Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 мард аз занҳои собиқи худ "алимент" талаб кардаанд


Дар се моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 2000 оила фурӯ пошида, баҳсҳои додгоҳӣ акнун алиментхоҳии мардҳоро низ дар бар гирифтааст.

Калимаи «алимент» ё нафақае, ки барои парвариши фарзандони оилаи фурӯпошида дода мешавад, ҳамеша ба падарон рабт дошт. Аммо солҳои ахир теъдоде аз занҳои тоҷик бинобар надоштани манобеи молӣ фарзандонро бар дӯши шавҳарҳои худ мегузоранд. Ин тамоюл нақши зану мардро иваз карда ва занҳоро муваззаф кардааст, ки барои нигоҳубини кӯдакон ба шавҳари собиқи худ "алимент" супоранд.

Танҳо дар як маслиҳатхонаи ҳуқуқӣ мавсум ба «Сипар» дар як сол ҳудуди 10 шикоят аз ҷониби мардҳо барои талаби алимент аз собиқ ҳамсаронашон ворид шудааст. Хушнуд Темуралиев ҳуқуқшиноси мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш баъд аз талоқ нигоҳубини фарзандон асосан бар дӯши занон вогузор мешуд. Табъан, занон хостори рӯёнидани алимент аз шавҳарони собиқашон мешуданд. Акнун мавридҳое зиёд шудааст, ки додгоҳ фарзандон ё яке аз онҳоро ба тарбияи падар медиҳад ва он гоҳ шавҳарони собиқ аз алимант ба ҳайси абзори фишор ба ҳамсари пешини худ истифода мекунанд.

Хушнуд Темуралиев як парвандаи наверо намуна меорад, ки моҳи гузашта дар яке аз додгоҳҳои кишвар баррасӣ шуд: «Зан пас аз талоқ гирифтан аз шавҳар кӯдаки ноболиғашро ба тарбияи модар супурда, ба Русия рафт, вале модаркалон набераашро ба хонаи падари ӯ бурд. Дар натиҷа, падари кӯдак барои гирифтани алимент аз собиқ ҳамсараш ба додгоҳ муроҷиат кард ва аз сабабе, ки дар ин қазия баъзе аъмоли ҷиноӣ ҳам ошкор шуд, он зан аз Русия баргардонида шудаву ҷазо гирифт.»

Кумитаи омори ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2013 нишон додааст, ки дар додгоҳҳои кишвар беш аз 7 000 парвандаи марбут ба алимент баррасӣ шудааст. Маблағи алимент барои таъмини фарзанд то балоғаташ вобаста ба маош ва шумораи фарзандон аст, аммо дар кишвар ҳадди он маъмулан аз 80 то 120 сомониро ташкил додааст.

Дилрабо Назарова, корманди «Лигаи занони ҳуқуқшинос», мегӯяд, ҳарчанд қонунҳои кишвар зану мард дар ин маврид баробарҳуқуқ медонанд, бо назардошти он ки занон аксаран манбаи даромад надоранд, барои онҳо имтиёзҳое пешбинӣ шуда ва дар чунин баҳсҳо пеш аз ҳама манфиати модару кӯдак ба назар гирифта мешавад: «Аввал ин ки ҳар фарзанд бояд дар назди модар бошад ва падар дар тарбияи кӯдак кӯмак расонад. Мард агар маълумоти олӣ ва кори доимӣ надошта бошад ҳам, имкониятҳои дигар дорад. Вай мард аст, ҷинси зан латиф аст ва имкониятҳояш ҳам маҳдуд. Ва вобаста ба ҳамин талаб кардани алимент аз зан ғайриимкон аст, аммо, албатта, агар зан соҳиби ҷойи кору даромад бошад, чунин талаб мантиқист ва бояд иҷро шавад.»

Масъалаи алимент дар ҳоле доғтар мешавад, ки бар пояи ҷамъбандиҳои Кумитаи омори Тоҷикистон, дар 3 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 2 000 оила вайрон шудааст. Ин адад дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 20 дар сад бештар будааст.

Санавбар -- зане, ки 14 сол пеш аз ҳамсараш ҷудо шудаву тарбияи 5 фарзандро бар дӯш дорад, мегӯяд, ҳоло бо назардошти имкониятҳои маҳдуди худ занон розӣ мешаванд, ки додгоҳ фарзандонро назди падарҳо гузорад. Дар чунин ҳолат бисёре аз занон алимент талаб намекунанд. Худи Санавбар аз шавҳараш нафақа талаб накард, зеро медонад, ки ӯ бемор аст ва на вазъи хуби молӣ надорад.

«Ҳоло шавҳарам собиқам сиҳатиаш хуб нест ва ман ҳам маҷбур намекунам, ки барои таъмини кӯдакон ба ман кӯмак кунад. Ҳарчанд ин барои худи ман танҳо осон нест. Боз дар шароите, ки ҳоло ман бояд онҳоро соҳиби саводу маълумот кунам. Вале ҳоли падар аз мо ҳам бадтар аст.»

Аммо ҳуқуқшинос Дилрабо Назарова мегӯяд, баръакс, солҳои охир шумораи заноне, ки талаби нафақа мекунанд ва корро то ба охир мерасонанд, бештар мешавад. Шояд ин ҳолат низ яке аз сабабҳои афзоиши талаби алимент аз тарафи мардҳо шуда бошад.

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG