Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду муттаҳами қазияи пулшӯӣ дар Швейтсария бо гарав озод шуданд


Акс аз филми мустанаде дар бораи ширкати Teliasonera. Аз чап - Гулнора Каримова, аз рост - Гаяне Авакян
Акс аз филми мустанаде дар бораи ширкати Teliasonera. Аз чап - Гулнора Каримова, аз рост - Гаяне Авакян

Инҳо шахсони наздик ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон -- Ислом Каримов мебошанд.

Ду шаҳрванди Узбакистон, ки моҳи июл аз ҷониби мақомоти Швейтсария бо иттиҳоми ширкат дар амалиёти пулшӯии афроди баландпоя боздошт шуданд, бар ивази гаравпулӣ озод гардиданд.

Сухангӯи додситони федеролии Швейтсария хонум Ҷанетт Балмер дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи панҷшанбе гуфт, Алишер Эргашев ва Шоҳрух Собиров рӯзи 16-уми октябр бар ивази гаравпулӣ ба озодӣ баромаданд.

Аз ин пеш, матбуоти ин кишвар хабар дод, мақомоти Швейтсария дар суратҳисобҳои мухталифи бонкӣ 640 миллион доллар маблағро масдуд кардаанд, ки ба афроди наздик ба духтари Ислом Каримов – Гулнора робита доштаанд. Эргашев ва Собиров раҳбарони ширкати Coca-Cola-и Узбакистон буданд, ки дар гузашта моли шавҳари собиқи Гулнора будааст.

Ду шахси дигаре, ки ҳамчунин суратҳисобҳояшон дар бонкҳои Швейтсария масдуд шудаанд, Гаяне Авакян ва Беҳзод Ахмедов мебошанд. Авакян як намояндаи ширкати Takilant аст, ки ҳамчунин дар Шветсия мавриди тафтиши полис қарор дорад. Муфаттишони Шветсия ин иттиҳомро таҳқиқ доранд, ки то куҷо ширкати мухобиротии TeliaSonera ба ҳисобҳои оффшори Takilant 320 миллион долларро ба унвони ришва интиқол дода, бар ивази он, муҷаввизи ворид кардани системаи 3G-ро дар бозорҳои Узбакистон ба даст овардааст.
Авакян ҳамчунин раҳбари ширкати мӯди Dom Stilya дар Тошканд аст, ки ба Каримова тааллуқ дорад.

Ахмедов бошад, раҳбарии ширкати мухобиротии русии MTS-ро дар Узбакистон ба ӯҳда дошт. Ӯ тобистони соли ҷорӣ дар авҷи ҷанҷоли молӣ аз Ӯзбакистон фирор кард. Муфаттишон гуфтанд, ки бо сабаби иштибоҳҳои молӣ ин ширкат бояд як миллиард доллар маблағро пардохт кунад ва то он замон, муҷаввизи фаъолияти ин созмон боздошта мешавад. Дар ҷавоб Русия мақомоти Тошкандро дар кӯшиши азхуд кардани як ширкати сердаромад муттаҳам карданд.

Ҳоло маҳалли буду боши Аҳмедов маълум нест. Бо тақозои мақомоти Узбакистон дархости ҳабси ӯ ба полиси байналмилалии Interpol ироа шудааст. Моҳи гузашта як додгоҳи Тошканд Ахмедовро дар ғайбаш муҳокима ва ӯро дар тақаллуб ва сӯиистифода аз мақом айбдор кард.

Каримоваи 40-сола ҳоло раҳбарии намояндагии Узбакистон дар СММ-и Женеваро ба ӯҳда дорад. Ӯро вақтҳои охир ҷойгузини эҳтимолии падараш дар мақоми президенти Ӯзбакистон арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG