Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбарони ҳуҷум ба сохтмончиёни Хоруғ ошкор шуданд


Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ гуфт, ки афроди гумонбар ба ҳамла болои сохтмончии маҳаллӣ ихтиёран таслим шуданд.

Сардори Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ рӯзи 3-юми май дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки ахиран “панҷ нафар худихтиёрӣ ба мақомот таслим шуданд”.

Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки гуноҳи се муттаҳаме, ки бо гумони ҳамла ба сохтмончиён дар боздошт буданд, тасдиқи худро наёфт ва онҳо озод шуданд.

Полис ҳуввияти ҳамлагаронро муайян кардааст. Ба гуфтаи сардори шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хоруғ Бандалӣ Бандалиев, феълан ду нафар аз рӯи ин ҳодиса дар боздошт ба сар мебаранд ва нақши эҳтимолии се гумонбари дигари ин ҳамла таҳқиқ мешавад.

Бандалиев гуфт, ки ин афрод “зери фишори ҷомеи шаҳрвандӣ, ки намехоҳад моҷаро бо сохтмончиён баҳони дигаре барои баҳам задании вазъ дар маркази вилоят гардад, маҷбур шуданд, ки худро ба мақомот супоранд”. Вай гуфт, ки пурсиши пешакӣ муайян кард, ки ин моҷаро дар заминаи авбошӣ ба вуқӯъ пайвастааст.

Ёдовар мешавем, ки моҷаро бо сохтмончиён шоми 24-уми апрел рух дода, як сохтмончӣ ба бемористон интиқол ёфт. Тавре матбуоти маҳаллӣ хабар дод, ҳамлагарон ба сохтмончиён Рустам Тошмуродов ва Алишер Чақалов бо гумони аъзои гурӯҳи вижаи Кумитаи давлатии амнияти миллии "Алфа" будани онҳо дарафтодаанд. Вале ин хабарро мақомоти расмӣ таъйид намекунанд. Тибқи иттилои ходимони полиси Хоруғ, ин қазия аз рӯи парвандаи "авбошӣ" таҳқиқ мешавад.

Аз рӯи иттилои Озодӣ, рӯзи дигари баъди ин ҳодиса мақомоти вилояти Бадахшон ва шаҳри Хоруғ, ки ба манзури ширкат дар ҷаласаи якҷояи парлумон мерафтанд, аз ноҳияи Дарвоз дубора ба Хоруғ баргардонида шуданд. Раиси вилоят дар мулоқот бо намояндагони шаҳр дар маҳаллаи Тирчид талаб кард, ки ҳамлагарон базудӣ ошкор ва ба мақомот супурда шаванд. Сокинони шаҳр мегӯянд, ки ҳамзамон бегоҳии он рӯз дар маҳалли Тирчид зиреҳпӯш ва афроди мусаллаҳи раёсати амнияти вилоят гаштугузор карданд.

Дар хамин ҳол сокинони Хоруғ Раёсати амнияти миллии вилоятро ба кӯшиши ноором кардани авзоъ бо истифода аз моҷарои мазбур, муттаҳам мекунанд. Ба бовари онҳо, тобиши сиёсӣ бахшидан ба ҳодисаи маъмулии авбошӣ, боис шудааст, ки вазорати тандурустии кишвар оҷилан барои кӯмаки шахси зарардида се пизиши варзидаро фиристода ва мақоми аввали ҷумҳурӣ, руасои вилоят ва шаҳрро аз нимароҳ ба суйи Душанбе, ба Хоруғ бозпас гардонад.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG