Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп: "Ба ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия посухи қотеъ хоҳем дод". ВИДЕО


Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба ҳамлаи кимиёвии ахир дар Сурия гуфт, ҳукумати Башор Асад "қимати гароне" пардохт хоҳад кард ва ҳама гузинаҳо, аз ҷумла иқдоми низомӣ дар ҳоли баррасӣ аст ва ба зудӣ ва шояд дар 24 то 48 соати оянда "тасмимоти муҳиме" дар мавриди Сурия эълом мешавад. Доналд Трамп рӯзи душанбеи 9-уми апрел гуфт, "Амрико ба ин амали ваҳшиёна, ки алайҳи афроди бегуноҳ сурат гирифтааст, посухе қотеъ хоҳад дод."

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор аст барои баррасии ҳамлаи кимиёвӣ ба Ғутаи шарқӣ нишасти изтирорӣ баргузор кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико қабл аз баргузории нишасти ҳукумати он кишвар гуфт, "ин як масъалаест, ки ба инсоният рабт дорад. Наметавон иҷоза дод чунин чизҳое рух диҳад". Вай таъкид кард, ки ҳар ҳоли ҳозир бо фармондеҳони низомӣ машваратҳо идома дорад ва ба зудӣ маълум хоҳад шуд, ки чӣ касе масъули ин ҳамла будааст. "Хоҳ Русия бошад, ё Сурия, ё Эрон ё дастаи ҳамаи онҳо олуда буда бошад, хоҳем фаҳмид."

Оқои Трамп гуфт, ки дар вокуниш ба ин ҳамла, тамоми гузинаҳо рӯи миз аст. Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе ҳам дар вокуниш ба ҳамлаҳои кимиёӣ, ки гуфта мешавад артиши Сурия дар Ғутаи шарқӣ анҷом додааст, аз Эрон ва Русия интиқод кард ва дар "Твиттер"-и худ раиси ҷумҳури Сурияро ба хотири ин ҷиноят, "Асади ҳайвон", хитоб намуд. Ба гуфтаи созмонҳои имдодрасон, дар ҳамлаи кимиёвӣ ба Ғутаи шарқӣ даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакон кушта шуданд.

Ҳалокати даҳҳо нафар дар ҳамлаи эҳтимолии кимиёвӣ дар Сурия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

Ҷим Мэттис, вазири дифои Амрико ҳам рӯзи душанбе дар посух ба пурсише дар мавриди ин, ки оё дар вокуниш ба ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия, Вашингтон даст ба иқдоми низомӣ мезанад ё на, гуфт, "Амрико ҳеҷ иқдомеро сарфи назар намекунад ва ҳамаи гузинаҳо дар ҳоли ҳозир баррасӣ мешавад."

Оқои Мэттис гуфт, "аввал бояд баррасӣ кунем, ки чаро усулан Сурия ҳанӯз ба силоҳи кимиёвӣ дастрасӣ дорад. Зеро Русия замонат дода буд, ки дар як муҳлати муайян ҳама силоҳҳои кимиёвии Сурия аз байн биравад". Русия замонатдиҳандаи як қарордоде буд, ки дар даврони ҳукумати Барак Обама, президенти пешини Амрико бо ҳукумати Сурия дар мавриди нобудии силоҳҳои кимиёвӣ имзо шуда буд.

Вазири дифои Амрико пеш аз мулоқот бо амири Қатар гуфт, "мо бо ҳамаи муттаҳидонамон аз НАТО гирифта то Қатар, ин масъаларо баррасӣ мекунем". Вай дар посух ба ин пурсиш, ки оё Амрико бори дигар даст ба иқдоми низомӣ дар Сурия хоҳад зад ё на, гуфт, "дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гузинае сарфи назар нашудааст."

Амрико пеш аз ин дар посух ба ҳамлаи кимиёвӣ дар Хон Шайхуни Сурия дар моҳи апрели соли 2017, ба як пойгоҳи ҳавоӣ дар хоки он кишвар ҳамлаи мушакӣ кард. Дар ҳамлаи кимиёвӣ дар Хон Шайхун наздик ба 100 нафар кушта шуда буданд. Амрико пас аз он 59 мушак ба тарафи пойгоҳи ҳавоии Шаъийрот дар вилояти Ҳумси Сурия партоб кард.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор аст барои баррасии ҳамлаи кимиёвӣ ба Ғутаи шарқӣ нишасти изтирорӣ баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG