Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъоварии имзо барои таҳрими вакилони Думаи давлатӣ


Ҳазорон тан аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумати ИМА хостаанд, ки зидди вакилони Русия, ки фарзандхонии кӯдакони рус ба амрикоиёнро манъ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намояд.

Беш аз 27 ҳазор нафар тавассути интернет дар як аризаи дастаҷамъӣ имзо гузошта, аз ҳукумати ИМА дархост намудаанд, бар зидди вакилони мардумии Русия, ки фарзандхонии кӯдакони рус аз тарафи шаҳрвандони ИМА-ро манъ кардаанд, таҳрим ҷорӣ намояд.

Муаллифони ариза аз Қасри Сафед хостаанд, номи ин вакилони мардумии Русияро ба рӯйхати сиёсатмадороне, ки бар пояи Қонуни Магнитский таҳрим шудаанд, ҳамроҳ намоянд.

Қасри Сафед гуфтааст, ки агар дар давоми 30 рӯз беш аз 25 ҳазор нафар ин аризаро имзо кунанд, ҳукумати ИМА иқдом хоҳад кард. Дар ҳар сурат президенти ИМА маҷбур нест, ки ҳатман даст ба амал занад.

Аризаи дастаҷамъӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Русия чарх мезанад ва эҳтимол онро асосан шаҳрвандони Русия имзо кунанд. Як фаъоли интернет бо номи Михаил Шнейдер дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст:

“Имзои ариза дар ҳоле, ки онро дар тӯли 30 рӯз беш аз 25 ҳазор дастгирӣ карда бошанд, маънои онро дорад, ки президенти кишвар бояд даст ба амал занад. Мо дар як рӯз беш аз 25 ҳазор имзо ҷамъ кардем. То 20–уми январ 40320 дақиқа вақт мондааст. Ҳозир мо 30-35 имзо дар як дақиқа ҷамъоварӣ мекунем. То бистуми январ шумораи имзоҳо аз як миллион ҳам бештар мешавад.”

Вячеслави Никонов, муовини раиси Кумитаи равобити хориҷии Думаи давлатии Русия ва узви фаъоли ҳизби ҳокими Русияи воҳид ба хабаргузории Интерфакс иброз доштааст, ки агар ягон нафар аз вакилони мардумии Русия мавриди таҳрим қарор бигиранд, Маскав посухи шадид хоҳанд дод.

Мухолифини ҳукумати Русия ва мардуми зиёде аз қонуни манъи фарзандхонии кӯдакони Русия аз тарафи шаҳрвандони Амрико, ки ҳафтаи гузашта дар Думаи давлатӣ тасдиқ шуд, нороҳат мебошанд. Мухолифин дар рӯ ба рӯи Думаи давлатӣ ҷамъ шуда, таъкид карданд, ки вакилони мардумӣ сиёсатҳои худро аз ниёзмандиҳои сағираҳои Русия боло гузоштаанд. Баъзе шахсиятҳои шинохта пешниҳод кардаанд, ки акнун вакилони мардумии Русия худашон ин ятимонро фарзанд бихонанд.

Палатаи болоии парламенти Русия - Маҷлиси федералӣ дар таърихи 26-уми декабр қонунро ба овоз мегузорад. Президенти Русия Владимир Путин аз иқдоми вакилони мардумии Русия дар муқобили шаҳрвандони ИМА пуштибонӣ кард, вале ӯ афзуд, ки бояд лаҳни онро аз назар гузаронд.
XS
SM
MD
LG