Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико комилан мухолифи "дуҳокимиятӣ" дар Афғонистон аст


Майк Помпео бо Ашраф Ғанӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ҳомид Карзай. Кобул, моҳи июни соли 2019

Майк Помпео, котиби давлатии Амрико, гуфт, ки Вашингтон тарафдори "Афғонистони ягона ва мустақил" аст ва ба "ҳама иқдом ба хотири эҷоди як ҳукумати мувозӣ (баробар, ҳампаҳлу, параллел)" мухолифат мекунад.

Изҳороти Помпео рӯзи 9-уми март ва чанд соат баъди он садо дод, ки раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва рақиби асосии интихоботии ӯ, раиси собиқи ҳукумати иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ, дар маросими ҷудогона дар Кобул савганди президентӣ ёд карданд.

Помпео дар изҳороте, ки матнаш дар вебсайти Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико ҳам нашр шуд, гуфт: "Мо ҳама иқдомро барои эҷоди як ҳукумати мувозӣ ва ҳам истифодаи зӯр барои ҳалли ихтилофҳои сиёсӣ ба шиддат маҳкум мекунем".

Ӯ, инчунин, амали террористии рӯзи 9-уми мартро дар Кобул маҳкум кард. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ” ё ДОИШ ба ӯҳда гирифт. Оҷонсии хабарии “Хома” дар Афғонистон гуфт, дар лаҳзаҳои савгандёдкунии президент Ашраф Ғанӣ дар назди қасри раёсатҷумҳурӣ чаҳор мушак партоб шуд.

Ба иттилои дипломатҳо, дар як таҳаввулоти ҷудогона Вашингтон ба ташкили овоздиҳӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид даъват кардааст, то бо пуштибонӣ аз созиши Амрико бо Толибон роҳ ба сӯйи сулҳ дар Афғонистон баъди ду даҳа ҷанг боз шавад. Эҳтимол овоздиҳӣ рӯзи 10-уми март баргузор шавад.

Маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ
Маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ

Созиши сулҳи Амрико ва Толибон рӯзи 29-уми феврал имзо шуд ва рӯзи 9-уми март мақомоти амрикоӣ ба оҷонсии AFP гуфтанд, садҳо сарбоз ба тарки Афғонистон шуруъ карданд. Ин ба он маъност, ки бар асоси созиши сулҳ бо Толибон, шумори низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон аз 13 ҳазор нафар то ба 8600 нафар кам карда мешавад.

Дар дарозмуддат, қарор аст, дар давоми 14 моҳ Амрико тамоми нирӯҳояшро аз Афғонистон берун кунад, ба шарте ки шароити амниятӣ дар кишвар беҳбуд ёбад.

Дар ҳамин ҳол, рақиби асосии Ашраф Ғанӣ – раиси пешини ҳукумати иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 9-уми март як маросими савгандёдкунии худро дар Кобул барпо кард ва таъкид кард, ки дар интихоботи моҳи сентябри соли 2019 маҳз ӯ баранда шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини ҳукумати иҷроияи Афғонистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини ҳукумати иҷроияи Афғонистон

Дар ҳарду маросими савгандёдкунӣ, ки дар қасрҳои паҳлу ба паҳлуи ҳам ҷойгиранд, садҳо меҳмон иштирок карданд. Ин маросим баъди он баргузор шуданд, ки талошҳо барои поён додан ба ихтилофҳои тафриқаҳои сиёсии миёни ду номзад ба президентӣ бенатиҷа анҷомид.

Фиристодаи Амрико барои сулҳи Афғонистон Залмай Халилзод ва генерали амрикоӣ Скотт Миллер, фармондеҳи нирӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба маросими Ашраф Ғанӣ рафтанд. Дар соатҳое, ки маросим ҷараён дошт, дар пасманзари маҷлисгоҳ садои таркиш садо дод.

Ғанӣ дасташро бардошта хитоб ба меҳмонон, ки дар миёни онҳо дипломатҳои хориҷӣ низ буданд, гуфт, "мо ҳамлаҳои аз ин бузургтарро дидаем. Аз ду таркиш натарсед".

Каме дертар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" паём дод, масъулияти ин ҳамларо, ки ҳадафаш маросими савгандёдкунӣ буд, ба дӯш мегирад. Ҳеч хабар дар бораи осебдидаҳо нашр нашудааст.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" бо пахши изҳороте дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, 10 мушакро ба наздикиҳои қасри президентӣ дар Кобул партоб карда, "сарбозони хилофат маросими савгандёдкунии раҳбари ситамгар Ашраф Ғаниро ҳадаф қарор додааст".

Чанд соат пеш аз ташкили маросими дигари савгандёдкунӣ, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар "Твиттер" навишт: "Ҳеҷ кас набояд садоқати моро ба демократияи воқеӣ нодида нагирад". Ӯ афзуд, "бекор кардани ҳама овозҳои тақаллубӣ роҳи бурунрафт аст".

Решаи баҳсу ихтилофҳои ду номзад ҳам маҳз натиҷаҳои расмии интихоботи пуррақобати президентии 28-уми сентябри соли 2019 мебошад.

Кумисюни мустақили интихоботҳои Афғонистон рӯзи 19-уми феврали имсол эълон кард, ки дар интихобот бо беш аз 50 дарсади овозҳо Ғанӣ пирӯз шуда, Абдуллоҳ 39 дарсади раъйҳоро ба даст овардааст.

Вале Абдуллоҳ бо ин натиҷаҳо розӣ нест ва мегӯяд, интихобот олуда бо тақаллуб гузашт. Вай худро барандаи интихобот эълон кард ва гуфт, ҳукумати худро ташкил мекунад.

Ихтилофи ду номзад боис ба бӯҳрони сиёсӣ шуд ва дар пасманзари созиши таърихии сулҳи Амрико ва Толибон дубора эҳтимоли эҷоди хатари ноамниву хушунатро бештар кард.

Ихтилофи миёни ду рақиб боис ба нигаронии муттафиқони Афғонистон ва ҳам мардуми ин кишвар шудааст, ки дар пешорӯи сулҳ бо Толибон аз ояндаи номуайяни ин кишвар нигарон ҳастанд. Вашингтон дар гузашта ҳам ҳарду ҷонибро даъват кардааст, ки маросими савгандёдкуниро ба таъхир гузоранд.

Таҳлилгари сиёсӣ Ато Нурӣ ба оҷонсии "Франс Пресс" гуфт, баҳси ду рақиб "ба мавқеи ҳукумат дар пешорӯи музокираҳои миёни худи афғонҳо таъсири амиқ мегузорад". Нурӣ гуфт, “ваҳдат танҳо роҳи пирӯзӣ дар музокирот аст”.

Толибон гуфтанд, эҳтимол музокираҳои таъиншуда ба 10-уми март бекор мешавад, чунки ду раҳбар маросими мувозӣ (баробар, параллел) барпо карданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар пайи интихоботи президентии соли 2014 онро пур аз тақаллуб номида, танҳо бар асоси як созише бо ташаббуси Амрико розӣ шуд раҳбари ҳукумати иҷроияи Афғонистон шавад, интихоботи соли 2019-ро ҳам бо тақаллуб олуда хонд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG