Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии ду бознишаста бар Оҷонсӣ дар Додгоҳи Конститутсионӣ


Ду нафар бознишаста аз шаҳри Душанбе Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро, ки нахост ба онҳо нафақа бидиҳад, ба додгоҳ кашонида, билохира пирӯз шуданд. Додгоҳи Конститутсионӣ пас аз баррасии арзи ин ду нафар бознишаста, Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро ӯҳдадор кард фармоишашро, ки монеи пардохти нафақаи онҳо шудааст, ислоҳ кунад.

Бознишастагон Хуррамов ва Ҳасанов солҳои тӯлонӣ ба ҳайси ронандаи локомотивҳо дар идораи “Роҳи оҳан”-и Тоҷикистон кор кардаанд ва аз рӯи ин пешаашон ҳақ доштанд дар 58-солагӣ ба нафақа бароянд. Моҳи июли соли равон бо расидан ба сини 58-солагӣ, асноди заруриро ба идораи таъмини нафақаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт пешниҳод карданд, аммо посухи рад гирифтанд.

Моҳҳои сарсонӣ ва мукотиба бо идораҳои гуногун, ин ду бознишастаро аз азмашон дар дарёфти нафақа бознагардонд. Онҳо Оҷонсии нафақаро ба Додгоҳи Конститутсионӣ кашониданд, чун ҳуқуқҳои худро поймолшуда дарёфтанд.

Ин идора бо такя ба як фармоиши Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дархости онҳоро рад карда, нафақа таъин накард. Ба дархости навбатии онҳо ҳам Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон посухи рад дод. Дар Тоҷикистон шурӯъ аз аввали соли равон қонуни нави нафақа ба иҷро даромад ва пас аз ин ҳудуди 2 ҳазор нафар, ки синашон барои гирифтани нафақаи касбӣ расида буд, аз он маҳрум монданд.

Зикрулло Ҳамидов, роҳбари Иттифоқи роҳиоҳанчиёни Тоҷтикистон рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то ба иҷро даромадани муқаррароти қонуни нав, “нафақаи онҳое, ки дар шароити махсуси корӣ фаъолият кардаанд, аз 58 солагӣ то ба 63 солагӣ, кордиҳанда ҷуброн мекард ва Оҷонсии нафақа онро ба нафақагир медод. Аз аввали сол қонуни нави нафақа мавриди амал қарор гирифт ва бо фармоиши Оҷонсии нафақа пардохти нафақаҳои касбӣ манъ шудааст”.

Ҳамидов афзуд, айни замон ҳудуди 2 ҳазор нафар коргароне, ки солҳои тӯлонӣ дар корҳои барои саломатӣ зарарноке мисли кафшергари газӣ, ронандаи локомотив ва монанди ин фаъолият кардаанд, бе нафақа мондаанд.

Оҷонсии нафақаи Тоҷикистон таъини нафақа ба чунин афродро бо фармоиши рақами №6 «Дар бораи гузариши пурра ба низоми нави таъминоти нафақаи шаҳрвандон ва тартиби таъйини нафақаҳо аз 1 январи соли 2017», қатъ кардааст.

Моҳҳои сарсонӣ ва мукотиба бо идораҳои гуногун, бознишастагон Хурамов ва Ҳасановро аз азмашон дар дарёфти нафақа бознагардонд. Онҳо Оҷонсии нафақаро ба Додгоҳи Конститутсионӣ кашониданд, чун ҳуқуқҳои конститутсионии худро поймолшуда дарёфтанд. Додгоҳи Конститутсионии Тоҷикистон аризаи ин ду бознишастаро баррасӣ карда, фармоиши Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро хилофи қонунҳои Тоҷикистон эътироф кард.

Ин додгоҳ дар ҳукмаш, ки рӯзи 8-уми декабр содир шуда, матни он рӯзи 19-уми декабр дастраси Радиои Озодӣ шуд, Оҷонсии нафақаро ӯҳдадор кардааст, то сархати якуми фармоишашро аз 30-уми январи соли равон, ки боиси аз нафақа маҳрум мондани наздик ба 2 ҳазор нафар шудааст, ба қонунҳои кишвар “мувофиқ гардонад”.

Назокат Одинаева.
Назокат Одинаева.

Назокат Одинаева, муовини раиси Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, “аз соли 2013 қонун «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ» қабул шуд. Аммо то ба ҳол механизми пардохти маблағ аз ҷониби корфармо ба коргар муайян нашудааст. Ҳоло ин механизм дар ҳоли муайяншавӣ аст. Бо муайян шудани ин механизм, нафақаи чунин шахсон таъин ва пардохт карда мешавад”.

Додгоҳи Конститутсионӣ дар ҳукми содиркардааш ба Ҳукумати Тоҷикистон ва Оҷонсии нафақа дастур додааст мушкилот дар таъмини шаҳрвандон ба нафақаҳои касбиро бартараф кунад. Бинобар иттилои ахири Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар кишвар 66 ҳазору 610 нафар нафақахӯр ба сар мебаранд. Айни замон андозаи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ 272 сомонӣ аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG