Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду радиои нав - “Садои Осиё” ва “Диёр FM


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Рӯзи 6-уми ноябр дар ноҳияи Турсунзода радиои нави “Садои Осиё” ва дар шимоли Тоҷикистон радиои “Диёр FM” ба пахши барномаҳояшон шурӯъ мекунанд.

Дар солгарди 20-уми тасвиби Сарқонуни Тоҷикистон − 6-ми ноябр - дар ин кишвар якбора ду радиои маҳаллӣ ба кор шурӯъ хоҳанд кард. Ҳарду шабака дар ноҳияҳои ҳаммарз бо Узбакистон фаъол мешаванд ва онҳо феълан аз Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон муҷаввизи фаъолият ба даст овардаанд.

Яке аз ин радиоҳо дар ноҳияи бо Узбакистон ҳаммарзи Турсунзода, тақрибан 50-километрии ғарби пойтахти Тоҷикистон бо номи “Садои Осиё” рӯи мавҷи “106.8 FM” ба пахши гуфторҳои санҷишии худ оғоз кардааст ва расман рӯзи 6 ноябр ба муносибати рӯзи Конститутсия ба фаъолияти худ оғоз хоҳад бахшид. Радиои дигар - “Диёр FM” - ҳамон рӯз ба пахши барномаҳояш дар шимоли Тоҷикистон оғоз мекунад.

Ҳабиб Мақбулов, раҳбари студияи радиову телевизионии “Регар” рӯзи 3−уми ноябр дар суҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки шабакаи «Садои Осиё» радиои иттилоотиву фароғатӣ буда, 24 соат дар шабонарӯз бо ду забон - тоҷикӣ ва русӣ - барнома пахш мекунад: “Дар минтақаи мо аҳолии узбакзабон зиёд аст ва шабакаҳои радиоиву телевизионии кишвари ҳамсоя зиёд пахш мешавад ва мардум низ онро тамошо мекунанд. Яке аз мақсадҳои асосии мо низ аз ташкили ин радио пур кардани ҳамин халоъи иттилотӣ ва ҳифзи амнияти иттилоотии кишварамон аст.“

Ҳабиб Мақбулов
Ҳабиб Мақбулов

Ҷаноби Мақбулов афзуд, ки дар минтақаи пахши ин радио бинобар ҳисобҳо то 60 дарсад аҳолии узбакзабон зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ барномаҳои радио танҳо 70 дарсадашон ба тоҷикӣ ва боқимонда 30 дарсадаш ба забони русӣ пахш хоҳад шуд, то ин ки муҳтавои он барои мардуми узбакзабон мафҳум бошад.

Тавоноии мавҷи радиои “Садои Осиё” 1 килобайт буда, дар баробари шаҳри Турсунзода ҳамчунин имкон дорад, ба навоҳии дигари ҳаммарз бо Узбакистонро фаро гирад. Барномаҳои ин радио хабарӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию фароғатӣ хоҳанд буд.

Ҷаноби Мақбулов, ки солҳо боз роҳбарии телевизиони маҳаллии “Регар ТВ”−ро низ ба ӯҳда дорад, мегӯяд, бозори барномаҳои радиоӣ дар муқоиса бо нашриёти чопӣ ва телевизион густардатар аст. “Дар минтақаҳо бинобар камбудии барқ мардум имконияти зиёди тамошои телевизионро надоранд. Аммо радио, ки бо воситаи батарея ва бидуни дастрасӣ ба барқ низ кор мекунад шунавандаи зиёд дорад. Бинобар ин, мо хостем тариқи радио бо шунавандаҳоямон дар иртибот бошем,“ - мегӯяд Ҳабиб Мақбулов.

Ин дар ҳолест ки васоити ахбори мустақили минтақавӣ бино бар кам будани хонанда ва ширкатҳои рекламадиҳанда ба мушкилоти иқтисодӣ шуда, зуд аз байн мераванд. Танҳо аз соли 2010 ба ин сӯ ҳадди ақал панҷ расонаи маҳаллӣ, ду радио ва се оҷонсии хабарии минтақавӣ дар Тоҷикистон ба далели камбуди молӣ фаъолияташонро қатъ карданд.

Шаҳло Акобирова
Шаҳло Акобирова

Шаҳло Акобирова, роҳбари созмони ҷамъиятии кумак ба рушди ВАО бо номи “Хома” аз таъсиси боз ду шабакаи радиоии мустақил, махсусан дар марз бо кишвари ҳамсоя истиқбол кард ва гуфт, ки ин ду радио халои иттилоотиро пур мекунанд, зеро барои мардуми маҳаллӣ дастрасӣ ба хабарҳо аз таҳаввулоти кишвар бисёр муҳим аст. Хонум Акобирова мегӯяд, бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз мушкилоти молии ин расонаҳо ва ҳифзи амнияти иттилоотии кишвар ҳукумати Тоҷикистон бояд ба радиоҳои маҳаллӣ кӯмаки молӣ кунад.

Ба иттилои Кумиссиюни муҷавиздиҳии Кумитаи радио ва телевизиони кишвар «Дунё FM» низ ба зудӣ дар ноҳияи Истаравшан бо барномаҳои шабонарӯзии фарҳангию мусиқӣ фаъол мешавад

Муассиси “Дунё FM” студияи “Дунё +” буда, ин дуввумин радио пас аз радиои «Авис-Плюс» аст, ки ин студия аз соли 2009 ба ин тараф дар ноҳияи Истаравшан фаъол кардааст. Феълан дар минтақаҳои Тоҷикистон 33 шабакаи мустақили радиоиву телевизионӣ фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG