Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи "Умед-88" боз чӣ сарҳоеро ба бод медиҳад? ВИДЕО


Дар чаҳорчӯби таҳқиқи қазияи ширкати “Умед-88” ҳадди ақал як мақоми Вазорати молияи Тоҷикистон аз иҷрои масъулиятҳояш озод шудааст. Мақомоти тоҷик чандон моили баррасии ин мавзӯъ дар матбуот нестанд. Аз ҷумла, дар нишасти матбуотии рӯзи 16 феврал вазири молияи

Асоси гап ин аст, ки бар асоси чӣ вазорат ин маблағҳоро ба Раҷабалӣ Одинаев дод? Аввал ин ки ин маблағҳои мардум буд, ки барои бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷамъ шуда буд. Одинашо Муродов

Тоҷикистон ҳам гуфт, қазияи "Умед-88"-ро ба ин далел шарҳ намедиҳад, ки мавриди тафтиш қарор дорад. Файзиддин Қаҳҳорзода дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар мавриди аз вазифа сабукдуш шудани як мақоми Вазорати молия дар робита ба қазияи "Умед - 88" гуфт: “Хизмати давлатӣ аст ва ҳамаи мо кормандон дар асоси шартномаҳои меҳнатӣ ба кор ҷалб мешавем. Роҳбарият вобаста ба иҷроиши сатҳи касбияти кормандон дилхоҳ қарор қабул мекунад. Касе набошад. Набояд аз ин ҳангома сохт”.

Айни замон дар ниҳоди таҳқиқкунандаи қазияи "Умед-88" - Оҷонсии мубориза бо коррупсия ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи “Умед-88” “мақомоти баландпояи вазорати молия ҳам ба пурсиш даъват” мешаванд.

20 сол дар бозори сӯзишворӣ

Қазияи ширкате, ки тӯли 20 сол дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон мавқеъ касб карду фаъолияти он ногаҳон бо ҳабси раҳбаронаш дар охири соли 2017 ба анҷом расид, яке аз пурсарусадотарин қазияҳои чанд моҳи охир аст. Моҷаро моҳи октябр аз забони президент Эмомалӣ Раҳмон расонаӣ шуд.

14 октябри соли 2017, президент дар мулоқот бо соҳибкорон
14 октябри соли 2017, президент дар мулоқот бо соҳибкорон

Дар як мулоқоташ бо соҳибкорони ватанӣ президент рӯзи 14 октябр гуфт, Вазорати молия соли 2015 - 171 миллион пули нерӯгоҳи Роғунро ба ширкати “Умед-88” қарз дод, аммо ин ширкат то ҳанӯз қарзро барнагардондааст. Ин мавзӯъ дар шабу рӯзи баррасии сабабҳои бӯҳрони бонкии Тоҷикистон ва дар пардохти пули муштариҳо оҷиз мондани чанд бонки умдаи кишвар доғтар шуд.

Баъд аз ин интиқоди раиси ҷумҳур роҳбари “Умед-88” – ширкати фурӯши маводи сӯхт Раҷабалӣ Одинаев ва чанд масъули дигар аз сӯи Оҷонси зидди фасод боздошт шуд. Раҳбари ширкати “Умед 88” дар тасарруфи пулу мол, ғайриқонунӣ гирифтани қарз ва суиистифода аз ваколат муттаҳам шудааст.

Асоси гап ин аст ки...

Ин қарз дар замони роҳбарии Абдусалом Қурбониён – вазири ҳамакнун собиқи молия дода шуд, ки моҳи январ аз мақомаш сабукдӯш шуд. Маълум нест, ки то куҷо худи Қурбониён ҳам дар пурсишҳои тафтишот ширкат мекунад ё на. Мавзӯи бозпурсии масъулини вазорати молия – ниҳоде, ки барои додани қарзи ҳангуфти давлатӣ ба як ширкати хусусӣ ва он ҳам аз ҳисоби пружаи бунёди нирӯгоҳи стратегии Роғун суолест, ки аз оғози моҷаро аз забони коршиносону журналистон садо медиҳад.

