Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси ду модаркалон дар ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин) барои набераи 4-солашон Омина, ба додгоҳ рафт. Оминаи хурдсол, ки дар 7-моҳагӣ аз оғӯши падару модар маҳрум шудааст, ҳанӯз намедонад дар атрофаш чӣ гапу коре мегузарад. Ӯ ҳамчунин сарфаҳм намеравад, ки чаро бибии модарӣ ва падариаш дар рӯи ҳавлӣ дар ҳузури ӯ сару садо мекунанду ҳар яке ӯро ба тарафи худ мекашад.

Ҷудоии волидайн 7 моҳ пас аз таваллуди Омина

Волидони Омина ҳам мисли падару модарони аксар кӯдакони дигар дар Тоҷикистон, дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Онҳо ҳанӯз баъди чанд моҳи таваллуди Омина, аз ҳам ҷудо шудаанд. Ӯ дар тарбияи бибии модариаш аст. Аммо модаркалони падарӣ ахиран барои бо худ гирифтани Омина ба додгоҳи ноҳияи Сангвор, шикоят бурдааст.

Ба баҳси ин ду модаркалон нозирони минтақавӣ ва Комиссияи ҳуқуқи кӯдак ҳам ворид шудаанд. Онҳо якҷо вазъи нигоҳубинии кӯдакро омӯхта, хулосаи худро ба додгоҳ ироа кардаанд. Хулосаи онҳо ҳам, ки аст, ки беҳтар аст кӯдак бо бибии падариаш бимонад.

Ба иддаои Тилло Нордонаева, модаркалони Омина, наберааш дар дасти наздикони модараш хуб парасторӣ намешавад. Тилло Нордонаева мегӯяд, кӯдак чандин муддат дар парастории як духтари наврас қарор дошт ва маҳз ҳамин ҳам онҳоро водор кард ба додгоҳ шикоят баранд.

"Кӯдакро рафтем дидем, сару даҳон ҳама ғажд. Нохунаш паридаасту пур аз хун. Мо ҳамеша барои кӯдак либоси нав харида мебарем, вале ҳар боре, ки меравем, либоси тозае надорад. Модаркалонаш кӯдакро бурда дар Ғарм як моҳ партофта Русия рафт, кӯдак бо як духтари наврас буд. Шароити хуб надоранд. 3 кӯдаки хурдсоли дигар доранд. Шавҳари хонавода фавт кардааст",-гуфт Тилло Нордонаева.

Ба гуфтаи ин зан, писараш Муслим Нордонаев, ки дар Маскав кору зиндагӣ дорад, барои тарбияи Омина, ба номи ӯ ваколатнома фиристодааст, то дар додгоҳ ӯро намояндагӣ кунад ва кӯдакро дар ғайби падару модар ба тарбия бигирад.

"Нисбати тақдири духтарам бетараф нестам"

Худи Муслим дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло имконияти бозгашт ба ватанро надорад ва бояд барои соҳиби манзил шудан кор кунад. Аммо мегӯяд, нисбати тақдири духтараш бетараф нест. "Ду сол боз духтарамро надидаам, аммо вақте фаҳмидам, ки модараш ӯро ба як кӯдак гузошта рафтааст, нороҳат шудам. Мехоҳам назди худамон дар тарбияи модарам бошад",-афзуд Муслим Нордонаев.

Дар додгоҳи ноҳияи Сангвори Тавилдара ҳам шикояти модаркалонро барои бо худ гирифтани набера, тасдиқ карданд ва гуфтанд, баҳси ин ду модаркалон чанд сол боз идома дорад. Баҳси додгоҳии онҳо қаблан барои вохӯрӣ бо набера сар зада буд. Тибқи даъвои қаблӣ, як ҷониб ба ҷониби дигар барои дидорбинӣ бо кӯдак монеа эҷод мекардааст.

Омина бо модараш.
Омина бо модараш.

Ба баҳси ин ду модаркалон нозирони минтақавӣ ва Комиссияи ҳуқуқи кӯдак ҳам ворид шудаанд. Онҳо якҷо вазъи нигоҳубинии кӯдакро омӯхта, хулосаи худро ба додгоҳ ироа кардаанд. Хулосаи онҳо ҳам, ки аст, ки беҳтар аст кӯдак бо бибии падариаш монад. Як масъули бахши занони ноҳияи Тавилдара рӯзи 1-уми уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бахши ҳуқуқи кӯдаки мо рафта диданд, мегӯянд, шароитҳои он зан хуб нест ва бояд бо ӯ намонад. Як кӯдаки дигар ӯро нигоҳубин мекардааст."

"Кӯдакро ҳеҷ вақт нахоҳам дод"

Аммо Гулбаҳор Қандова, бибии модарии Омина, ки кӯдак ҳамроҳаш аст, мегӯяд, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ кӯдакро аз худ ҷудо нахоҳад кард. Ин модаркалон иддаҳоро дар робита ба ин ки Омина дар шароити бад тарбия мегирад рад мекунад. Гулбаҳор Қандова, мегӯяд, фақат барои ҳалли як мушкили худ барои чанд муддат ба Русия рафта буд ва Омина ҳам дар дасти духтараш, ки синфи 11 мехонад, қарор дошт.

Гулбаҳор Қандова мегӯяд, аз аввал хонаводаи падар Оминаро чун набераи худ эътироф намекарданд: "Дар вақташ он зан омада гуфт, кӯдак аз мо нест. Моро шарманда кард. Ҳоло шароитро баҳона доранд. Кӯдак ба мо одат кардааст. Модараш 2 моҳи пеш назди духтараш омада буд. Боз ба наздикӣ меояд. Ӯ кор мекунад ва ҳар моҳе 3- 4 ҳазор бароям мефиристад."

Модари дар муҳоҷират

Марҷона, модари Оминаи хурдсол ҳам, ки 3 сол боз дар Русия дар мағозае кор мекунад, мегӯяд, вақте ҳанӯз кӯдак дар батнаш 2-моҳа буд, шавҳараш ӯро тарк карду ба Русия рафт. Ҳоло ӯ мегӯяд, мехоҳад духтарашро бо худ барад, аммо барои ин боз ҳам иҷозаи падари кӯдак лозим аст.

Баҳси додгоҳии ду модаркалон барои ба тарбияи худ гирифтани набера дар ҳолест, ки волидони Омина аз моҳҳои аввали таваллуди ӯ дар муҳоҷиратанд ва маълум нест, ки то кай ин дурии онҳо аз фарзанд идома хоҳад кард. Омина ҳам ҳоло модаркалон аз тарафи модарашро “оча” мегӯяд. Агарчӣ ба нақли бибӣ, модарашро ҳам хеле дӯст медорад ва ҳамеша интизори роҳаш аст.

Мисли Омина имрӯз садҳо кӯдакро волидон дар Тоҷикистон дар тарбияи падару модари худ гузошта, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанд. Созмонҳои кор бо занон мегӯянд, шароити бад, алименти ночиз ва муҳоҷир шудани модарон як баҳси нав, баҳсҳо сари ҷойи зисти кӯдакро бештар кардааст.

Сарнавишти номуайяни кӯдакони ҷуфтҳои ҷудошуда

Мадина Низомова, ҳуқуқшиноси созмони ҷамъиятии “Ғамхорӣ” дар Қӯрғонтеппа мегӯяд, муҳоҷирати занони аз шавҳар ҷудошуда ва сарнавишти номуайяни кӯдакони онҳо, ҳоло ба як мушкили ҷиддӣ табдил ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ маъмулан занон кӯдаконро ба тарбияи модарон ё наздикони худ монда ба муҳоҷират мераванд.

"Чанд рӯз пеш як мард муроҷиат кард, ки фарзандони ман ҳарду ҳам дар тарбияи модарашон ҳастанд. Модар ҳам дар Русия будааст. Мард мегӯяд писараш тобистонҳо назди ӯ аст ва мехоҳад ӯро пурра бо худ бигирад. Ман ҳам машварат додам, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад, танҳо додгоҳ метавонад ҷойи зисти кӯдакро муайян кунад",-афзуд Мадина Низомова.

Ҳуқуқшинос мегӯяд, ҳарчанд, бархе модарон шароити хубӣ нигоҳубини кӯдакро надоранд, аммо барои ба тарбияи падар супурдани кӯдакон ризоият намедиҳанд ва вақте худ роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, кӯдаконро ба дӯши волидони солмандашон мегузоранд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин сурат ҳам кӯдак дар шароити нохуб ба воя мерасад ва ҳам модарон рӯзгори сахтеро пушти сар мекунанд.

Саркаш, осебпазир...

Бунёди кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид ё ЮНИСЕФ бо анҷоми як таҳқиқот дар чанд соли пеш фарзандони муҳоҷиронро ба далели дури падар аз хонавода "саркаш, осебпазир ва таҳдиде ба ояндаи субот дар ҷомеа", унвон карда буд. Дар ин таҳқиқоти ЮНИСЕФ, ки чор соли қабл анҷом шудааст, вазъи 5 ҳазор нафар аз хонаводаҳои муҳоҷирон пурсида шудааст. Аксаран фарзандони то 15-сола гуфтаанд, ки худро танҳову азёдрафта ва бепуштибон эҳсос мекунанд ва азият мекашанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар соли 2016 беш аз 80 ҳазор зан аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд. Таҳлилгарон мегӯянд, барои ба воя расонидани насли солим бояд бо ворид намудани тағйирот дар қонунгузорӣ, масъалаи алиментпулии кӯдакони оилаҳои аз ҳам пошхӯрда ҷиддӣ гирифта шавад ва барои занон танҳо дар дохил шароити корӣ фароҳам шавад, то тавонанд ҳадди аққал, то замони мустақил шудан, кудаконро аз меҳр ва тарбияи худ дур накунунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG