Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: "ИМА ва Русия фурӯшандагони аслии силоҳ дар ҷаҳон мебошанд"


Бар пояи як пажӯҳиш, Амрико ва Русия бузургтарин фурӯшандаҳои таҷҳизоти низомӣ дар панҷ соли гузашта будаанд. Бинобар гузориши Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм, дар панҷ соли гузашта 34 дарсади фоида аз фурӯши таҷҳизоти низомӣ ба Амрико рост меояд. Русия низ фурӯшандаи 20 дарсад таҷҳизоти низомӣ дар ин марҳила будааст.

Дар ин гузориш, ки рӯзи 11-уми март мунташир шуд, гуфта мешавад, ки Амрико дар байни солҳои 2008 ва 2012 фурӯшандаи 30 дарсади ҷангафзорҳо буд ва дар панҷ соли ахир чор дарсади бештар силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ фурӯхтааст.

Ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм, таҳҷизоти ҷангии амрикоӣ ба 97 кишвари ҷаҳон содир шудаанд. Бахши аслии ин содирот ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва борбар мебошад.

Ауде Флеурант, мудири пажӯҳишҳоии марбут ва харид ва фурӯши ҷангафзорҳо дар ин муассиса мегӯяд, бар пояи муомилаҳои хариду фурӯш дар давраи президентии Барак Обама, содироти силоҳи Амрико байни солҳои 2013 то 2017 ба болотарин мизон аз поёни даҳаи навад то кунун расидааст.

Хонум Флеурант мегӯяд, қарордодҳои давраи Обама ва низ муомилаҳои фурӯши аслиҳа дар соли 2017 -- давраи раёсати ҷумҳури Доналд Трамп боис мешавад, "Амрико дар солҳои оянда бузургтарин содиркунандаи ҷангафзорҳо дар ҷаҳон боқӣ бимонад". Ба гуфтаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм, таҳҷизоти ҷангии амрикоӣ ба 97 кишвари ҷаҳон содир шудаанд. Бахши аслии ин содирот ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва борбар мебошанд.

Ин муасиссаи таҳқиқотӣ гуфтааст, Русия дар мақоми дувум қарор дорад ва ба 48 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла барои ҷудоихоҳон дар Украина силоҳ ирсол кардааст. Бо ин вуҷуд, фурӯши таҷҳизоти ҷангии Русия дар панҷ соли ахир 7 дарсад нисбат ба 5 соли қаблӣ коҳиш ёфтааст. Пас аз ин, Фаронса, Олмон ва Чин қарор доранд.

Таҷҳизоти ҷангии Русия.
Таҷҳизоти ҷангии Русия.

Гузориши тозаи Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сулҳи Стокҳолм як моҳ пас аз он мунташир мешавад, ки Муассисаи байналмилалии таҳқиқоти стратеги Лондон арзёбиҳои солонаи худ аз тавони низомӣ ва харҷи дифоии кишварҳои ҷаҳонро дар китобе нашр кард.

Бино ба арзёбии Муассисаи байналмилалии муолеоти стратегии Лондон, Амрико чун солҳои гузашта дар садри кишварҳое қарор дорад, ки барои бахши низомӣ пули бештар харҷ мекунад. Пас аз Амрико кишварҳои Чин, Арабистони Саудӣ, Русия ва Ҳинд қарор доранд.

Ин муассиса ёдоварӣ кардааст, бар пояи стратегияи дифои миллии Амрико, ки дар моҳи январи соли 2018 мунташир шуд, эҳтимоли ҷанг миёни қудратҳои бузург "яке аз чолишҳои умдаи Амрико" аст. Русия ҳамчунон "муҳимтарин омили нигаронӣ" дар бахшҳои бузурге аз Аврупо аст ва раванди рӯ ба рушди навсозии артиши Чин идома дорад.

XS
SM
MD
LG