Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ ва Саидҷалол – қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба гуштии кураш


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи IX қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии кураш дар шаҳри Истамбули Туркия ду медали тилло ва ду нишони нуқра ба даст оварданд.

Саидҷалол Саидов дар вазни то 81 кг ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии кураш даст ёфта, бо медалҳои тилло мукофотонида шуданд. Дар даври ниҳоӣ Саидҷалол бар рақибаш Бектош Сафарови узбакистонӣ ва Комроншоҳ бар Алӣ Муҳаммадниёи эронӣ ғалаба карданд.

Ду намояндаи дигари Тоҷикистон - Исмоил Боймуродов дар рақобатҳо дар вазни то 66 кг ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни беш аз 100 кг бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Исмоил дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Сӯҳроб Худойбердиеви узбакистонӣ мағлуб шуд. Муҳаммадмурод дар даври ниҳоӣ аз Файёз Езесӣ аз Туркия шикаст хӯрд.

Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки миёни мардону занон баргузор шуд, варзишгарони беш аз 50 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон шоми душанбе, 16-уми декабр, хабар дод.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи қаҳрамонии гуштии кураши ҷаҳон байни мардон

Вазни то 60 кг.

1
. Беҳзод Ваҳданӣ (Эрон). 2. Игор Домшчиков (Украина). 3. Марат Оразов (Туркманистон). 3. Минҳ Фу Фам (Вйетнам).

Вазни то 66 кг.

1. Сӯҳроб Худойбердиев (Узбакистон). 2. Исмоил Боймуродов (Тоҷикистон). 3. Алӣ Раҳмонӣ (Эрон). 3. Олексий Чертил (Украина).

Вазни то 73 кг.

1. Фаёз Файзуллоев (Узбакистон). 2. Алика Наниеви (Гурҷистон). 3. Ҳодӣ Қадимӣ (Эрон). 3. Такери Нобияши (Ҷопон).

Вазни то 81 кг.

1
. Саидҷалол Саидов (Тоҷикистон). 2. Бектош Сафаров (Узбакистон). 3. Илёс Аминёрӣ (Афғонистон). 3. Муҷтабо Қодирӣ (Эрон).

Вазни то 90 кг.

Комроншоҳи Устопириён (Тоҷикистон). 2. Алӣ Муҳаммадниё (Эрон). 3. Зафар Бӯриев (Узбакистон). 3. Георгӣ Иадзе (Гурҷистон).

Вазни то 100 кг.

1. Тедор Мазманидиз (Гурҷистон). 2. Ҳоҷат Раҳнамоҷозан (Эрон). 3. Икромиддин Аҳмадӣ (Афғонистон). 3. Теофилактос Ангелидис (Юнон).

Вазни беш аз 100 кг.

1. Фаёз Езесӣ (Туркия). 2. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (Тоҷикистон). 3. Мӯҳсин Ҳисомиддинов (Узбакистон). 3. Масъуд Ҳоҷипур (Эрон).
XS
SM
MD
LG