Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дейвид Кайе аз ҳукумат хост, ки озодии баёнро эҳтиром кунад


Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки вазъи озодии баён дар 60 моҳи гузашта дар Тоҷикистон бисёр бад шудааст ва ҳукумат бояд вазъро ислоҳ кунад.

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба озодии андеша ва баён Дейвид Кайе рӯзи 9-уми март дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки фишори ҳукумат ба аҳзоби сиёсӣ, расонаҳо зиёд шудааст ва ин кор мухолиф ба ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон аст. Дейвид Кайе як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ибтидо ба ин суол, ки вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро дар қиёс ба солҳои гузашта чигуна дарёфтааст, гуфт:

Дейвид Кайе: Ба фикри ман вазъи озодии баён дар Тоҷикистон ҳоло бисёр мояи нигаронӣ аст. Ман фишорҳои ҷиддӣ ба матбуот, аҳзоби сиёсӣ, фишор барои ибрози афкори сиёсӣ, фишор ба Интернет ва ҷомеаи маданиро дар назар дорам. Ба назари ман, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар муқоиса ба солҳои гузашта бисёр бад шудаст ва озодии баён бахусус дар 39 моҳи гузашта бисёр маҳдуд шудааст.

Радиои Озодӣ: Мақомҳои тоҷик бастани сомонаҳои интернетӣ ва пойгоҳҳои хабариро ба чолишҳои амниятӣ рабт медиҳанд. Аммо ба назари Шумо, далеле аслии маҳдуд шудани озодии баён дар чист?

Девид Кайе: Ман намехостам дар бораи омилҳои воқеӣ сӯҳбат кунам, зеро намедонам, воқеан сабабҳои аслӣ чӣ ҳаст. Вале мехоҳам бигӯям, ки нигаронии воқеии ман аз чанд қонун аст дар бораи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, ки барои маҳдуд кардани озодии баён истифода мебаранд. Мушкил он аст, ки мафҳуми ҳарду мушаххас нашудааст. Мафҳуми ифротгароиро мушаххас накардаанд ва ҳукумат метавонад ба осонӣ бигӯяд, ки фалонӣ ифротгаро аст ва ҳеҷ заминае барои нишон додани беасос будани ин иттиҳом вуҷуд надорад. Мушкили дуввум ин аст, ки вақте ҳукумат як нафарро террорист ва ё ифротгаро меномад ва азияту муҳокима мекунад, муҳокимаашон баста аст ва мо намедонем, ки далелҳо чӣ ҳаст, ки ҳукумат он нафарро ифротгаро медонад ё террорист мешуморад. Мушкилоти асосӣ ҳамин аст. Чаро ҳукумат ин корро мекунад, ман намедонам. Вале оқибаташ ин аст, ки хабарнигорон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ фикр мекунанд, ки наметавонанд озода гап зананд.

Дейвид Кайе хост, Тоҷикистон вазъро ислоҳ кунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:25 0:00

Радиои Озодӣ: Шумо тавре гуфтед, пас аз ин сафар ба Шӯрои СММ дар бораи вазъи озодии баён як гузориши вижа таҳия хоҳед кард. Қаблан ҳам гузоришгарони дигар ҳамин корро мекарданд. Аммо натиҷа чӣ хоҳад буд? Оё давлати Тоҷикистон ба тавсияҳои шумо гӯш фаро хоҳад дод?

Девид Кайе: Ман ду посух дорам. Аввал ин ки умедворам, ҳукумат тавсияҳои маро ҷиддӣ мегирад, чун дар ҳама мулоқотҳо онҳо боз буданд ва гуфтугӯи мо сари мавзӯъҳо мукаммал буд ва ман нигарониҳоямро мустақим ба онҳо расондам. Ва ман умедворам, ки нигарониҳои маро ба инобат мегиранд. Вақте Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид вазъи ҳуқуқи инсон ва озодии баёнро дар Тоҷикистон баррасӣ мекунад, дигар кишварҳо ҳам имкон доранд, ба Тоҷикистон тавсия бидиҳанд. Агар Тоҷикистон нияти муколамаи воқеӣ бо Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милалро дошта бошад, тавсияҳои шӯроро ҷиддӣ мегирад, онҳоро амалӣ мекунад. Мо тавсияҳои зиёде дорем ва ман воқеан умедворам, ки ҳукумат ин тавсияҳоро ба инобат гирифта ва иҷро мекунад.

Радиои Озодӣ: Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ, ки ба давлатҳо ин ё он тавсия медиҳанд, бар ивазаш гранту кӯмакҳои молиявӣ медиҳанд, ки ин як навъ фишанги таъсиррасонӣ аст. Оё Шӯрои ҳуқуқи башари СММ низ ҳамчунин як фишанги таъсиррасоние ба давлатҳо дорад?

Девид Кайе: Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳеҷ коре карда наметавонад, масалан, таҳрим эъмол кунад ва ё чизе мисли ин. Аммо вақте мо дар бораи озодии баён сӯҳбат мекунем, озодии баён ҳам қимат дорад. Вақте сармоягузори хориҷӣ мебинад, ки як кишвар матбуотро саркӯб мекунад, барои сармоя гузоштан дар Тоҷикистон андеша мекунад. Дар мисоли дарвозаи ягона ба Интернет дар Тоҷикистон. Вақте хориҷиён мебинанд, ки фазо барои озодии баён, фазо барои навоварӣ дар Интернет барои соҳибкорӣ маҳдуд аст, ба фикри ман омадани сармоя ба кишвар камтару камтар мешавад. Ҳукумат бояд ҳаминро ба инобат бигирад. Ман медонам, ки вазъи иқтисод хуб нест, интиқоли пули муҳоҷирон аз хориҷ фавқуллода коҳиш меёбад. Дар ин шароит ҳукумат бояд бозтар шавад. Ман барои мутаҳаррик шудани иқтисод дар Тоҷикистон дар гузоришам ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал ҳамин чизҳоро мегӯям.

XS
SM
MD
LG