Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Рӯҳонӣ ва Обама аз гуфтушунид


Рӯҳонӣ дар минбари СММ
Рӯҳонӣ дар минбари СММ

Президентҳои Эрону Амрико аз эҳёи музокироти барномаи ҳастаии Теҳрон ҳимоят карданд, аммо аз имкони мулоқот дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк истифода набурданд.

Президентҳои Эрону Амрико аз эҳёи гуфтушуниди байналмилалӣ бар сари барномаи ҳастаии Теҳрон ҳимоят карданд, аммо аз имконияти мулоқот дар ҳошияи Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню Йорк истифода набурданд.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба мулоқоти эҳтимолӣ бо ҳамтои эронии худ Ҳасани Рӯҳонӣ омода буд, вале тарафи Эрон бо ишора ба печидагиҳо аз чунин дидор худдорӣ намуд. Агар чунин мулоқот ба амал меомад, аввалин дидори раҳбарони ин ду кишвар дар 36 соли охир мешуд. Амрико ва Эрон аз соли 1980, аз замони ишғоли сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Теҳрон дар ҷараёни инқилоби исломӣ бо ҳам равобити дипломатӣ надоранд.

Рӯҳонӣ дар СММ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:26 0:00
Линки мустақим


Аммо Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе бо раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд мулоқот кард, ки аз ҳомиёни сарсахти талаби Амрико дар робита ба барномаи ҳастаии Эрон ба шумор меравад.


Рӯҳонӣ ва Ҳолланд
Рӯҳонӣ ва Ҳолланд
Рӯҳонӣ, ки дар низоми сиёсии Эрон чеҳраи мӯътадил дониста мешавад, дар интихоботи президентии моҳи июн пирӯз гашт ва дар моҳи август раёсати кишварро ба зимма гирифт. Вай паём дод, ки дар баҳси ҳастаӣ бо Ғарб аз нармиш кор хоҳад гирифт. Ин нуктаро ӯ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал низ такрор кард ва гуфт: "Барномаи ҳастаии Эрон ва ҳамаи кишварҳои дигар мебояд танҳо дар ҷиҳати аҳдофи сулҳомез бошад. Силоҳи ҳастаӣ ва куштори ҷамъӣ ҳеҷ ҷойгоҳе дар доктринаи дифоъии Эрон надошт ва бо боварҳои бунёдини мазҳабӣ ва ахлоқии мо дар таъоруз аст."

Раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин таҳримҳои байнулмилалии зидди Эронро, ки зимни баҳси барномаи ҳастаии он ба миён омадаанд, танқид кард ва гуфт, ин таҳримҳо ба ҳаёти эрониҳои қаторӣ таъсири хушунатомез доранд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал зидди Эрон то кунун 4 бастаи таҳримҳоро ҷорӣ кардааст. Илова ба ин, Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймонҳои он маҳдудиятҳои дигареро зидди Эрон роҳандозӣ кардаанд, то ба қатъи барномаҳои ҳастаии Теҳрон даст ёбанд. Дар натиҷа содироти нафти Эрон, ки барои иқтисоди ин кишвар ҳаётан муҳим мебошад, кам шуда, муомилаҳои молии Эрон ба воситаи бонкҳои байнулмилалӣ шадидан маҳдуд гашт. Дар паёми худ Рӯҳонӣ ҳамчунин аз ҳукумати Обама хост, чизеро, ки вай “фишори гуруҳҳои ҷангталаб” номид, нодида гирад. Раисиҷумҳури Эрон афзуд, кишвараш барои гуфтушунид бо Иёлоти Муттаҳида ба хотири “мудирият”-и ихтилофот боз аст.

Паёми Рӯҳонӣ дафъатан аз тарафи рақиби Эрон ва ҳампаймони Иёлоти Муттаҳида – Исроил - танқид шуд. Дар изҳороти хаттии худ сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ин паём “як дурӯғи бешармона ва пур аз дурӯягӣ” буда, пойбандие ба иҷрои қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милалро нишон намедиҳад. Нетаняҳу гуфт, ҳадаф аз паёми Рӯҳонӣ ин аст, ки пеши роҳи амалҳои байналмилалиро бигирад, то Эрон барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаӣ фурсати бештаре дошта бошад.


Обама дар минбари СММ
Обама дар минбари СММ
Дар паёми худ ба Маҷмаи умумии Созмони Милал Обама гуфт, кишвараш дар мавриди пешгирӣ аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ қатъист, аммо ҳамчунин аз роҳи дипломатии ҳалли мушкил низ ҳимоят мекунад:“Амрико ба ҳалли сулҳомези баҳси ҳастаӣ бо Эрон бартарӣ медиҳад, ҳамзамон мо мӯътақидем, ки бояд аз дастёфти Эрон ба силоҳи ҳастаӣ қотеона пешгирӣ кард.” Обама иқрор намуд, ки нобоварии байни Вашингтон ва Теҳрон “решаҳои амиқ” дорад. Аммо ӯ гуфт, ду кишвар ҳамонон имконияте доранд, ки ба “созиши дуруст” расанд.

Интизор меравад, вазири умури хориҷии Амрико, Ҷон Керрӣ ва ҳамтои эронии ӯ Ҷавод Зариф рӯзи панҷшанбе дар як мулоқоти байналмилалӣ ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG