Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду тоҷик барои узвият дар созмони "Ат-Такфир-вал-Ҳиҷра”


Яке аз боздоштшудаҳо. Акс аз сомонаи mvd.ru
Яке аз боздоштшудаҳо. Акс аз сомонаи mvd.ru

Ду зодаи Тоҷикистон дар вилояти Маскав бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави "Давлати исломӣ" дастгир шудаанд.

Додгоҳи ноҳияи Шёлковои вилояти Маскав рӯзи 28 октябр ҳукми ҳабси ду зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми ғоратгарӣ ва ҷалби афрод ба сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” содир кард. Тафтишот мегӯяд, ин ду нафар узви гурӯҳи “Ат-Такфир-вал-Ҳиҷра” буда, сокинони Русияро барои пайвастан ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ташвиқ мекарданд. Хабаргузории РИА Новости менависад, ин ду зодаи Тоҷикистонро дар пайи ғорати як мошин дастгир кардаанд ва ҳангоми кофтукоби манзили иҷораи онҳо ду зани русеро ҳам пайдо кардаанд, ки алакай таҷрибаи сафар ба Сурия ва ҷанг дар сафи гурӯҳҳои тундравро доштаанд.

Сомонаи расмии вазорати умури дохила видеои боздошти ин ду нафарро нашр кардааст:

ВИДЕО

Бино ба гузориши ин сомона, боздоштшудаҳо узви созмони мазҳабии ифротгарои “Ат-Такфир-вал-Ҳиҷра” буданд ва ин созмон, ба гуфтаи Елена Алексеева, сухангӯи вазорати дохилаи Русия, “истифодаи хушунат алайҳи афроди ғайримусалмон, ҳамчунин ҳамдинонеро, ки ақидаҳои тундравонаи ин созмонро тарафдорӣ намекунанд, ташвиқ мекунад.”

Вазорати умури дохилаи Русия мегӯяд, шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон қаблан низ бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум шуда буданд.

Гуфта мешавад, онҳо бо истифода аз силоҳ мошин ва пулҳои як сокини маҳаллиро дар шаҳри Шёлково рабуда, ба ӯ ба маблағи 1,5 миллион рубл, муодили тақрибан 24 000 доллар зиёни молӣ расондаанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, далелҳои ёфтшуда дар манзилҳое, ки аъзои ин гурӯҳ ба сар мебурданд, нишон медиҳанд, ки онҳо “дар байни мардум ба таври фаъолона корҳои тарғиботӣ мебурданд ва шаҳрвандонро ба ширкат дар ҷиҳод дар ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ҷалб мекарданд. “

"Давлати исломӣ" як созмони тундравест, ки соли гузашта бахши аъзаме аз қаламравҳои Ироқу Сурияро тасарруф кард. Ин созмон бо қатлҳои бераҳмонаи мухолифон ва асиронаш ном баровардааст ва иддаои сохтани "хилофат"-и воҳид дар саросари дунёро дорад. Бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон, ин созмонро ба "рӯйхати сиёҳ"-и созмонҳои ифротиву террористӣ шомил кардаанд.

Бино ба оморҳо, беш аз 600 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳи тундрав пайваста, то имрӯз 150 нафари онҳо дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҷон бохтаанд.

Фаъолияти “Давлати исломӣ” дар бисёре аз кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Русия ва Тоҷикистон расман манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG