Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубодилаи асирон миёни ҳукумат ва ҷудоихоҳон дар Украина (14 АКС)


Ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия рӯзи ҷумъаи 26 декабр садҳо асир ва зиндонии якдигарро мубодила карданд.

Созиш дар мавриди табодули асирон ва зиндониён ва асирон миёни ҳукумати марказии Украина ва ҷудоихоҳон дар шарқи он кишвар, рӯзи 24 декабр дар шаҳри Мински Белорус ҳосил шуда буд. Дар ин даври музокирот намояндагони Украина, Русия, ҷудоихоҳони тарафдори Маскав, Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ширкат доштаанд. Онҳо рӯзи ҷумъа низ дидор ва гуфтугӯҳои видеоии дигаре баргузор карданд ва санади наверо имзо карданд. Дар пайи он мубодилаи асирон дар Донест-- ҷое, ки ҷудоихоҳон қисмати калони онро дар ихтиёр доранд, анҷом шуд.

Аммо хабаргузориҳо мегӯянд, ки тарафҳо натавонистанд ба тавофуқи муҳиме даст ёбанд. Хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, ҳукумат ва ҷудоихоҳон танҳо дар мавриди камаҳамияттарин бахш аз чаҳор мавриди ихтилофи аслӣ миёни худ, яъне мубодилаи асирон ба натиҷа расидаанд. Шумораи зиндониён ва асирони мубодилашуда 222 ҷудоихоҳ ва 145 сарбози ҳукумати Украина гуфта шудааст.

Ҳукумати Украина рӯзи ҷумъа роҳҳои аслии автобус ва роҳҳи оҳан ба нимҷазираи Қримро, ки Русия онро ба қаламрави худ пайваст кард, бастааст. Аммо табодули асирон, умедҳоро барои оташбаси доимӣ зинда карда ва намунаи хубе аз ҳамкории ду ҷониб барои расидан ба тавофуқи ниҳоӣ ва сулҳи пойдор, дониста мешавад.

Масоили дигари мавриди музокироти ҷонибҳо, даст ёфтан ба оташбас, эҷоди минтақаи ғайринизомӣ, ва нигаҳ доштани нерӯҳои ду тараф дар марзи ин минтақа ба шумор меравад. Чунин тавофуқ дар моҳи сентябр низ ҳосил шуда буд, аммо борҳо шикаста шуд. Аммо тибқи гузоришҳо, давоми ҳафтаҳои ахир шиддати хушунатҳо камтар шудааст. Дар даргириҳои Украина то кунун наздик ба 4700 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG