Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати ИМА хостори таҳқиқи мӯшикофонаи ҳамла ба М.Ҳайит шуд


Сафорати Амрико дар Душанбе аз мақомоти тоҷик даъват намуд, ки ҳодисаи ҳамла ба Муҳаммадалӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломиро мӯшикофона таҳқиқ намоянд.

Дафтари матбуоти Сафорати Амрико дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел бо пахши як баёния, ҳамла ба муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайитро маҳкум кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд, ки ин ҳодисаро тафтиши дақиқ намуд ва омилони онро ба панҷаи қонун бисупоранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҷмаъи парлумонии САҲА аз ҳамла ба муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳаммадалии Ҳаит изҳори нигаронии амиқ карда, хостори ба масъулият кашондани омилони ин ҳамла шудааст. Раиси ин ниҳод Волфганг Гроссрук гуфт, «ин амали хушунатомез хеле ташвишовар аст.»

Ба ақидаи ӯ, дар майдони демократия набояд ба хушунат роҳ диҳанд.Гроссрук ҳамчунин хостори анҷоми таҳқиқи ин қазия аз сӯи «мақомоти босалоҳият, холис ва мустақил» шуд.

Муҳаммадалии Ҳайит шоми 19 апрел дар назди манзилаш дар Душанбе ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ҳизби наҳзат барои маълумоте, ки омилони ин ҳамларо ошкор кунад, 10 000 доллар ҷоиза таъйин кардааст.
XS
SM
MD
LG