Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумаки ИМА ба Маркази онкологии Тоҷикистон (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба Маркази онкологӣ ё саратоншиносии Тоҷикистон ба маблағи 16 миллион доллар доруворӣ кӯмак кард.

Маросими ироаи ин кӯмак рӯзи ҷумъаи 8-уми ноябр дар Маркази онкологии Тоҷикистон бо ҳузури Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Душанбе, мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ва пизишкони ин марказ сурат гирифт.

Сюзан Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе зимни суханронӣ дар ин маросим, гуфт, кӯмаки мазкур, ки шомили доруворӣ ва дигар маводи пизишкӣ аст, ба фаъолияти муассири Маркази онкологии Тоҷикистон ва беҳбуди вазъи саломатии беморону гирифторон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки кӯмаки мазкур тавассути Департаменти давлатии ИМА ба Тоҷикистон расонида шудааст.

Масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон аз кӯмаки навбатии ИМА истиқбол карданд ва ибрози умедворӣ намуданд, ки дар оянда низ ҳамкориҳои ин вазорат бо ҷониби ИМА дар соҳаи беҳдошт густаришу тақвият хоҳад ёфт.

Дар гузашта низ Сафорати ИМА, аз тариқи иҷрои барномаҳои мухталиф ба соҳаи беҳдошти Тоҷикистон кӯмакҳоеро дар шакли доруворӣ ва маводи зарурӣ ироа кардааст.

Тибқи омори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, солона то 13 миллион нафар гирифтори навъҳои мухталифи саратон мешаванд ва аз ин шумор то 7,6 миллион нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.

Пажӯҳишгарон аз афзоиши бемории саратон дар кишварҳои дар ҳоли рушд нигарон буда, таъкид мекунанд, ки агар саратон дар марҳилаҳои ибтидоӣ кашф шавад, муолиҷаи он имконпазир аст.

Ба қавли Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, имрӯз беш аз нисфи кишварҳои олам як барномаи воқеии назорату муолиҷаи саратонро надоранд, ки боиси азияти мардуми гирифтори саратон ва монеа дар рушди ин кишварҳо мешавад.

Дар Тоҷикистон тақрибан 12 ҳазор нафар бемори гирифтори саратон ба сар мебаранд, ки аз миёни ин теъдод ҳадди аксар 50 ва ё 100 нафарашон дар хориҷ аз ҷумҳурӣ табобат мегиранд.

Тоҷикистон чаҳор сол пеш барномаи фарогирии табобати саратонро таҳия кард, ки бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ қадам ба қадам татбиқ мешавад.

Кӯмаки ИМА ба маркази саратоншиносӣ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
XS
SM
MD
LG