Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Манъи пӯшидани ниқоб дар Фаронса мухолиф бо қонунҳо аст. ВИДЕО


Дания. Акс аз бойгонӣ
Дания. Акс аз бойгонӣ

Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, ки манъи пӯшидани ниқоб дар Фаронса нақзи ҳуқуқи инсон аст ҳукумати ин кишвар бояд ин қонунро бознигарӣ кунад.

Айни замон, ба гуфтаи як кумитаи махсуси Созмони Милал, Фаронса бояд ба заноне, ки дар натиҷаи қабули ин қонун ранҷ кашидаанд, ҷуброн бипардозад.

Инсонҳоро дар кӯча зери назорати пулис қарор медиҳанду боздошт мекунанд. Аксарияти онҳо занони ниқобпӯш ҳастанд. Яъне мо шоҳиди табъиз ва табъизи дучанд ҳастем, чун фақат гуруҳи хурди занони мусулмон азоб мекашад

Намояндагони Кумитаи ҳуқуқи башари ин созмон, ки иҷрои Аҳдномаи риояти ҳуқуқи маданиву сиёсиро назорат мекунанд, мегӯянд, ки дар қонунҳои Фаронса мухолифат ёфтанд. Илзе Брандс-Керис, як узви ин кумита гуфт:

«Дар қонун мо ду мавриди ихтилофро пайдо кардем. Банди 18 озодии эътиқод ва риояти озоди онро замонат медиҳад. Банди 26 табъизро мамнӯъ мекунад. Бар асоси тавсияҳои мо, Фаронса бояд ба онҳое, ки ҳуқуқашон нақз шудааст, ҷуброн пардозад. Ҳамчунин, қонунашро, ки мушаххас нест, бознигарӣ кунад».

Фаронса соли 2010 аввалин кишвари аврупоӣ шуд, ки ба мардону занон пӯшидани рӯйро дар макони ҷамъиятӣ манъ кард. На танҳо ниқобу бурқа ва фаранҷӣ, балки пушидани ниқобу кулоҳҳои маҳкам низ манъ шуд. Касе ин корро мекунад, 150 евро ҷарима мешавад.

Мақомоти Фаронса имкон доштанд, ваҷҳу далелашонро бигӯянд. Вале онгуна ки кумитаи Созмони Милал мегӯяд, ваҷҳи онҳо ҳомиёни ҳуқуқро қонеъ накард. Онҳо мегӯянд, ин гуфтаи Фаронса, ки манъи панаҳ кардани рӯй барои таъмини амният ва ҳамзистии осоиштаи ҷомеа зарур аст, дуруст нест.

Созмони Милал гуфт, манъи ниқоб дар Фаронса кори дуруст нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Илзе Брандс-Керис гуфт: «Мо мебинем, ки паёмадҳои қонун беш аз ҳад аст. Инсонҳоро дар кӯча зери назорати пулис қарор медиҳанду боздошт мекунанд. Аксарияти онҳо занони ниқобпӯш ҳастанд. Яъне мо шоҳиди табъиз ва табъизи дучанд ҳастем, чун фақат гуруҳи хурди занони мусулмон азоб мекашад».

Иҷрои тавсияҳои Созмони Милал ҳатмӣ нест, вале Фаронса бояд ба онҳо эҳтиром гузорад ва гузориш диҳад, ки баъди тавсияҳо чӣ тадбирҳое андешидааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG