Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "Кафолатбонк"- Тоҷикистонро таҳрим кард


Амрико як бонки Тоҷикистонро ба далели нақзи таҳримҳо алайҳи Эрон ва ҳамкорӣ бо ин кишвар, таҳрим кардааст.

Вазорати молияи Амрико аз таҳримҳои нав алайҳи афрод, ширкатҳо ва бонкҳои эронӣ ба иттиҳоми нақзи таҳримҳо алайҳи Ҷумҳурии исломӣ хабар додааст, ки дар миёни онҳо "Кафолатбонк"-и Тоҷикистон низ шомил карда шудааст. Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ки "Кафолатбонк" шӯъбае аз бонки "Сармоя" аст, ки пештар дар соли 2012 аз сӯи Амрико мавриди таҳрим қарор гирифта буд.

Бар асоси баёнияи вазорати молияи Амрико, таҳримҳои нав 25 шахс ва ширкатҳо, аз ҷумла ширкатҳои киштиронӣ, ҳавопаймоӣ ва бонкҳои эрониро ҳадаф қарор додаанд. Вазорати молияи Амрико мегӯяд, ин ашхос ва ширкатҳо барои нақши онҳо дар барномаи мушакӣ ва ҳастаӣ, дур кардани таҳримҳо ва ҳамчунин ҳимоят аз терроризм мавриди таҳрим қарор гирифтаанд.

Бар асоси баёнияи вазорати молияи Амрико, бонкҳои Осиё", "Бонки Қаввомин", Бонки "Ховари Миёна", "Қарз-ул- ҳасанаи Рисолат", Бонки байналмилалии Кеш мавриди таҳрим қарор гирифтаанд. Ширкатҳои ҳавопаймоии "Caspian air", "Меъроҷэйр" ва "Ёсэйр" дар феҳристи ширкатҳои таҳримшудаи Амрико қарор гирифтаанд.

Пас аз ба сари қудрат омадани Ҳасан рӯҳонӣ дар соли гузашта, Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба ба созишҳои муваққат ва шашмоҳа даст ёфтанд, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ҳоли иҷро даромад. Тибқи ин тавофуқ Эрон бархе аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худро мутаваққиф карда ва дар муқобил бархе аз таҳирмҳо алайҳи Эрон коҳиш ёфт. Бо поён ёфтани мӯҳлати шашмоҳаи ин тавофуқ, Эрон ва Амрико, Фаронса, Бритониё, Чин, Русия ва Олмон бо тамдиди он барои чаҳор моҳи дигар тавофуқ карданд, то аз ин тариқ дар ин муддат ба созиши ниҳоӣ барои ҳаллу фасли муноқишаи ҳастии Эрон даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG