Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли ду зан аз Тоҷикистон аз сӯи ду муҳоҷир


Пулиси Санкт-Петербург мегӯяд, ду бародар -- шаҳрвандони Тоҷикистонро бо гумони қатли ваҳшиёнаи ду зан ки низ аз Тоҷикистон гуфта мешаванд, боздошт кардааст.

Раёсати Кумитаи тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург дар торнамои расмиаш навиштааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар куштори ду зани муҳоҷир аз Тоҷикистон боздошт кардааст. Бино бар фарзияи ин манбаъ, қатли занон бар сари нафрату хусумат ба вуқӯъ пайвастаааст.

Хабаргузории "Интерфакс" ба нақл аз манбаи худ дар мақомоти тафтишотӣ гуфтааст, дар пайванд ба ин куштор муҳоҷирони тоҷик, бародарон Охунҷон ва Акмал Носировҳо боздошт шудаанд. Охунҷон 22-сола ва бародараш Акмал 30-сола аст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00
Линки мустақим

Бино бар маълумоти пешакӣ, ҷасади занон дар боғи Ново-Орлово, дар минтақаи кони Шувал, дар наздикии хонаи 30-юми кӯчаи Заповедная дар ҳоле кашф шудаанд, ки сари онҳо ба халтаҳои селофанӣ печонда шуда, онҳо аз нафастангӣ фавтидаанд. Дар гардани онҳо пайи хуни ҷамъшуда ба мушоҳида расидааст. Ҷасадҳо аз ҳам дар фосилаи 20 метр хобида, дастони яке аз занон баста будаанд.

Бино бар фарзияи муфаттишон, субҳи шанбеи 11-уми июл бародарон Носировҳо дар мулоқот бо як зани 34-сола Мадина Ҷамбулова ва ҳамватани дигари ӯ, ки ҳувияташ шиносоӣ нашудааст, вориди баҳс шуда, онҳоро латукӯб кардаанд. Бо қатли занон ва ба сари онҳо кашидани халтаҳои селофанӣ, бародарон аз ҷои воқеа ғайб задаанд ва аммо пулис намегӯяд, чӣ гуна дар пайи онҳо афтод ва чунин зуд боздошташон кард.

Дар ҳоле ки ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаргузориҳои Русия паҳн мешавад, Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, парванда зери назорати вижаи ин ниҳод пажӯҳиш хоҳад шуд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:05 0:00
Линки мустақим

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз 1 миллион нафар гуфта мешавад. Ҳар сол, бино ба омори расмӣ, беш аз 1000 нафар аз онҳо дар ғурбат аз ҷумла бо марги ҷабрӣ ҷон медиҳанд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ мавридҳои ҳалокати муҳоҷирони тоҷик дар Русияро назар ба омори расмӣ хеле бештар ҳисоб мекунанд.

XS
SM
MD
LG