Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти ду узви "Гурӯҳи 24" ба 16.5-соли зиндон


Лаҳзаи воридшавии мутаҳҳамони узвият дар “Гурӯҳи 24” ба додгоҳи Сомонӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:20 0:00

Лаҳзаи воридшавии мутаҳҳамони узвият дар “Гурӯҳи 24” ба додгоҳи Исмоили Сомонӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" ба 16.5 солии зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 13 март Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримовро ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Гурӯҳи 24" ва ҳифзи як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар компютерашон 16.5 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.

Додрас Ҳотам Раҷабзода ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ин ду нафар бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ муҷрим шинохта шуда, баъд аз раҳоӣ аз зиндон чаҳор сол ҳаққи раҳбариро низ нахоҳанд дошт.

Як рӯзи пеш аз ин, Аъзам Муқимзода -- айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хоста буд, то Фирдавс ва Фарҳодро 18-солӣ ба зиндон фиристад.​Ӯ гуфта буд, ин ду нафар бар асоси моддаи 307, қисми 3 (даъватҳои оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ ғасб кардани ҳокимияти давлатӣ мутобиқи супориши ташкилоти нияти душманона дошта ё намояндагони давлатҳои хориҷӣ); 307 прим. 1, қисмҳои 1, 2 ва 187, қисмҳои 1, 2 айбдор мешаванд. Аммо афзуд вай, дар парвандаи Фарҳод Каримов, яке аз ин муттаҳамон, ки дар компютераш акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҷой додааст, моддаи 299 (тағйири иттилоот) илова шудааст.

Вале Фирдавс Муҳиддинов ва Фарҳод Каримов, ки охирҳои соли гузашта боздошт шудаанд, рӯзи 13 март ҳангоми ироаи сухани охирини худ дар додгоҳ узвияташон дар ин созмони мамнӯъро рад карданд. Ин ду нафар гуфтанд, аз ноогоҳӣ дар баъзе аз ҳамоишҳои эътирозии "Гурӯҳи 24" ва созмонҳои ҳамкори дар Русия иштирок карда, аммо дар бораи фаъолият ва ҳадафҳояш чизе намедонистанд.

Фирдавс Муҳиддинов, сокини ҷамоати Қалъаи Сурхи минтақаи Рашт, гуфт, ӯ дар ҳамоиши эътирозии созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон дар Новосибирск бо даъвати Умедҷон Солиҳов, ки ҳафтаи гузашта ба 17,5 соли зиндон маҳкум шуд, роҳ ёфтааст. "Ман фақат барои иштирок дар ин ҳамоиш худро гунаҳкор меҳисобам ва мехоҳам маро дар шароити ғайриҳабсӣ ҷазо диҳед",-таъкид кард ӯ.

Раҳим Низомов, падари Фирдавс, мегӯяд, писараш баъди ҳамагӣ ду рӯзи бозгашт аз Русия аз сӯи маъмурони пулис боздошт гардид. Ин ҳамоиши Новосибирск дар охирҳои моҳи август ва авоили моҳи сентябри соли 2014 тавассути созмони ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон, ки як бахши “Гурӯҳи 24” дониста мешуд, баргузор ва дар онҳо ташкили гирдиҳамоӣ дар Душанбе баррасӣ шуда буд.

Хуршед Зикиров, вакили мудофеи Фарҳод Каримов, рӯзи 12 март ҳангоми баромадаш дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояташ нигоҳдории як акси таҳқиркунандаи раисиҷумҳурро бар дӯш гирифта, аммо узвияташ дар “Гурӯҳи 24”-ро рад намудааст. Фарҳод Каримов сокини 20-соли ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбест ва волидонаш ҳам мегӯянд, ӯ ба ягон созмон ҳамкорӣ надошт, аммо дарёфти як акс тавассути ҳамсинфаш, ки дар Русия будааст, барои писарашон дардисарсоз шуд.

16.5-солӣ ҳукми зиндони ду нафар ба ҷурми узвият дар “Гурӯҳи 24” дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта додгоҳи Исмоили Сомонӣ Умедҷон Солиҳов, як узви дигари ин гуруҳро 17.5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Солиҳов дар баробари талоши ғасби ҳокимият, вайрон намудани сохти конститутсионӣ, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, таҳқири раисиҷумҳур ва ҷалби шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ҷиноӣ, инчунин барои иштирок дар ҳамоиши эътирозӣ дар Новосибирск муҷрим шинохта шуд.

Аммо Умедҷон Солиҳов як рӯз қабл аз эълони ҳукмаш, ҳангоми ироаи сухани охирин дар додгоҳ гуфта буд, ҳеч гоҳ аз “Гурӯҳи 24” пуштибонӣ накарда ва узви он низ набудааст.

“Гурӯҳи 24”, ки раҳбарияшро Умаралӣ Қувватов соҳибкори фирорӣ бар ӯҳда дошт ва шаби 5 ба 6 март дар Истамбул кушта шуд, дар моҳҳои август ва сентябри соли 2014 дар чандин шаҳри Русия, аз ҷумла дар Новосибирск, Екатеринбург, Самара, Саратов ва Маскав силсилаи гирдиҳамоиҳои муҳоҷирони тоҷикро бо талаби истеъфои ҳукумати

Ҳамоиши тоҷикҳо дар яке аз шаҳрҳои Русия. Моҳи сентябри 2014
Ҳамоиши тоҷикҳо дар яке аз шаҳрҳои Русия. Моҳи сентябри 2014

кунунии Тоҷикистон баргузор карда буд. Гуфта мешавад, нақши калидиро дар ташкили ин гирдиҳамоиҳо маҳз созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бозӣ кардааст.

“Гурӯҳи 24” рӯзи 10 октябри соли 2014 дар маркази Душанбе низ як гирдиҳамоӣ алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард. Аммо мақомоти Тоҷикистон аз чанд рӯзи пеш тадобири амниятиро дар атрофи пойтахт афзоиш дода, худи “Гурӯҳи 24”-ро бо қарори Додгоҳи олӣ экстремистӣ ва мамнӯъ эълон карданд. Дар натиҷа, рӯзи 10 октябр дар соате ки “Гурӯҳи 24” даъват карда буд, касе ба гирдиҳамоӣ дар майдони марказии Душанбе ҳозир нашуд.

“Гурӯҳи 24”-ро Умаралӣ Қувватов ва Шарофиддин Гадоев, ду соҳибкори фирорӣ, дар соли 2012 ташкил дода буданд. Ҳоло бо кушта шудани Умаралӣ Қувватов дар Истамбул, Шарофиддин Гадоев раҳбари нави ин созмони сиёсии мамнӯъ дар Тоҷикистон интихоб шудааст.

XS
SM
MD
LG