Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Зарифро таҳрим кард, Эрон ин амалро "кӯдакона" номид


Вазорати молияи Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 31-уми июл, Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эронро дар феҳристи таҳримҳо қарор дод. Муҳаммадҷавод Зариф дар вокуниш гуфтааст, ки ин таҳримҳо ҳеҷ асаре бар ӯву хонаводааш нахоҳад гузошт.

Дар баёнияи вазорати молияи Амрико омадааст, "Муҳаммадҷавод Зариф бар асоси фармони иҷроии 13876 мавриди таҳрим қарор мегирад, чун Зариф ба намояндагӣ ё аз тарафи раҳбари Ҷумҳурии исломӣ амал мекунад ё ба таври мустақим ё ғайримустақим барои раҳбар кор мекунад".

Эрон тасмими Вашингтонро дар бораи таҳрими Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, бахше аз маъракаи фишори густарда зидди Теҳрон ва иқдоми "кӯдакона" номид.

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, рӯзи 11-уми август дар шаҳри Табрез гуфт, Вашингтон аз дипломати баландпояи Эрон “тарсидааст”.

"Онҳо (амрикоиҳо) рафтори кӯдакона доранд... Ҳар рӯз иддао мекунанд, ки мехоҳем бе ҳеч пешшарт суҳбат кунем... ва сипас вазири умури хориҷиро таҳрим мекунанд”, -- афзуд ӯ.

Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл вазири умури хориҷии Эронро дар феҳрасти таҳримҳо қарор дод. Дар баёнияи Вазорати молияи Амрико гуфта шудааст, “Муҳаммадҷавод Зариф ба намояндагӣ ё аз тарафи раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ амал мекунад ё ба таври мустақим ё ғайримустақим барои раҳбар кор мекунад".

Тибқи ин баёния, Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико ҳам гуфтааст, "Муҳаммадҷавод Зариф дастури кор ва сиёсатҳои бепарвоёнаи раҳбари Ҷумҳурии исломии Эронро иҷро мекунад ва сухангӯи аслии ҳукумат дар саросари ҷаҳон аст. Амрико паёмҳои рӯшане барои ҳукумати Эрон дар робита ба ин, ки рафторҳои ин ҳукумат комилан ғайри қобили қабул аст, мефиристад".

Вазири молияи Амрико дар идома гуфтааст, "ҳамзамон бо қатъи дастрасии шаҳрвандони эронӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи ҳукумати Эрон, Муҳаммадҷавод Зариф аз тариқи ин расонаҳо таблиғот ва маълумоти ғалати ҳукуматро дар саросари ҷаҳон пахш мекунад".

Ҷорӣ шудани таҳримҳо дар нисбати Муҳаммадҷавод Зариф дар ҳолест, ки ҳудуди як моҳ қабл президенти Амрико Доналд Трамп раҳбари Ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаиро низ дар феҳристи таҳримҳо ворид карда буд.

Вокуниши Зариф

Вазири умури хориҷии Эрон билофосила пас аз қарор гирифтан дар феҳристи таҳримҳои Амрико дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навишт, чун "таҳдиде барои дастури кори Амрико буд, таҳрим шудааст". Муҳаммадҷавод Зариф навиштааст, "далеле, ки бар асоси он Амрико маро таҳрим кард ин аст, ки ман "сухангӯи аслии Эрон дар сар то сари ҷаҳон ҳастам", Оё ҳақиқат ин қадар дарднок аст?"

Вай дар идома гуфтааст, ки ин таҳримҳо "ҳеҷ асаре бар вай ва хонаводааш нахоҳад гузошт", зеро, ки ба гуфтаи оқои Зариф, "ӯ ҳеҷ дороие дар берун аз Эрон надорад". Вазири умури хориҷии Эрон дар поён навиштааст, "мамнун, ки маро таҳдиде бузург барои дастури коратон донистед".

Вокуниши Помпео

Вазири умури хориҷии Амрико ҳам ба таҳрими вазири умури хориҷии Эрон вокуниш нишон дода ва Муҳаммадҷавод Зарифро ба ҳамдастӣ бо "мафия"-и Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ муттаҳам кардааст.

Майк Помпео дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ахиран Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико раҳбари Эронро, ки бо пули мардуми Эрон худашро сарватманд кардааст, таҳрим намуд. Имрӯз, Амрико Муҳаммадҷавод Зариф, раиси мудофеони раҳбарро низ таҳрим кард. Ӯ монанди дигар аъзои мафияи Хоманаӣ, ҳамдасти рафторҳои ғайриқонунии ҳукумат аст".

Аббос Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон ҳам ба таҳрими Муҳаммадҷавод Зариф аз сӯи Амрико вокуниш нишон дода ва гуфтааст, "авҷи таноқуз ва ҳамоқати Амрико онҷост, ки борҳо доктор Зарифро дар сиёсати Эрон коромад намедонад, аммо бо нобихрадии маҳз даст ба таҳрими ӯ мезананд! Амрикоиҳо аз мантиқи доктор Зариф ва ҳунари музокиротии ӯ ба шиддат воҳима доранд".

Дар авохири моҳи июн Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико эълон карда буд, ки Муҳаммадҷавод Зариф дар феҳристи таҳримҳои иқтисодии Амрико қарор хоҳад гирифт. Бо ин вуҷуд, вазири умури хориҷии Эрон ду ҳафта пеш барои нишасти СММ вориди Ню-Йорк шуд. Манобеи хабарӣ иттилоъ дода буданд, ки бар асоси дастури Майк Помпео ба Муҳаммадҷавод Зариф виза дода шуда буд.

XS
SM
MD
LG