дастовардҳои неруҳои Эътилоф барои ба эътидол овардани суботу оромӣ дар Афғонистон муддати даҳ соли ахир, аз фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгаро, назири Толибон, ҲИУ, Ҷамоати «Ансоруллоҳ» ва таҳдидҳои эҳтимолӣ тавассути ин гурӯҳҳо ба амнияти кишварҳои минтақа, изҳори нигаронӣ карданд.

Зеро дар ин гуфтугӯҳо ҳам мақомҳои амниятии ИМА ва ҳам Тоҷикистон зикр кардаанд, ки ҳанӯз ҳам вазъ дар бархе аз манотиқи Афғонистон ноором боқӣ монда ва гурӯҳҳои террорист ва ифротгаро фаъол мебошанд. Аз ҷумла ба ҳузури неруҳои ҲИУ, ҷамоати «Ансоруллоҳ», дар манотиқи шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, ишора шудааст.

Аз сӯи дигар Раҷабалӣ Маҳмадалиев, низ ба боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани иддае аз аъзои ҲИУ ва ҷамоати «Ансоруллоҳ» дар қаламрави Тоҷикистон таъкид кардааст. Ба ин далел, ҳамкории густарда дар амри мубориза бо убури ғайриқонунии марз, гурӯҳҳои созмонёфтаи муташаккили ҷиноӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дар маҷмӯъ хатарҳои эҳтимолӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз пешниҳодоти мақомҳои тоҷик дар гуфтугӯ бо ҳамтоёни амрикоиашон будааст.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба гуфтаи Раҷабалӣ Маҳмадалиев, муовини фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон, ҳайати ИМА ҳамаи пешниҳодотро ба назар гирифта ва ваъда додаанд, ки дар сурати сар задани таҳдид аз сӯи гурӯҳҳои террорист аз Афғонистон, онҳо дар канори сохторҳои қудратии Тоҷикистон хоҳанд буд ва кӯмаки худро дареғ нахоханд дошт.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин, муовини фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон гуфтугӯи мақомҳои амниятии ИМА ва Тоҷикистонро, ки қарор аст дар ояндаи наздик идома пайдо кунанд, дар ҷиҳати табодули иттилоот ва таҷруба барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна хатарот дар минтақа, ба хусус таъмини амният дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он муассир медонад.

Аммо он гуна, ки Раҷабалӣ Маҳмадалиев гуфт, дар ин нишаст мавзӯи интиқоли неру ва таҷҳизоти низомии хориҷӣ аз қаламрави Афғонистон тариқи кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистон матраҳ нашудааст. Ҳарчанд ба таъкиди вай, хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон марҳила ба марҳила сурат мегирад ва на ҳама неруҳои хориҷӣ дар зудтарин фурсат аз ин кишвар берун хоҳанд шуд.

Муовини фармондеҳи Горди Миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд теъдоде аз неруҳои хориҷӣ ба манзури тақвияти фаъолияти пулис ва дигар сохторҳои қудратӣ то чанд соли дигар дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.

Ҳамакнун наздик ба 100 ҳазор сарбози хориҷӣ дар Афғонистон мустақар мебошанд ва қарор аст то поёни соли 2014, ин кишварро тарк намоянд. Хуруҷи ин нерӯҳо аз Афғонистон, дар маҳофили коршиносӣ ин нигарониро ба вуҷуд овардааст, ки ин кишвари ҷангзада дигарбора ба гирдоби нооромиҳо мепечад ва таъсири он ба ҳамсоякишварҳои он низ хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG