Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNICEF: Дар Тоҷикистон аз ҳар 50 навзод як нафараш мемирад


Дар Тоҷикистон аз ҳар 50 кӯдаки навзод як нафараш баъди таваллуд даргузаштааст. Чунин аст хулосаҳои мутахассисони Бунёди атфоли СММ – UNICEF, ки дар гузориши нави ин созмон нашр шуда, арзёбиҳои соли 2016-ро хулоса мекунад.

Гузориш мегӯяд, ки дар миёни 184 кишвари мавриди таҳқиқи ин созмон, Тоҷикистон дар мақоми 56-ум қарор мегирад. Ин созмон мегӯяд, ки ба

Сабабҳои марги кудакони навзод ҳам пурра инкишоф наёфтани шуш ва ҷигари тифл аст, ки баъди таваллуд наметавонад нафас бигирад ва ба ҳавои берун аз батни модар мутобиқ шаванд

ҳисоби онҳо аз ҳазор тифли навзод дар Тоҷикистон 19 нафари онҳо то якмоҳагӣ ба ҳалокат мерасанд.

UNICEF дар таҳқиқоти худ хатарнок ва роҳаттарин макони таваллуд барои кӯдаконро раддабандӣ карда гуфтааст, ки дар Покистон, Африқои Марказӣ ва Афғонистон баландтарин нишондоди маргумири атфол ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давлатҳо аз ҳар 22-25 кӯдак як нафараш дар моҳи аввали зиндагиаш мемирад. Айни замон, кишварҳои амнтарин барои таваллуди кӯдак Япония, Исландия ва Сингапур номида шудаанд. Ҳодисаҳои марги навзод дар ин кишварҳо хеле ночиз буд як ҳолат дар муқобили 990-1111 таваллуд арзёбӣ мешавад.

Ҳенриетта Фор
Ҳенриетта Фор

Ҳенриетта Фор, раҳбари иҷроияи UNICEF мегӯяд: “Бо ин дар 25 соли охир имкони коҳиши маргумири атфоли то 5-сола даст дод, ҳамоно дар масъалаи хатми марги навзодҳои то якмоҳа ҳеҷ пешравие даст надод. Ин ҳам дар ҳолест, ки имкони пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо вуҷуд дорад”.

Муҳаққиқон муайян кардаанд, ки марги кӯдакони навзод бештар дар кишварҳои даромадашон кам сабт шудааст. Хатари марги кӯдакони навзод дар ингуна кишварҳо 50 баробар бештар назар ба кишварҳои амн будааст.

Тоҷикистон: Мизони маргумири кӯдак дар Тоҷикистон коҳиш меёбад

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, омори маргу мири кӯдаке, ки аз ҷониби СММ таҳия шудааст, бо нишондодҳои вазорати беҳдошт зиёд мувофиқат намекунад. Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки вазорати тандурустӣ 20-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳазор кӯдаки зиндатаваллуди то яксола дар Тоҷикистон 17 нафари онҳо мефавтанд. Ин рақам нисбат ба даҳ соли ахир 2,7 дарсад коҳиш ёфтааст. Вай гуфт, ки 50 дарсади ин кудакон то якмоҳа ҳастанд ва марҳилаи фавти онҳо давраи таваллуд, як ҳафтаи баъди таваллуд ва 28-рӯзагиро дарбар мегирад.

Сабабҳои марги кудакони навзод ҳам пурра инкишоф наёфтани шуш ва ҷигари тифл аст, ки баъди таваллуд наметавонад нафас бигирад ва ба ҳавои берун аз батни модар мутобиқ шаванд. Ҳамчунин кори нодурусти ҷигар дар кӯдак, ки наметавонад ғизоро баъди истеъмол ҳал кунад, боиси марги тифл мешудааст, афзуд Раҳматуллоев.

Шералӣ Раҳматуллоев ҳам гуфт, ки мизони фавти навзодон нисбатан дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд бештар будааст. Роҳи асосии наҷоти ҷони атфоли навзод дар хадамоти дастрасу касбии тиббӣ ва сифати хуби зиндагӣ гуфта мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG