Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди ду зани тоҷик аз Дубай


Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Имороти Муттаҳидаи Араб ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз қаламраваш хориҷ кардааст.

Имороти Муттаҳидаи Араб ду шаҳрванди Тоҷикистонро аз шаҳри Дубай берун кардааст. Ин ҳодиса моҳи январ сурат гирифта, шахсияти ин ду нафар, ки ҳарду ҳам зан будаанд, ошкор нашудааст. Абдураҳмон Аюбов, консули генералии Тоҷикистон дар Дубай рӯзи 8 март дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин ду зан баъди боздошт аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ин кишвари Арабӣ, дар моҳи декабри соли 2015, аз мулоқот бо дипломатҳои консулгарии Тоҷикистон даст кашиданд ва шахсияти онҳо барои мақомоти тоҷик пинҳон мондааст. Абдураҳмон Аюбов гуфт, ки дар ривояти аввалияи боздошти занҳо "эҳтимоли танфурӯшӣ" вуҷуд дошт, вале ин фарзия баҳсбарангез ва ғайри қобили таъйид буд. Билохира, мақомоти Дубай қарор карданд, ки ин занҳоро аз қаламрави кишвар хориҷ кунанд.

Ниҳоят, моҳи январи соли равон ду зан аз қаламрави Иморати муттҳаидаи Араб истирдод шуда, аммо на ба Тоҷикистон, балки бо ҳавопаймо ба кишвари дигар парвоз кардаанд. Ба иттилои Аюбов, соли 2015 дар хоки ин кишвар 7 ҳодисаи боздошт ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар танфурӯшӣ ошкор шудааст. Ду нафари онҳо, гуфт ӯ, қурбони тиҷорати сиёҳи танфурӯшӣ буда, дигарҳо огоҳона ва бо кӯмаки миёнаравҳова кордиҳандагони ин бизнеси пасипардагӣ ба ин ҷода ҷалб шуданд.

Абдураҳмон Аюбов гуфт, хабари боздошти як зани 27-сола тоҷик бо гумони равобити номаҳрам бо як марди покистонӣ ва нигаҳдошти маводи мухаддирро феълан тасдиқ ё рад карда наметавонад. Ин хабар рӯзи 8 март дар интернет пайдо шуд. Ӯ гуфт, ки дипломатҳои тоҷик қазияро таҳқиқ мекунанд ва баробари дарёфти хабари қобили эътимод, бо радиои Озодӣ дар миён мегузоранд.

Дар хабари ахири гуфта шудааст, ки додгоҳи Дубай бояд ҷурми ин ҷуфти хориҷиро дар заминаи равобити номаҳрам ва нигаҳдории маводи мухаддир дар яке аз меҳмонхонаҳои Дубай мушаххас кунад. Ба иттилои расмӣ, дар Имороти Муттаҳидаи Араб феълан ҳудудан 2500 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил ва кору зиндагии доимӣ доранд, вале шумори корҷӯёни муваққат коҳиш ёфтааст.

Абдураҳмон Аюбов гуфт, ки таъсири бӯҳрони иқтисодӣ ба бозори кори ин кишвар боиси кам шудани шумори муҳоҷирони тоҷик дар Иморот шуд. «Мо бисёр мехоҳем, ки мисли шаҳрвандони кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон ҳамватанони бештари мо ҳам омада дар ин кишвар бо кори расмӣ машғул шаванд, вале ҳанӯз шумори онҳо хеле кам аст». Ба иттилои ӯ, тоҷикон дар ин кишвар асосан дар соҳаи савдову тиҷорат кор мекунанд.

Имороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Дубай яке аз маъруфтарин макони сафари шаҳрвандони Тоҷикистон буда умдатан бо ҳадафи истироҳат, савдо ва ҳам пешбурди бизнесу тиҷорат истифода мешавад. Вале айни замон, ин кишвар макони фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноии азиме ҳам номбар мешавад, ки аз ҳисоби бизнеси танфурӯшӣ, ё ташкили фоҳишахонаҳои пинҳонӣ ва бо ҷалби занҳои хориҷӣ пули калон ба даст меоранд. Ҳар сол созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар гузоришҳояш аз раҳоии гаравгонҳои бизнеси бозори танфурӯшӣ дар ин кишвар хабарҳо пахш мекунад ва мегӯяд, ки баъди пошхӯрии шӯравӣ ва ҳам осон шудани имкони сафар барои шаҳрвандони Шӯравии собиқ, дар миёни қурбониёни одамрабоён ҳамакнун занҳои тоҷику ӯзбаку қирғиз ҳам ба чамш мехӯранд.

Мақомоти тоҷик бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ин ҳодисаҳо сафари занону духтарони ҷавон ва муҷаррадро маҳдуд кардаанд, вале бо ин вуҷуд, гоҳо шаҳрвандон аз ин муқаррарот бо кӯмаки миёнаравҳо фирор карда вориди Иморати Муттҳаидаи Араб мешаванд.

XS
SM
MD
LG