Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситонӣ: "Гунаҳкори марги Умар Бобоҷонов ёфт нашуд" ВИДЕО, САДО


Умар Бобоҷонов

Маҳмадсаид Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат, барои тафтиши ғайрисамарбахш (беҳосил ё беасар)-и марги писари 23-солааш Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулли Тоҷикистон 350 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хост. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми декабр ин даъворо ба баррасӣ гирифт.​

Додситонӣ: Гунаҳкор ёфт нашуд. Падари Умар: 350 000 сомонӣ ҷуброн диҳед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
Линки мустақим

Тафтишот дар 2,5 сол ягон натиҷа надод. Ахиран дар бораи боздоштани парвандаи ҷиноятӣ қарор баромад.

Умар Бобоҷонов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои Санкт-Петербурги Русия, ки ба иддаои наздиконаш гӯё аз сӯи маъмурони пулис барои риш доштан латту кӯб шудааст, моҳи сентябри соли 2015 баъд аз як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористон даргузашт. Даъвои наздикони Бобоҷонов аз аввалин ҳолатҳои талаби зарар барои тафтиши беҳосил аз мақомоти Тоҷикистон будааст.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Падари Умар Бобоҷонов аз Додситонии кулл 350 000 сомонӣ ҷуброн хост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00

“Тафтише, ки гунаҳкорро пайдо накард”

Гулчеҳра Холматова, вакили дифоъ, ки аз ҳаққи волидони Умар Бобоҷонов дар додгоҳ ҳимоят мекунад, гуфт, давоми 2,5 соли тафтиши қазияи марги фарзанди зерҳимояаш мақомот касеро ба ҷавобгарӣ накашиданд. Ба қавли Гулчеҳра Холматова, тасмим барои талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз Додситонии кулл дар ҳоле гирифта шуд, ки ахиран мақомоти додситонӣ парвандаи ҷиноятӣ дар робита ба қазияи марги Умар Бобоҷоновро боздошт ва тафтиши ин қазия ҳам дигар хотима ёфт.

Гулчеҳра Холматова
Гулчеҳра Холматова

“Тафтишот дар давоми 2,5 сол ягон натиҷа надод. Ахиран дар бораи боздоштани парвандаи ҷиноятӣ қарор баромад. Ба хотири онки гунаҳкорро пайдо накарданд”, - гуфт Холматова.

Дар рӯзи аввали мурофиа барои талаби ҷуброни зарари маънавӣ аз Додситонии кулл ҷонибҳо ба натиҷае нарасиданд. Қарор буд, ки мурофиа пеш аз зуҳр баргузор шавад, аммо ба сабаби вуҷуди нуқс ё камбуд дар санадҳои намояндаи додситонӣ баррасии даъво ба рӯзи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Таҷаммӯи сокинон дар назди бемористони шаҳри Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ
Таҷаммӯи сокинон дар назди бемористони шаҳри Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ

​Додситонӣ: “Гунаҳкор ёфт нашуд”

Масъулини Додситонии кулли Тоҷикистон ҳамчун ҷониби ҷавобгар дар ин даъво то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд. Намояндаи Додситонии кулл, ки рӯзи 5-уми декабр ба мурофиаи додгоҳӣ ҳозир шуда буд, нахост дар ин бора суҳбат кунад.

Аммо дар як қарори Додситонии шаҳри Ваҳдат, ки нусхааш рӯзи 5-уми декабр ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, бо вуҷуди талошҳои зиёд гунаҳкор муайян нашуд. Тибқи иттилои Додситонии шаҳри Ваҳдат дар робита ба марги Умар Бобоҷонов қаблан бо моддаи 110-и қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ, (қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ) парванда боз шуда буд. Ин иттиҳом аз 12 то 15 соли зиндонро пешбинӣ кардааст.

Дар пайи марги Умар Бобоҷонов дар ду соли қабл Додситонии кулли Тоҷикистон парванда боз карда, таҳқиқи қазияро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, таҳти назорат гирифта буд. Аз ҷумла, он вақт Рамазон Раҳимзода барои таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ тафтишотӣ таъсис дод, вале баъдан дар бораи натиҷаҳои ин таҳқиқот гузорише нашуд. Наздикони Умар Бобоҷонов бовар доранд, ки гуруҳи тафтишотӣ дар робита ба марги ӯ ягон натиҷа ба даст наовард.

Навор аз бойгонӣ:

Наздикони Умар мегӯянд, ки ӯро барои ришаш латту кӯб кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

“Таърихчаи қазияи марги Умар Бобоҷонов”

Умар Бобоҷонов, сокини шаҳри Ваҳдат охири моҳи августи соли 2015 аз ҷониби мақомоти интизомӣ боздошт шуда, баъди як ҳафта дар бемористон даргузашт. Абдулло Бобоҷонов – бародари Умар Бобоҷонов қаблан дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бародарашро шоми 28-уми августи соли 2015 кормандони пулис барои гӯё риш доштанаш мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ин ҳарфҳоро Зоҳирҷон Соҳибов, яке аз дӯстони Умар, ки ҳангоми ҳодисаи латту кӯб бо ӯ будааст, низ тасдиқ карда буд.

Ӯ гуфт, "мо дар маркази шаҳри Ваҳдат, дар назди муҷассамаи “Модар” сайругашт доштем, ки ногаҳон се мошин омад ва 6-7 нафар аз онҳо берун шуданд. Онҳо ману Умарро ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд. Латту кӯб карданд. Субҳи 29-уми август Умарро ба бемористон овардем, ки ҳолаш хеле вазнин буд."

Умар Бобоҷонов баъди як ҳафтаи беҳушӣ дар бемористони шаҳри Ваҳдат даргузашт. Дар пайи ин ҳодиса даҳҳо сокини шаҳри Ваҳдат дар назди бемористон ҷамъ омада, аз мақомот хостори одилони таҳқиқи ҳодиса ва ҳамин тавр боздошту муҷозоти омилони марги Умар Бобоҷонов шуданд.

Дар ҳоле ки хонаводаи Умар Бобоҷонов иддао доранд, ки ӯ барои риш мавриди латту кӯб қраор гирифта, баъдан дар бемористон даргузашт, дар суҳбатҳои ҷудогона бархе аз маъмурони пулиси шаҳри Ваҳдат гуфта буданд, ки гӯё Умар Бобоҷонов шаби 28-уми августи соли 2015 дар ҳолати мастӣ буд ва ба ҷӯйбори бетонӣ сарозер шуда, аз ҳуш рафт.

Навор аз бойгонӣ:

Афсарони умури дохилии Ваҳдат қазияи Умар Бобоҷоновро шарҳ доданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:20 0:00

Шарҳҳоро бинед (4)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG