Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов – ду сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон – баъди газидани канаи гов ба бемории таби хунин (лихорадка) гирифтор шуда ва дар бемористон ҷон додаанд. Мақомоти Бохтар 14 июл дар суҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки Фотима Қосимова 48 сол дошта, Сафархон Шарифов ҳамагӣ 17-сола буд ва дар синфи даҳум мехонд.
Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Бохтар ба Озодӣ гуфт, Сафархон Шарифов ҳамроҳи модараш Гулчеҳра Шарифова ба бемористон интиқол ёфта, вале табибон тавонистаанд танҳо дувумиро наҷот диҳанд.
Аз даргузашти ин ду нафар бар асари таби хунин ба камияш чор рӯз гузаштааст, аммо мақомот тоза ин хабарро дар суҳбат бо Озодӣ тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, дар ҳоли ҳозир боз се сокини минтақа аз таби хунин ранҷ мекашанд ва пизишкон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ тамоми чораҳоро андешидаанд. "Ин се нафар бо Фотима Қосимова ва Сафархон Шарифов ҳеҷ пайванди хешутаборӣ надоранд. Ҳоло онҳо таҳти назорати табибон ҳастанд," - гуфтанд дар ҳукумати ноҳияи Бохтар.
Сайдулло Маллазода, сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Хатлон низ дар суҳбат бо Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард. Вай гуфт, бемории хатарбори таби хунин рӯзи 5 июл дар ноҳияи Бохтар сабт шуда, то кунун тамоми талошро кардаанд, ки миқёси ин беморӣ васеътар нашавад.
Ӯ афзуд, "ҳоло дар ҳама шаҳру навоҳии минтақа бо мардум кор мекунем. Мардумро аз хатари ин беморӣ огоҳ карда ва ба онҳо мефаҳмонем, ки чигуна бояд худро эмин доранд ва ё дар ҳолати гирифторӣ зуд ба пизишкон муроҷиат кунанд."
Дар ҳамин ҳол, Раҷабалӣ Юлдошев, муовини додситони вилояти Хатлон гуфт, сабти бемории сироятии таби хунин дар ноҳияи Бохтар онҳоро низ нигарон кардааст. Вай гуфт, ин беморӣ вазъи начандони хуби санитарию эпидемиогоиро бозгӯ мекунад, ки ҳоло мавриди санҷиш қарор гирифта, хулосааш дертар эълон хоҳад шуд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ним соли гузашта панҷ ҳолати гирифторӣ ба таби хунин дар кишвар ошкор шудааст.
Пизишкон бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта дар муддати 3-5 рӯз зери назорат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад гашт.
Агар давраи фаолияти кории Рудакиш бошад. Бояд собик прокуроршам Мадвали Исева дела кунан. Ерламчии прокурор хечвакт бе маслизати прокурор и кора намекуна
Ба хабарнигор даст бардоштан дар давлати "демукроти" боварам намеояд. Агар имруз котеъона пеши рохи ин беадолатиро нагирем погох дер мешавад. Озоди гунахгоронро ба суд дихед. Бигузор дар назди конун чавоб диханд.
Заминро хамон калоншавандахо раису пракрору милитсия мегирад бечора дехкон омузгор духтур намегирад бад мегуянд корманди ёрии тачилиро бо гумони гирифтани як сомони дастгир кардем аз пракурору карупсияю милитсияро бо гирифтани садхо хазор дастгир намекунанд
Ман худам имруз шохиди ходисае будам. Нозири минтака 70сом пули баркро аз худ карда дар мохи 28.02.21. Имруз нозири дигар омадааст ки Шумо карздорен. Мохи февральро насупоридаен. Мардум месупорад...нозири минтака не. Чек додаааст раками якхела...Баъд мардум гунахкор ё нозирон хонахои бодабдабаи нозирон. Мишин.рафта бинен. Комиссия карда аз кучо ин кару фархо...
Чинояткори кардааст, бояд чазояшро гирад, хеч шаке нест. Аммо, боздошти чиняткорон дар Точткистон хоситхои худро дорад- одатан чиняткоронро "кадрхои " нохияхои "хоким" ошкор, ба монанди Рустамчон ошкор мекунанд, ва чиняткорон аз нохияхои ба монанди нохияхои вилояти Сугд мебошанд. Яаъне ошкоркунии чиноятхои иктисоди низ чехраи махалгарои дорад. Дар нохияи мо панч сол як ахли нохияи хоким омада "кор" кард, дунё - дунё заминхоро фурухт, пули калон "кор кард" хокими дигар нохия шуда рафт, депутати Мачлис шуд. ОЧОНСИИ ЗИДДИ ФАСОД, чинояткоронро боздошт кунед, аммо на аз руи махалгарои.