Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи ду зани маргталаб Узбакистонро ба по хезонд


Ниҳодҳои қудратии Узбакистон ба ҷустуҷӯи ду зане машғуланд, ки ба қавли онҳо дар миёнашон "камарбанди шаҳидӣ" дошта, бо туфангчаву норинҷак низ мусаллаҳанд. Аксҳои тахминии ин занон паҳн шудааст.

Мақомоти қудратии Узбакистон ба ҷустуҷӯи ду зане дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона камар бастаанд, ки аз онҳо ба унвони "маргталаб" ном бурда мешавад. Ба иттилои расмӣ, ин занон бо худ туфангча ва норинҷак мусаллаҳ дошта, дар миёнашон "камарбанди шаҳидӣ" бастаанд.

Вуҷуди ду зани ношинос, аммо "хатарнок" баъд аз он паҳн шудааст, ки шоми 16 август ба хонаи ба камияш ду сокини ноҳияи Риштон ҳамла карда, дар ивази накуштан аз онҳо пул талаб намудаанд. Як манбаи бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ин занҳо шаби 16 август ба хонаи яке аз сокинони рустои "Калайнов"-и ноҳияи Риштон ворид шуда, вале танҳо баъд аз доду фарёди соҳибхона берун рафтаанд. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Фарғона мегӯянд, ки аммо ин занон аз хонаи дигари сокини Риштон 500 ҳазор сум, муодили 108 доллар гирифтаанд.

Дар маълумоте, ки зери аксҳои тахминии ин ду зан навишта шудааст, онҳо то 35 сол дошта, чеҳраи яке аз онҳо ба туркҳо шабоҳат доштааст. Дар он ҷо гуфта мешавад, ки ин ду зан “камарбанди шаҳидӣ” дошта, бо туфангча ва норинҷаки дастии Ф-1 низ мусаллаҳанд. Ҳоло дар робита ба ин қазия додситонии вилояти Фарғона парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, баъд аз ин ҳодиса ба марзи миёни Узбакистон бо Қирғизистон нерӯҳои иловагӣ ирсол шудааст. "Ҳоло тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ин амалиёт ҷалб шудаанд. Аз ҳар як ниҳоди қудратӣ даҳ гурӯҳӣ ташкил шудааст. Фақат аз вилояти мо дар ин амалиёт садҳо тан иштирок доранд. Аз Тошканд низ барои ёрӣ кормандони Хадамоти амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ омадаанд," -- гуфтааст як манбаъ аз ниҳодҳои қудратии Узбакистон.

Баҳодур Элибоев -- ҳомии ҳуқуқ дар ноҳияи Риштон мегӯяд, дар пайи хабари пайдо шудани ду зани маргталаб дар минтақаи онҳо посбонии шабона ташкил шудааст. Ба қавли ӯ, гурӯҳи посбонҳо муваззаф шудаанд, ки тамоми шаб хоб накарда, амният дар ноҳияи Риштонро тамъин намоянд.

"Дар ҳоли ҳозир, воқеан, Риштон аз чор тараф аз сӯи низомиҳо печонда шудааст. Онҳо худравҳо ва махсусан занҳоро таҳти тафтиш қарор медиҳанд," -- афзудааст Элибоев.

Ҷустуҷӯи ду зани маргталаб дар ҳоле дар Узбакистон ҷараён дорад, ки дар оғози моҳи августи соли ҷорӣ таҳриру иловаҳо ба қонун "Дар бораи шаҳрвандӣ"-и ин кишвар ба ҳукми иҷро даромад. Ва бар асоси он касе "зидди сулҳу амният" кор мекунад, аз ҳаққи шаҳрвандии Узбакистон маҳрум хоҳад монд.

Тарҳи қонун "Дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Узбакистон", ки ахиран аз ҷониби Ислом Каримов имзо шуда матнаш рӯзи 11 август дар матбуоти расмӣ нашр гардид, қаблан аз ҷониби парлумони Узбакистон таҳия ва тасвиб шудааст. Дар қонуни нав гуфта мешавад, ки шахс аз шаҳрвандии Узбакистон дар ҳолате маҳрум мешавад, ки бо фаъолиятҳояш ба манфиати давлати хориҷӣ кор карда, ба ҷомеа ва давлати худ осеб расондааст ва ё ҷиноятҳое содир кардааст, ки алайҳи сулҳу амнияти кишвар равона шудаанд.

XS
SM
MD
LG