Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вируси интихоботӣ" дар Фейсбуки тоҷикӣ?


Даҳҳо тан аз рӯзноманигорон, фаъолони сиёсӣ ва корбарони шабакаи Фейсбук аз ворид шудани вирус ба сафҳаи худ ва рабуда шудани калидвожаи хусусияшон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Тайи чанд рӯзи ахир даҳҳо тан аз фаъолони сиёсиву рӯзноманигорон ва корбарони шабакаи Фейсбук дар Тоҷикистон, аз ворид шудани вирус дар сафҳаҳои худ шикоят доранд. Вирус дар шакли номае бо сарлавҳаи ошно ё акси худи кас ба почтаи электронии фейсбукии корбарон ворид мешавад. Агар талоши боз кардани он сурат нагирад, осебе пеш намеояд, вале “клик” кардан ба он дафъатан сафҳаи шахсиро ба манбаи вирусҳои нав барои дӯстону хонандагони он табдил медиҳад.

Дар натиҷа дида мешавад, ки як шахси солманд ва ҷиддӣ видеоҳои фаҳш паҳн мекунад ё суханонеро нашр мекунад, ки хоси ӯ нестанд. Корбарони Фейсбук замоне аз ин вирус огоҳ шуданд, ки он ба даҳҳо сафҳаи хусусӣ рахна зада, аз номи соҳибони он замимаҳои вирусдорро ба дигарон фиристад. Биноан, бархе аз корбарон дӯстони фейсбукии худро ҳушдор додаанд, ки ин фиристодаҳоро боз накунанд.

Манбаи ибтидоии вирус ва иллати рӯ задани он маълум нест, аммо осебдидагони он шубҳаву гумонҳои гуногунеро матраҳ мекунанд. Бархе аз фаъолони сиёсӣ зуҳури вируси харобиоварро ба авҷ гирифтани рақобатҳои интихоботӣ бастагӣ медиҳанд.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ.
Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ.

Қисме аз онҳо, ки намояндагон ё мубаллиғони ҲНИТ, як ҳизби сиёсӣ ва рақиби асосии ҳизби ҳоким дар интихоботанд, мегӯянд, шикаста шудани чораҳои ҳифозатии сафҳаи онҳо дар Фейсбук бо мақсадҳои таблиғотии марбут ба интихобот низ истифода мешавад.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ рӯзи чоршанбеи 25 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз он изҳори ташвиш намуд, ки “ба ғайр аз он ки як моҳ инҷониб сафҳаи шахсии Ҳикматуллоҳ Сайфуллозодаро шикастанду, ҳар рӯз номаҳои пур аз фаҳшро бо духтарони нимаурён ба нашр мерасонанд, акнун ба гурӯҳи тақрибан 4-ҳазорнафараи аъзо ва хайрхоҳони ҳизби мо даст ёфтанд ва байни бародарони мо мухолифат меандозанд”.

Мусоҳиби мо меафзояд, намояндагони ин ҳизб наметавонанд калидвожаи сафҳаи худро нав кунанд, зеро зимоми он аллакай дар дасти гурӯҳи номаълум аст. Вале ин иддаои намояндаи ҳизби сиёсиро тасдиқ ё исбот кардан номумкин аст, ҳарчанд дар бархе аз расонаҳои ахбори ом силсилаи номаҳои чанде аз мухолифони саршиноси давлат бо тамоми ҷузъиёт ва вақту соати ирсолашон мунташир гашт. Ин ҳолат сабаб шудааст, ки бархе аз “осебдидагони вирус” ба қазия ангезаи сиёсӣ диҳанд.

Гурӯҳи дигаре, ки ҳадафи ҳамлаи вируси фейсбукӣ қарор гирифтааст, кормандони расонаҳои ахбори оманд. Аъзам Аҳруллоев, хабарнигори “Азия-Плюс” мегӯяд, дар ғафлат монд ва нафаҳмида, номаҳоеро “ангушт зад”, ки дорои вирус буданд. Сабаб дар он буд, ки аз пайдо шудани вирус огаҳӣ надошт: “Аз чанд дӯсти фейсбукиам видеоҳои гуногун бо акси худамон ба мо омаданд ва дар баробари “клик” кардан онҳо аз номи мо ба дигар дӯстонамон рафтанд. Он видеоҳоро аслан тамошо карда намешавад ва вақте кӯшиши тамошо кардан мекунем, вирус ба компютери шумо роҳ меёбад ва кори онро суст мекунад.”

Онҳое, ки мисли Хуршеди Атовулло, сардабири “Фараж” аз пайдо шудани вирус хабардор буданд, аз эҳтиёт кор гирифтанд ва худро аз вирус эмин гардонданд: “Чанд пешниҳоди дӯстиро аз шогирдону

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

ҳамкасбони хеш дидаву аммо қабул накардам. Аммо замонате нест, ки кадоме аз онҳо дорои вирус будаанд ва кадоме не.”

Ба андешаи Нуриддин Қаршибоев, раҳбари Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва ҳамзамон раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон, ин як навъ “фишори равонӣ” ба рӯзноманигорон аст ва мақомот бояд: “Фарзияе ҳаст, ки дар мақомоти амниятӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ мутахассисоне ҳастанд, ки вазифаи онҳо мубориза алайҳи ҷиноятҳо дар фазои иттилоотӣ аст, аммо ба чунин корҳо даст мезананд.”

Ҷаноби Қаршибоев таъкид кард, ки танҳо дар сурати муроҷиати хаттии рӯзноманигорон, метавон ба ин амр расидагӣ кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки чанде қабл се созмони журналистӣ - Иттиҳодияи журналистон, Анҷумани миллии расонаҳои мустақил ва Шӯрои васоити ахбори оммаи Тоҷикистон бо пахши изҳороте гуфтанд, вақтҳои охир чопи аксу сӯҳбатҳои худмонии журналистони мустақил ба унвони “фишори равонӣ” ва “бадном кардани онҳо” аз сӯи баъзе афроду гурӯҳҳои номаълум сурат мегирад. Созмонҳои журналистӣ аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки дар арафаи интихобот мақомот рӯзноманигоронро дар рақобати сиёсӣ ҳамчун силоҳ истифода мебарад.

Асомиддин Атоев
Асомиддин Атоев

Аммо Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияи иттилоотӣ сар задани вирусро як ҳолати маъмулии шабакаҳои интернетӣ медонад ва мегӯяд, “фикр намекунам, ки ин ҳамлаи махсус болои рӯзноманигорон аст, чунки ба ману чанд дӯстам низ чунин видеоҳо омаданд. Ин ҳеҷ рабте ба интихобот надорад ва сабаби асосии пайдоиши вирус “клик” кардан болои ҳамон сурату наворҳои шубҳанок аст-мегӯяд Асомиддин Атоев.

Бо ин ҳам шумораи дақиқи мубталоёни вируси интернетӣ маълум нест. Ҳарчанд дар рӯзи гузашта вирусҳои номатлуб ба сафҳаи ҳудуди 30 тан аз хабарнигорону истифодабарандагон ворид шудааст.

Шумораи корбарони Фейсбук дар Тоҷикистон то 200 ҳазор нафар тахмин зада мешавад.

XS
SM
MD
LG