Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои хатсайри Уфа-Хуҷанд дар Кӯлоб фуруд омад


Ҳавопаймои ширкати “Уралские авиалинии” дар хатсайри Уфа-Хуҷанд, шаби гузашта бинобар тумани ғафс натавонист дар фурудгоҳи Хуҷанд нишинад ва дар Кӯлоб фуруд омад.

Муқимҷон Дадохонов, муовини хадамоти истеҳсолотиву тиҷоратии фурудгоҳи Хуҷанд субҳи 28-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои “Аэробус 320”-и хатсайри Уфа-Хуҷанд, ки соатҳои 3-и нимашаби 27 ба 28 уми март ба фарози фурудгоҳи Хуҷанд расид, аз номусоидии обу ҳаво натавонист фуруд ояд ва раҳ сӯи фурудгоҳи Кӯлоб пеш гирифт. Ӯ афзуд: “Туман сахт буд, 150 метр дида намешуд, барои ҳамин ҳавопаймо ба Кӯлоб парид ва дар он фуруд омад. Сипас ба Хуҷанд бозгашта, соати 5-и субҳ ба Уфа парид.”

Раҳматалӣ Назриев, сухангӯи Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб низ тасдиқ кард, ки ин ҳавопаймо бинобар номусодии ҳаво дар Кӯлоб фуруд омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳавопаймо баъди ду соати таваққуф дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб ва бо мусоид шудани ҳаво дар Хуҷанд, ба самти ин шаҳр ҳаракат кардааст.

Парвози ин хатсайрро ҳавопаймои "Аэробус 320"--и ширкати “Уралские авиалинии” анҷом дода, ба фурудгоҳи Хуҷанд бо 23 мусофир фуруд омадааст. Дар бозгашт ба шаҳри Уфа, маркази Ҷумҳурии автономии Бошқирдистон, ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Хуҷанд бо 115 мусофир парвоз кардааст.

Дар ҳамин ҳол, масъулини фурудгоҳи Хуҷанд овозаҳоро, ки гӯё ин ҳавопаймо раҳгум задаву дар фурудгоҳи Кӯлоб нишастааст, бепоя хонданд.

XS
SM
MD
LG