Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ даъвои Назриевро алайҳи ҳукумат беасос хонд


Мирҳусейн Назриев
Мирҳусейн Назриев

Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал гуфт, Мирҳусейн Назриев ва Шералӣ Кенҷаев барои исботи даъвои худ далели кофӣ пешниҳод накарданд.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал даъвои Мирҳусейн Назриев, раиси Ҳизби сотсиалист ва се узви дигари ҳамин ҳизб, аз ҷумла Шералӣ Кенҷаев, фарзанди Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи порлумони Тоҷикистонро, ки мегӯянд ҳукумат ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании онҳоро поймол кардааст, "нокофӣ" арзёбӣ кард.

Шикояти чаҳор намояндаи ин ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист, дар ҷаласаи Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал моҳи гузашта баррасӣ шуд ва дар хулосаи 12-саҳифагии кумита омадааст, аъзои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон барои исботи даъвои худ далели кофӣ пешниҳод накарданд.

Мирҳусейн Назриев ва се узви дигари ҳизб, моҳи ноябри соли 2005 аз таъқибу таҳдиди ҷонибдоронаш аз тарафи ҳукумат ба Кумитаи Ҳуқуқи Башар шикоят бурд. Ин гурӯҳ гуфтааст, бар хилофи Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ ҳукумати Тоҷикистон аъзои ҳизби онҳоро бо далоили сиёсӣ пайваста таъқиб ва таҳдид кардааст.

Ба иддаои аъзои ҳизб, ҳукумати Тоҷикистон соли 1999 онҳоро ба интихобот роҳ надод ва марги Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини ҳизбро, ки дар як амали террористӣ дар ҳамон сол ҳалок шуд, пурра таҳқиқ накард. Намояндагони ин ҳизб ҳамчунин гуфтаанд, гӯиё дар замони интихоботи порлумонии соли 2000 аъзои ҳизби онҳо таъқиб шудаанд ва ҳатто мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтаанд.

Дар идомаи шикоят омадааст, ки соли 2005, баъд аз он ки вазорати адлия Мирҳусейн Назриевро ба ҳайси раиси Ҳизби сотсиалист эътироф накард, ҷиноҳи онҳоро ба интихобот роҳ надоданд. Дар он замон Ҳизби сотсиалист ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки ба яке Абдуҳалим Ғаффоров ва ба ҷиноҳи дуввум Мирҳусейн Назриев раҳбарӣ мекард. Вазорати адлия ҷиноҳи Ғаффоровро қонунӣ шумурд. Ҷиноҳи Назриев борҳо гуфтааст, ки тақсими ҳизби сотсиалист ба ду ҷиноҳ кори ҳукумат буд.

Аъзои Ҳизби сотсиалист ҳамчунин дар номаи шикоятии худ ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал навиштаанд, мақомоти расмии Тоҷикистон ошкоро ба зиндагии хусусии онҳо дахолат мекунад ва бо истифода аз матбуот бадном месозад. "Аъзои Ҳизби сотсиалист аз ҳаққи баёни афкору андеша маҳрум буда, ба хотири дигарандешӣ табъиз мешаванд",-омадааст дар номаи шикоятӣ.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон соли 2011 ба Кумитаи Ҳуқуқи Башар гуфтааст, шикояти ин гурӯҳ асос надоранд, зеро қотилони Сафаралӣ Кенҷаев ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд. Ба гуфтаи ҳукумат даъвои гурӯҳ дар бораи монеаҳои иштирок дар интихоботи соли 2000 низ ҳақиқат надорад.

Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, ки қабл аз баррасии аризаҳои шикоятӣ аз рӯи моҳият, онҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, дар хулосаҳои худ аз рӯзи 29-уми октябри соли 2012 гуфтааст, иттилооти пешниҳодкардаи даъвогарон умумӣ буда, ба қадри кофӣ асоснок нашудааст. Кумитаи мазкур, иддаои аъзои Ҳизби сотсиалист, ки Вазорати адлияро дар эътирофи як ҷиноҳи "сунъӣ" муттаҳам кардааст, беасос унвон кард ва гуфт, ин гурӯҳ метавонист, ҳизби дигаре ва бо номи дигар таъсис диҳад ва дар интихобот иштирок кунанд.

Қарори Кумитаи Ҳуқуқи Башар, муаллифони даъворо маъюс кардааст. Мирҳусейн Назриев рӯзи 11-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “моро ҳафт сол умедвор карданд ва мехоҳанд, мо бо ду ҷумлаи беасос қаноатманд шавем?!” Ӯ афзуд, қасд доранд, бо ирсоли баёнияе ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал қарори ин кумита дар бораи парвандаи онҳоро башиддат танқид кунанд.

Мирҳусейн Назриев мегӯяд, хулосаи кумита, ки чандин даъвои онҳо беасос будааст, комилан нодуруст аст, зеро “мо чандин даъвоҳоро бо факту далелҳои аниқ бо маводи татбиқшаванда ба онҳо пешниҳод кардем.” Раиси ҷиноҳи Ҳизби сотсиалист дар идомаи сӯҳбаташ Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милалро интиқод кард ва гуфт: "Аз рӯи таҷрибаи он шикоятҳое ба кумита расидаанд, чунин бармеояд, ки мақомот аслан ҳимоятгари ҳукуматҳое ҳастанд, ки ба ҳамин созмон шомил ҳастанд ва ба ҳамин созишнома (Аҳдномаи Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ) имзои шартии худро гузоштаанд. Вагарна онҳо метавонистанд гӯянд, ки фаразан фалон далели Шумо басанда нест, барои тасдиқи он маводи изофӣ бифристед."

Нахустин бор аст, ки Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал, шикояти як ҷиноҳи сиёсии Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG