Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 20-уми август қавл дод, ки агар маълум шавад, ки ягон кишвар барои ҳамла ба сарбозони Амрико дар Афғонистон пул додаанд, сазои корашонро мебинанд.
Матбуоти Амрико охири моҳи июн гузориш дод, ки Хадамоти иттилоотии Иёлоти Муттаҳида моҳе пештар ба ин натиҷа расидаанд, ки маъмурони ҷосусии Русия ба Толибон пул додаанд, то сарбозони амрикоиро бикушанд.
Рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” иддао кард, ки раиси ҷумҳур Доналд Трампро аз ин қазия огаҳ кардаанд, вале ӯ ҳеҷ чорае наандешидааст. Доналд Трамп ҳангоми суҳбат бо хабарнигорон дар Кохи Сафед гуфт, агар маълум шавад, ки гузоришҳо ҳақиқат ҳастанд, дар он сурат “мо ба онҳо чунон зарбае мезанем, ки ҳайрон мешавед.”
Бино ба гузориши телевизиони CNN-и Амрико, таҳқиқоти созмонҳои иттилоотии Амрико нишон додааст, ки Эрон барои ҳадаф қарор додани сарбозони амрикоӣ ва дигар сарбозони ғарбӣ дар Афғонистон ба ҷангҷӯёни Толиб ва шабакаи Ҳаққонӣ пул пардохт кардааст.
Камаш 6 ҳамлаи Толибон, аз ҷумла ҳамлаи маргталабона ба пойгоҳи Багром дар охири соли 2019 дар ин таҳқиқот зикр шудааст. Гарчӣ дар гузориши ниҳодҳои иттилоотии Амрико мушаххасан номи Эронро набурдаанд, вале ду мақоми огоҳ аз ин гузоришҳо ба СNN гуфтаанд, ки манзур аз як кишвари “мушаххас” Эрон аст.
Бино ба гузориши шабакаи мазкур, чандин ниҳоди иттилоотӣ ва амниятии Амрико баъд аз таҳқиқоти муфассал ва баррасии ҳамаи гузинаҳо барои хотима додан ба ҳимояти Эрон аз гуруҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон дар моҳи март ба ин натиҷа расиданд, ки барои ҳифзи музокироти сулҳ бо Толибон ҳеҷ тадбири мушахассеро дар он замон амалӣ накунанд.
Ифшои ин гузоришҳо, ки Эрон эҳтимолан барои куштани сарбозони амрикоӣ ба Толибон пул додааст, чанд моҳ баъд аз нашри гузоришҳоест дар ҳамин замина, ки Русия ҳам барои куштани амрикоиҳо дар Афғонистон ба Толибон пул додааст.
Маскаву Теҳрон гуфтаанд, ки ин гузоришҳо беасосанд, аммо муддатҳост, ки ниҳодҳои иттилоотии Амрико мегӯянд, ки робитаи Эрон бо шабакаи Ҳаққониро зери назар доранд.
Гуфта мешавад, гарчӣ шабакаи Ҳаққонӣ бидуни гирифтани пул аз Эрон ҳам гоҳ-гоҳе Багромро ҳадаф мегирифт, вале дарёфти пул аз Ҷумҳурии Исломӣ навъе аз подоши молӣ барои анҷоми ҳамла талаққӣ мешавад.
Шабакаи Си Эн Эн вокуниши дипломатӣ ва ё низомӣ накардани Амрикоро аз майли сахти Кохи Сафед ба муваффақ шудани музокироти сулҳ бо Толибон медонад. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мехоҳад, қисме зиёде аз сарбозони кишварашро аз Афғонистон берун кашад.
Иртиботи қатли Сулаймонӣ бо ҳамкорӣ бо Толибон?
Дар бахши дигаре аз гузориши Си Эн Эн ба моҷарои қатли Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи собиқи Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ишора шудааст. Қосими Сулаймонӣ як моҳ баъд аз ҳамла ба пойгоҳи низомии Багром дар наздикии Кобул бо дастури Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Ироқ кушта шуд.
Си Эн Эн ба нақл аз як мақоми феълӣ ва мақоми аршади собиқ дар ҳукумати Амрико навиштааст, дар гузоришҳое, ки барои ҳадаф қарор додани Қосими Сулаймонӣ таҳия шуда буд, ба робитаи Эрон ва Толибон ҳам ишора шудааст. Таҳқиқот дар бораи робитаи Эрону шабакаи Ҳаққонӣ то се моҳ баъд аз қатли Қосими Сулаймонӣ идома дошт, вале барои ҳифзи музокироти сулҳ бо Толибон ин гузоришро ҳеҷ вақт ошкор накардаанд.
Пеш аз ин ҳам гузоришҳое дар бораи робитаи Эрон бо Толибон ва кумаки Теҳрон ба ин гуруҳ барои ҳамла ба манофеи Амрико дар Афғонистон нашр шудааст. Теъдоде аз мақомоти ин кишвар ҳам Эронро ба ҳамкорӣ бо Толибон муттаҳам карда буданд. Теҳрон то кунун ҳамаи ин гузоришҳоро рад карда ва гуфтааст, ки тарафдори сулҳу амният дар Афғонистон ва хуруҷи ҳамаи неруҳои хориҷӣ аз он кишвар аст.