Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико: Мухолифати сиёсӣ аз терроризм ҷудост


Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Инга Миллард. 6 апрели 2016
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Инга Миллард. 6 апрели 2016

Элизабет Инга Миллард, сафири нави Амрико дар Душанбе, аз муборизаи Тоҷикистон бо ифротгароӣ ҳимоят кард ва аммо гуфт, ки миёни терроризм аз мухолифатҳои сиёсӣ фарқ гузошта шавад.

Элизабет Инга Миллард, сафири нави Амрико дар Душанбе, аз талошҳои Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм ҳимоят кард ва аммо гуфт, ки “бояд терроризм аз мухолифатҳои сиёсӣ ҷудо бошад”. Ин матлабро Миллард рӯзи 6 апрел дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён кард ва гуфт, “зеро ин ду мафҳуми алоҳида ҳастанд”.

“Тоҷикистон бо ифротгароӣ ва терроризм мубориза мебарад ва, албатта, ин мубориза осон нест. Аммо, фикр мекунам, бояд дар мубориза алайҳи терроризм самтҳои мубориза рӯшан бошад ва миёни ифротгароҳо ва мухолифони сиёсӣ фарқ гузошта шавад,” – афзуд ӯ.

Сафири Амрико: Мухолифати сиёсӣ аз терроризм ҷудост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:37 0:00

Сафири нави Амрико гуфт, ки рушди иқтисод, ислоҳоти демократӣ ва ҳуқуқи башар аз барномаҳои муҳими кораш ба ҳайси сафири Амрико дар Тоҷикистон аст. Ӯ афзуд, Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон “дар талоши роҳандозии сиёсати афзалиятноки ҳамкорӣ аст”.

Дар идома Элизабет Инга Миллард дар посух ба суоли “оё кумаки 50-миллиондолларии Амрико ба Осиёи Марказӣ, ки бахше аз он ба Тоҷикистон низ ихтисос дода мешавад, наметавонад барои саркӯби мухолифон истифода шавад?” гуфт, кишвараш дар ироаи маблағҳо шаффофият ва масъалаи риояи ҳуқуқи башарро риоя мекунад.

Сафири тозатаъини Амрико дар сӯҳбати нахустинаш бо хабарнигорон дар Душанбе ба қазияи вакили боздоштшуда Бузургмеҳр Ёров ва раъйпурсии моҳи майи соли ҷорӣ низ дахл кард. Ӯ гуфт, Амрико аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба вакили боздоштушда Бузургмеҳр Ёров ҳимоят мекунад. Бузургмеҳр Ёров, вакили саршиноси тоҷик, ки аз боздоштшудаҳои ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ дифоъ мекард, аз чанд моҳ ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад. Мақомот ӯро ба чандин иттиҳом, аз ҷумла "терроризм" муттаҳам мекунанд.

Сафири Амрико дар робита ба райъпурсии Қонуни асосии Тоҷикистон гуфт, аз ин масъала огоҳанд ва афзуд, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ аз мо дархост кард, то ин раъйпурсӣ ба таври демократӣ сурат бигирад."

Маҷлиси Намояндагон Тоҷикистон 22 майи соли ҷориро рӯзи баргузории раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ эълон кардааст. Дар рӯзи раъйпурсӣ ва ё реферундуми умумимиллӣ ба интихобкунандагон ба суоли "Оё Шумо тағйиру иловаҳоро ба Қонуни асосӣ қабул мекунед?" муроҷиат хоҳад шуд.​

Ин дипломати собиқадори амрикоӣ дар оғози соли ҷорӣ ба ҳайси сафири нави Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон таъин ва рӯзи 11 март эътимодномаашро ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супурд. Элизабет Инга Миллард дар мақоми сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиоттро иваз кард.

Миллард аз соли 2013 то замони сафири Амрико дар Душанбе шуданаш ба ҳайси муовини котиби иҷроияи Вазорати корҳои хориҷии Амрико кор кардааст. Ӯ дар гузашта, тайи солҳои 2011-2013, муовини раҳбари намояндагии сафорати Амрико дар Остона, пойтахти Қазоқистон, буд.

Сафири нави Амрико дар Тоҷикистон қаблан дар сафоратҳову консулгариҳои Амрико дар Марокаш, Непал ва Ҳиндустон ҳам кор кардааст. Аммо таҷрибаи дипломатии ӯ аз кор дар Ҷумҳурии Чех ва Дания оғоз мегирад. Элизабет Миллард унвони баклаврро аз Мактаби иқтисодии Лондон ва унвони магистрро аз Мактаби пажӯҳишҳои байналмилалии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико ба даст овардааст.

XS
SM
MD
LG