Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти таҳримҳои Амрико ва паёмадҳои он ба Эрон


Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, кишвараш рӯзи душанбеи 6-уми август ҷузъиёти вобаста ба оғози бахше аз таҳримҳо алайҳи Эрон, аз ҷумла маҳдудиятҳои пулиро, эълом мекунад.

Эронро чӣ интизор аст?

Мақомҳои ҳукумати Амрико мегӯянд, аз субҳи сешанбеи 7-уми август ҳукумати Эрон дигар қодир ба хариди доллари Амрико нахоҳад буд ва таҳримҳо шомили бахши саноат ва қисмате аз тавлидоти Эрон, хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳури Амрико дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ кишварашро аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун кард ва таҳдид намуд, ки алайҳи Теҳрон таҳримҳо ҷорӣ мекунад.

Бар пояи ончи вазорати молияи Амрико қаблан эълом карда буд, қисмати нахусти таҳримҳо алайҳи Эрон, ки пеш аз тавофуқи атомӣ низ иҷро шуд, шомили бахшҳои мухталиф, аз ҷумла маҳдудияти дастрасии давлатии Эрон ба доллар, тиҷорати тилло, харид ва дастрасӣ ба шуморе аз фулузот, монанди алюминиюм ва пӯлод мешавад.

Ҳамзамон шуморе аз иҷозатномаҳои содиршуда аз сӯи ҳукумати Амрико пас аз дастёбӣ ба созиши ҳастаӣ, аз ҷумла иҷозатномаи воридоти молу колои эронӣ монанди қолин ва маводи хӯрокворӣ ба Амрико ва ҳамчунин хариди ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, аҳамияти худро аз даст медиҳанд. Раиси ҷумҳури Амрико дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ кишварашро аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун кард ва таҳдид намуд, ки алайҳи Теҳрон таҳримҳо ҷорӣ мекунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи якшанбеи 5-уми август бори дигар ба хостаҳои кишвараш аз Эрон таъкид кард ва гуфт, бозгашти таҳримҳо барои муқобила бо "фаъолиятҳои вайронкоронаи Эрон аст". Амрико Эронро муттаҳам ба дахолат дар умури дохилии кишварҳо, "фаъолиятҳои бесуботкунанда" дар минтақа, нақзи "рӯҳи созишномаи ҳастаӣ", кардааст.

Талотуми иқтисодӣ ва тазоҳуроти сиёсӣ дар Эрон

Оқои Помпео дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор дошт, мардуми Эрон аз нотавонии раҳбарони худ барои амал ба ваъдаҳои иқтисодӣ, ки қавл дода буданд, нороҳат ҳастанд.

Иқтисоди Эрон дар моҳҳои гузашта бо интихоби Трамп дар мақоми раёсати ҷумҳури ва эъломи тасмими ниҳоӣ барои хуруҷ аз созишномаи ҳастаӣ, бо талотум ва танишҳои шадиде рӯбарӯ шудааст. Риёл арзиши худро дар баробари доллар ба таври қобили мулоҳиза аз даст дода, қимати сикка ва молу колоҳои дигар афзоиш ёфта ва мавҷе аз эътирозҳо дар шаҳрҳои мухталифи Эрон шакл гирифтааст.

Баҳонаи эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳои шаҳрвандон ҳарчанд иқтисодӣ аст, аммо дар онҳо шиорҳои тунди сиёсӣ, аз ҷумла алайҳи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ, ниҳодҳои зери назари ӯ ва мақмоҳои баландояи ҳукумат, алайҳи ҳузури Эрон дар дигар кишварҳои минтақа ва ё дар ситоиш аз подшоҳони паҳлавӣ, матраҳ шудааст.

Тайи рӯзҳои гузашта раиси ҷумҳури Амрико гуфтаааст, ки ҳозир аст бидуни пешшарт бо раиси ҷумҳури Эрон гуфтугӯ кунад. Доналд Трамп рӯзи гузашта таъкид карда буд, вазъи иқтисодии Эрон ба таври сареъ рӯ ба бад шудан аст ва дар ниҳоят ин мақомҳои баландпояи Ҷумҳурии исломӣ ҳастанд, ки тасмими бигиранд ҳозир ба гуфтугӯ ҳастанд ё на.

Шуморе аз мақомҳои баландояи сиёсӣ ва низомии Эрон ба музокираи эҳтимолӣ бо Амрико вокуниш нишон додаанд. Аммо ҳанӯз раҳбар ва раиси ҷумҳури Эрон дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

12 шарти Амрико ва 7 шарти Хоманаӣ

Амрико қаблан 12 шартро барои музокира ва даст ёфтан ба тавофуқи нав бо Теҳрон пешниҳод карда буд. Қатъи ғанисозии ураниюм, озодии шаҳрвандони амрикоии зиндонӣ дар Эрон, қатъи барномаи рушди мушакҳои дурпарвоз, қатъи ҳимоят аз гурӯҳҳое чун "Ҳамос", Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, мудохила накардан дар умури Ироқ, Сурия ва Яман, ҳимоят накардан аз Толибон, поён додан ба таҳдиди Исроил, Арабистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумлаи 12 хостаи Амрико аз Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон

Дар пай, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аз сиёсатҳои нави Амрико дар баробари кишвараш ва хуруҷ аз созиши ҳастаӣ интиқод кард ва ҳамзамон ҳафт шарт дар пеши аврупоиҳо гузошт, ки дар сурати амалӣ шудани онҳо, Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ боқӣ мемонад.

Судури қатънома алайҳи Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, матраҳ нашудани барномаи мушакӣ ва сиёсати минтақаии Эрон дар гуфтугӯҳо, замонати бонкҳои аврупоӣ ба тиҷорат бо Эрон, замонати фурӯши комили нафти Эрон, ҷуброни аҳдшиканиҳои гузашта ва муқобила бо таҳримҳои Амрико, шаш шарти Оятуллоҳ Хоманаӣ барои мондани Эрон дар созиши ҳастаӣ аст.

Вай дар бораи шарти ҳафтуми худ низ гуфт, "агар аврупоиҳо дар посух гуфтан ба талабҳои мо таъхир карданд, Эрон аз ҳаққи худ медонад, ки фаъолиятҳои ҳастаии худро дигарбора оғоз кунад."

XS
SM
MD
LG