Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ метавонад президентро "дар ҷояш шинонад"


Елена Кейген, ҳуқуқдон ва декани собиқи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳарвард аст.
Елена Кейген, ҳуқуқдон ва декани собиқи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳарвард аст.

Раиси Додгоҳи Олии Амрико мегӯяд, додрасҳо набояд, ба хостаҳои ҳукуматдорон гӯш диҳанд, баръакс онҳоро "дар ҷояшон шинонанд".

Додгоҳи Олии Амрико дар ихтиёри худ на артиш дорад, на пулис ва ҳаққи мудирияти ҳамёни давлат, танҳо аз 9 додрас дорад вале бо ҳамин қудраташ бештар аз 200 сол аст, ки нозири аслии иҷрои Қонуни Асосии Иёлоти Муттаҳида боқӣ мемонад. Тайи ин муддат додрасҳои Додгоҳи Олӣ, тавонистаанд, раисони ҷумҳури ин кишвар сар аз Томас Ҷефферсон то Барак Обамаро "дар ҷояшон шинонанд". Яъне ҳар қонуну ё амалкарди онҳоро, ки фаротар аз салоҳиятҳои конститутсионии онҳо рафтааст, беэътибор эълон кардаанд.

Чӣ гуна ба Додгоҳи Олии Амрико муяссар шудааст, ки чунин ниҳоди мустақил шавад ва ин истиқлолияташро то кунун нигаҳ дорад? Ва оё кишварҳое, ки ҳоло барои барқарории ҳокимияти қонун ва додрасҳои мустақил дасту по мезананд, метавонанд аз таҷрибаи Амрико баҳра баранд? Брайан Витмор, хабарнигори Радиои Озодӣ бо Елена Кейген, раиси Додгоҳи Олии Амрико, дар ин бора сӯҳбат дошт. Елена Кейген, ҳуқуқдон ва декани собиқи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Ҳарвард аст.

Радиои Озодӣ: Бисёре аз кишварҳое, ки Радиои Озодӣ барои онҳо барнома пахш мекунад, саъй доранд, низоми додгоҳии мустақил бисозанд. Албатта, ҳукуматҳояшон чунин мегӯянд, вале дар воқеъ, талош намеварзанд. Чӣ гуна ба Амрико муяссар шуд, ки чунин низоми додгоҳии мустақил дошта бошад, оё нақши бунёдгузоронаш буд, ё толеъи Амрико баландӣ кард?

Елена Кейген: "Толеи мо баландӣ кард, вале айни замон мо афроде доштем, ки бо хирадмандиву маҳорати худ моро то ба инҷо расониданд. Вале мо олӣ нестем ва монеаҳо дар роҳи таъсиси додгоҳҳои мустақил ҳамеша вуҷуд дорад ва ҳамеша кори зиёде бояд кард, ки ҳокимияти қонун ва низоми додгоҳии мустақил барқарор шавад. Дар Иёлоти Муттаҳида ҳатто қабл аз инқилоб, азми бисёр қавӣ барои истиқрори низоми додгоҳии мустақил ва ҳокимияти қонун вуҷуд дошт. Ин бахше аз меросе буд, ки Иёлоти Муттаҳида аз Англия мерос гирифт. Дар замони инқилоб ҳам масоили сохтории зиёде буд, ки ба таъсиси низоми додгоҳии мустақил мусоидат кард. Шохаҳои қудрат тақсим шуда буд, ки иҷоза дод, додгоҳҳо аз шохаҳои қонунгузор ва иҷроия ҷудо монад."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:03 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Мушкилоти низоми додгоҳии аксари кишварҳое, ки Радиои Озодӣ барнома пахш мекунанд, яксон аст. Барои намуна, дар Русия як масъала ҳаст, ки онро “додгоҳи телефонӣ” меноманд. Яъне дар қазияҳои муҳим, як намояндаи ҳукумати иҷроия ба додгоҳ занг мезанад ва мегӯяд, ки бояд ҳукм чӣ гуна бошад. Оё дар Амрико чунин буд ва метавон дар чунин ҳолат додгоҳҳои мустақил сохт?

Елена Кейген: "Агар мо ин масъаларо медоштем, онро сӯистифода аз қудрат ва нақзи меъёрҳои низом медонистанд. Ин комилан мухолифи низомест, ки бар асоси ҳокимияти қонун таъсис шуда ва ҳаққи ҳукм карданро ба додрасу додгоҳ додааст. Истиқлолияти низоми додгоҳӣ ҳамчунин аз рӯи қудрат ва майли ӯ баҳо дода мешавад, ки то чӣ ҳад метавонад, сохторҳои дигарро ба чолиш бикашад ва бигӯяд, ки онҳо аз салоҳиятҳои худ фаротар рафтаанд, онҳоро ба ҷавобгарӣ бикашад ва дар баробари талаботи онҳо ақибнишинӣ накунад."

Радиои Озодӣ: Дар бисёре аз кишварҳо, низоми додгоҳӣ ва шохаи қонунгузорӣ дар асл як ҷузви ҳукумати иҷроия аст, ки ҳамаи қарорҳоро қабул мекунад. Дар чунин шароит, ки ҳама қудрат дар дасти шохаи иҷроия аст, чӣ гуна метавон, низоми додгоҳии мустақил сохт?

Елена Кейген: "Ин яке аз муаммоҳои бузургтарини низоми додгоҳии мустақил аст ва бахусус ба фарҳанги тамоми низом вобаста аст. Яке аз раисони ҷумҳури аввали мо (Эндрю Ҷексон) додгоҳҳоро чандон дӯст намедошт. Ӯ дар бораи яке аз ҳукмҳои пуровоза гуфта буд: "Хуб, додгоҳ ҳукм кард, пас бигзор худаш ҳукмашро иҷро кунад”. Яъне ӯ ҳатто барои иҷрои ҳукми додгоҳ, ангушташро ҳам боло кардан намехост ва дар воқеъ мехост, тамоми корро кунад, ки ҳукми додгоҳ иҷро нашавад ва амалӣ гардад. Ва дар ниҳоят, додгоҳ на қудрати артишро дорад, на қудрати мудирияти буҷаро. Аз ин рӯ суол ҳамеша вуҷуд дорад, ки чӣ гуна ҳукми додгоҳ иҷро мешавад. Ҳукм онгаҳ иҷро мешавад ва маънӣ мегирад, ки ҳамаи мардум онро эҳтиром кунанд ва бифаҳманд, ки танҳо дар сурати амалӣ шудани ҳукм низом кор мекунад."

Радиои Озодӣ: Як масъалаи дигар “таъқиби интихобӣ” аст. Масалан ҳукумат баъзе аз афроди нохушоянд барои худро таъқиб мекунанд ва теъдоде дигар худсарӣ мекунанд ва ҷазо ҳам намегиранд. Дар ин гуна низом, як додраси боинсоф чӣ гуна кор карда метавонад?

Елена Кейген: "Низоми хуби дорои волоияти қонун ба додрасҳои боинсоф вобаста аст ва ҳам додситонҳои боинсоф, афроде, ки чунин бозиҳои сиёсиро намекунанд. Ҳамчунин бояд меъёрҳои қонуние дошт, ки ба ҳадде аз чунин корҳо ҷилавгирӣ шавад. Меъёрҳои қонунии возеҳ, ки натавонанд, онҳоро ба нафъи худ истифода кунанд, намегузоранд, таъқиби интихобӣ сурат бигирад. Агар меъёрҳои қонунӣ мавҳум ва барои дасткорӣ осон бошанд, муҳокимаҳои интихобӣ ҳамон қадар бештар иттифоқ меафтанд."

Радиои Озодӣ: Дар ниҳоят, дар бисёре аз кишварҳое, ки Радиои Озодӣ барнома пахш мекунад, фасодкорӣ ба як расм табдил шудааст. Чӣ гуна низоми додгоҳӣ метавонад, бо ин беморӣ мубориза барад?

Елена Кейган: «Вақте ки тамоми ҷомеа пур аз фасод аст, барои додрасҳо боинсофу пок мондан, сахт мешавад. Мутмаин нестам, вале як кишвареро медонам, ки тамоми ҳукумат фосид аст, аммо на низоми додгоҳӣ. Низоми додгоҳӣ ба танҳоӣ ин мушкилро ҳал карда наметавонад, бояд даст ба даст гирифта, мушкилро ҳал кунанд."
XS
SM
MD
LG