Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз Толибон хост, ки пешниҳоди сулҳи Ғаниро "ҷиддӣ" бигиранд


Амрико аз гурӯҳи Толибон даъват кард, ки тарҳи сулҳи раиси ҷумҳур Ашраф Ғаниро, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни нишасти мавсум ба "Kabul Process" пешниҳод кард, "ҷиддӣ" бигиранд.

Элис Уелс, ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна рӯзи 5-уми март дар Вашингтон ба хабарнигорон гуфт, ки Ашраф Ғанӣ хостори "таслим" шудани Толибон нест, он тавр, ки сухангӯи ин гурӯҳ иддао кардааст. “Ман шунидам, ки вай як раванди боиззатонаро пешниҳод кард”, вай гуфт. "Ин пешниҳоди таслим шудан нест, балки як раванди боиззатонаи даст ёфтан ба сулҳ дар чаҳорчӯбаи сиёсӣ аст.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди коҳиши нерӯҳои НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон дар нишасти байналмилалии "Kabul Process", ки ҳафтаи гузашта дар Кобул баргузор шуд, ба Толибон пешниҳод, ки ба ҳайси як ҳизби сиёсӣ фаъолият кунанд ва гуфт, ки агар онҳо ба ҳукумат вориди музокироти сулҳ шаванд, таҳримҳои ҷоришуда алайҳи онҳо лағв хоҳад шуд.

Аммо Толибон аз замоне, ки Ашраф Ғанӣ пешниҳодоти худро ироа кард, ҳамвора гуфтугӯи мустақим бо ҳукумати Афғонистонро радд карда ва мегӯянд, ки танҳо бо Амрико, ки онро “нерӯи ишғолгари хориҷӣ” меноманд, гуфтугӯ хоҳанд кард. Онҳо исрор доранд, ки нерӯҳои НАТО қабл аз оғози музокирот бояд аз Афғонистон берун шаванд. Аммо Амрико талаби Толибон дар мавриди берун кашидани нерӯҳо аз Афғонистонро радд намуда ва мегӯяд, ки музокирот бояд миёни Толибон ва ҳукумати Кобул сурат бигирад.

Элис Уелс, ёвари вазир умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна.
Элис Уелс, ёвари вазир умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна.

​Ёвари вазири умури хориҷии Амрико дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна гуфт, пешниҳоди Ашраф Ғанӣ далели он аст, ки ҳукумати Афғонистон Толибонро “бо диққат мешунавад”, ҳамон гуна, ки ба дархости гурӯҳои дигари ҷангӣ, аз ҷумла Ҳизби исломии Афғонистон бо раҳбарии Гулбиддин Ҳикматёр, посухи мусбат дода буд.

Хонум Уелс гуфт, ки ин пешниҳоди Ашраф Ғанӣ барои Толибон то андозае ғайримунтазира буд ва гуфт “ин як пешниҳоди шуҷоона” буд. “Мо қотеъона Толибонро ташвиқ мекунем, то ин пешниҳодро ҷиддӣ бигиранд”,-афзуд вай.

Хонум Уелс гуфт, ки Амрико аз конфронси сулҳи Афғонистон, ки қарор аст моҳи март дар Тошканд - пойтахти Узбекистон баргузор шавад, ҳимоят мекунад. Вай афзуд, ки Амрико дар ҳамоиши Тошканд ширкат хоҳад кард. Дар робита ба баргузории нишасти Тошканд моҳи декабр руасои ҷумҳури Афғонистон ва Узбекистон Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев тавофуқ карда буданд.

Ҳамоиши сулҳи Кобул.
Ҳамоиши сулҳи Кобул.

"Мо фикр мекунем, ки Осиёи Миёна ва ба вижа Узбекистон зери раҳбарии Шавкат Мирзиёев метавонанд нақши муҳиме дар пайванд кардани Афғонистон бо минтақа иҷро намоянд. Пайвандҳои тиҷоратӣ ва мардумии минтақа барои субот дар Афғонистон ниҳоят зарурӣ аст. Бале, мо аз ин ибтикор ҳимоят мекунем”,-афзуд хонум Уелс.

Ҳукумати Ашраф Ғанӣ, ки аз тарафи Ғарб пуштибонӣ меёбад, баъди хуруҷи НАТО дар соли 2014, дар ҳоли муқовимат бо Толибон ва ҷангҷӯёни дигар қарор дорад. Моҳҳои ахир теъдоди зиёди ғайринизомиён дар Кобул ва минтақаҳои дигари Афғонистон дар пайи ҳамлаҳои Толибон кушта шуданд. Ҳукумати Афғонистон ва Толибон бори охир соли 2015 бо ҳам вориди гуфтушунид шуданд, аммо музокирот баробари оғоз ёфтан ноком шуд.

XS
SM
MD
LG