Одинашо Муродов, хабарнигори нашрияи “СССР” ҳамин суолҳоро дар матлаби таҳлилие матраҳ кардааст:

“Асоси гап ин аст, ки бар асоси чӣ вазир ин маблағҳоро ба Раҷабалӣ Одинаев дод? Аввал ин ки ин маблағҳои мардум буд, ки барои бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷамъ шуда буд. Яъне барои додани ин маблағҳо ҳукумат бояд иҷозат медод. Ин масъалаҳоро ҳоло бояд муфаттишону прокурорҳо аниқ кунанд”, - гуфт Муродов.

Одинашо Муродов мегӯяд, боздошти раҳбарони ширкат замоне иттифоқ уфтод, ки мӯҳлати пардохти қарз нагузашта буд ва созишнома то моҳи маи соли 2018 амал мекард. Худи раҳбарони ширкат ва хешовандонашон борҳо гуфтаанд, ки дар сурати идомаи кори ширкат ва даҳҳо нуқтаи сӯзишворӣ, онҳо метавонистанд маблағи қарзро сари вақт баргардонанд. Вале воқеият ин шуд, ки баъди боздошти раҳбарон фаъолияти ширкат дар тамоми қаламрави кишвар қатъ ва 70 истгоҳи сӯзишвории он ҳам бекор шуд.

Саҳми "Умед-88" дар бозори нафтии Тоҷикистон чӣ қадар буд?

Рӯзи 15 феврал бархе хабарнигорон аз мақомоти хадамоти зиддиинҳисорӣ суол карданд, ки то куҷо бо берун кардани ширкат аз бозори нафтии Тоҷикистон ин соҳа дар дасти ширкатҳои маҳдуд монополия шудааст? Вале раҳбарияти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, бо рафтани "Умед 88" аз бозор "ҳеҷ дигаргуние дар ин арса мушоҳида нашудааст". Ба гуфтаи мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ҳиссаи ширкати "Умед 88" дар бозори нафтии кишвар "ночиз буд".

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир бозори асосии маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дар ихтиёри “Газпромнафт Тоҷикистон”, ширкати “Сеганҷ” ва Оҷонсии давлатии захираҳои моддӣ қарор дорад. Ӯ ҳиссаи ширкати "Газпромнефт Тоҷикистон" дар бозори нафтии кишварро 35 дарсад гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳиссаи “Умед-88” дар бозори нафти кишвар “на бештар аз 4 дарсад буд” ва ин ҳамон саҳмест, ки ширкати "Фароз" ҳам дорад. Муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки соли гузашта дар бозори нафти кишвар монополия ошкор нашуд.

Аз "Газпромнефт" то Бег Сабур
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:15 0:00

Азиз Нақибзод, як рӯзноманигори тоҷик, ки мавзуъҳои иқтисодиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар Тоҷикистон бозори маводи сухт аз тиҷоратҳои калонтарин ба шумор меояд. Ба гуфтаи ӯ, бозигари аслии бозори маводи сухт ширкати русии “Газпромнефт” аст. Бахши дигари бозор - дар дасти "тоҷирони худӣ" аст, ки “Умед 88” яке аз онҳо буд. "Ҳатто агар "Умед-88" 5 дар сади бозорро дар ихтиёр дошт, боз ҳам ҳузураш чашмгир буд. Аммо масъала ин аст, ки вақте як ширкат саркуб мешавад, дигар ниҳодҳо кӯшиш мекунанд онро бештар сиёҳ кунанд”.

Мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳам ҳоло мегӯянд, ки раиси ширкати "Умед-88" то анҷоми таҳқиқот дар боздошт мемонад ва тақозои озод шудани ӯ дар ҷараёни тафтишот рад шудааст. Илёс Идрисзода, муовини раиси Оҷонсии зидди коррупсия рӯзи 15-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ба наздикони раиси "Умед-88" иҷозат дода шудааст, ки зарари воридкардаи ӯро барқарор кунанд.

XS
SM
MD
LG