Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мизигирди Озодӣ: Нақши радио дар Тоҷикистон


Ахиран як назархоҳии Маркази назарсанҷии “Зеркало” нишон дод, ки дар байни шунавандаҳои тоҷик бештар аз ҳама радиои “Садои Душанбе” маҳбубият доштааст.

910 нафари пурсидашуда дар ин назархоҳӣ ҳамчунин шабакаҳои радиоии “Тироз” дар Хуҷанд ва “Имрӯз”-у “Ватан дар пойтахти Тоҷикистонро дар ҷумлаи радиоҳои маҳбуби худ ном бурдаанд. Дар ин назарсанҷӣ мардум аз радиоҳои “Авис-Плюс”, “Азия ФМ”, “Ховар”, “Тоҷикистон-1” ва “Азия Плюс” низ тавсиф кардаанд.

Маҳбубияти шабакаҳои радиоӣ дар Тоҷикистон аз куҷо маншаъ мегирад? Ва оё дар асри 21, ки Интернет батадриҷ ҷойгоҳи расонаҳои чопӣ ва ҳатто телевизионҳоро танг мекунад, радиоҳои тоҷик худро дар чунин шароити пурчолиш чӣ гуна эҳсос мекунанд?

Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми феврал ин мавзӯъро дар як мизигирди видеоӣ бо намояндагони маҳбубтарин шабакаҳои радиоии Тоҷикистон дар миён гузошт.

Дар сӯҳбати мо аз Душанбе Ҷонибеки Асрориён- мудири кулли радиои “Садои Душанбе”, Субҳон Ҷалилов – мудири барномаҳои радиои “Ватан” ва яке аз ровиёни пуршунавандаи ин шабака, ширкат карданд. Гардонандагии ин мизигирдро Мирзои Салимпур дар студияи марказии Радиои Озодӣ дар Прага, ба дӯш дошт.

XS
SM
MD
LG