Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида тасдиқ мекунад, ки як генерали нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар пойгоҳи ҳарбие дар ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон замоне кушта шудааст, ки марди низомипӯши афғон ба ҷонибаш оташ кушодааст. Ин баландпоятарин афсари артиши Амрикост, ки аз оғози ишғоли Афғонистон дар соли 2001 ба ин сӯ кушта шудааст. Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирбӣ гуфт, ҳамлавар як сарбози афғон буд, ки дар тирандозии ҷавобӣ кушта шудааст.
Номи генерал расонаӣ нашудааст. Ҳамла замоне ба вуқӯъ пайваст, ки афсарони НАТО аз мактаби ҳарбие дар пойгоҳи Қарға дидан мекарданд. Дар он наздик ба 15 сарбоз захмӣ шудаанд. Намояндаи артиши Олмон мегӯяд, як генерали олмонӣ низ дар миёни захмиён аст. Дар изҳороти ин манбаъ гуфта мешавад, ҷароҳати генерали олмонӣ ба ҳаёти ӯ таҳдиди намекунад.
Кирбӣ гуфт, дар байни захмиён амрикоиҳо низ ҳастанд. Мақомоти Кобул пештар хабар доданд, ки дар ин ҳамла як афсари нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон низ захмӣ шудааст. Ҳамла як моҳ пеш аз оғози хуруҷи нерӯҳои ҷангии байнулмилалӣ аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли 2014 ба охир расад, рӯй дод.
Раиси ҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай ин ҳамларо маҳкум кард ва онро "амали душманоне номид, ки намехоҳанд, Афғонистон соҳиби ниҳодҳои қавӣ гардад."
Дар паёме ба хабарнигорон, сухангӯи ҷунбиши Толибон Забеҳулло Муҷоҳид аз сарбози афғоне, ки ин ҳамларо анҷом додааст, ситоиш кард. Вай ҳамчунин аз ҳамлаи як афсари полис дар вилояти Пактиё низ ҳимоят намуд. Аммо Муҷоҳид нагуфт, ки Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро бар дӯш мегиранд.
Ҳамла дар пойгоҳи Қарға дар ҳоле ба амал меояд, ки "ҳамлаҳои дохилиҳо" -- вақте нерӯҳои амниятии Афғонистон силоҳи худро ба тарафи шарикони худ аз НАТО мегардонанд -- соли гузашта ба маротиб камтар шуда буд. Шумораи бештарини чунин ҳамлаҳо дар соли 2012 ба вуқӯъ пайваст, ки сабаби душвор шудани тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон гашт.