Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домодҳои тоҷик на "аҳдномаи никоҳ" мехоҳанд, на тақсими молу мулкро


Мақомоти Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди дар оянда ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ, ин талабот дар аксар ҳолатҳо риоя нахоҳад шуд ва навхонадорон, махсусан домодҳо барои тақсими одилонаи молу мулк ва ё манзили худ баъди талоқ бо ҳамсари собиқашон омода нахоҳанд буд.

Дар ҳоле, ки тарҳи ин муқаррарот дар дасти парлумон асту ҳанӯз ниҳоӣ ва қонунӣ нашудааст, вазири адлияи Тоҷикистон Рустами Шоҳмурод ба амалишавии он шубҳа дорад. Вале гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳам ташаббускорони ин меъёр бовар доранд, ки баъди ҳатмӣ шудани ин талабот, ҳуқуқи занҳои талоқдида бештар ҳимоят хоҳад шуд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди ҳатмӣ шудани аҳдномаи никоҳ, ин талабот дар аксар ҳолатҳо риоя намешавад.

Моҳи ноябри соли 2016 парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оиларо муаррифӣ кард, ки аҳдномаи никоҳро миёни навхонадорон ҳатмӣ мекунад. Дар Тоҷикистон мизони пошхӯрии оилаҳо сол ба сол меафзояд ва дар натиҷа ҳазорҳо зан бо тифлонашон бесарпаноҳ мемонанд.

Омори расмӣ таносуби издивоҷу талоқҳо дар Тоҷикистонро 8 ба 1 ҳисоб мекунад. То кунун созиши миёни ҳамсарони оянда пеш аз никоҳ як кори ихтиёрӣ буд. Вале ҳоло вазири адлия риояи ин муқарраротро як кори «амалинашаванда» меномад.

“Зеҳни мардум омода нест”

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи 25 январ дар нишасти хабарӣ дар Душанбе, ки барои натиҷагирии кори вазорат дар соли 2016 ихтисос дошт, гуфт, ки аҳдномаи никоҳ, ки барои фарҳангу маданияти мардуми тоҷик як падидаи нав маҳсуб мешавад ва ӯ аз ҳоло гуфта метавонад, ки ин меъёр риоя намешавад. Вай гуфт, ҳанӯз зеҳнияти мардум омода нест, ки зарурат ва риояи ин санадро бипазирад:

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон.

“Ин масъала хеле мураккаб буда ва онро ҳатмӣ сохтан душвор аст. Маълум нест, ки ин амал ба нафъ аст ё зарари мардум аст. Бояд афкори ҷомеаро дар ин бора омӯхт. Маҳдудиятҳое, ки ахиран дар ақди никоҳ ҷорӣ мекунанд, на ба нафъи халқ асту на ҷомеа. Агар чунин маҳдудиятҳо зиёд шавад, мардум дигар ба идораҳои сабти асноди шаҳрвандӣ намеравад. Дар натиҷа никоҳҳои ғайрирасмӣ, баҳсҳои судӣ ва шумораи кӯдакони бесаробон зиёд мешаванд. Аз ин лиҳоз, масъалаи аҳдномаи никоҳ таҳлили маҷмӯиро тақозо мекунад. Ин масъалаи сирф ҳуқуқӣ нест”.

Мавзӯи тақсими молу мулк, бахусус манзил баъди издивоҷ яке аз масъалаҳои дардноки хонаводаҳои тоҷик шудааст. Дар ҳоле, ки бисёр оилаҳо дар шароити танг ва бо ҷамъияти зиёд зери як бом зиндагӣ мекунанд, азҳампошии оила барои ин хонаводаҳо мушкили зиёди нав эҷод мекунад. Занҳои талоқдида на дар ҳама ҳолатҳо барои зиндагии ҷудо аз шавҳар чордеворе пайдо мекунанд ва баҳси онҳо барои манзил тӯлонӣ ва пурмушкил мешавад. Рустами Шоҳмурод мегӯяд, дар сурати ҷорӣ шудани аҳдномаи ҳатмии никоҳ имкон дорад бештари хонаводаҳо мушкили издивоҷи фарзандонро тавассути никоҳи ғайрирасмӣ ҳал кунанд.

Арӯси нав фикри талоқро намекунад

Аҳдномаи никоҳ қарордодест, ки ҳуқуқ ва вазифаҳои ду тарафро ҳангоми издивоҷ ва талоқ муқаррар мекунад. Соли 2011 бино бар илова ба Қонуни оилаи Тоҷикистон таҳия ва имзо шудани он ҳангоми никоҳи шаҳрвандони Тоҷикистон бо хориҷиён ҳатмӣ шуд. Ҳарчанд он барои издивоҷи байниҳамии шаҳрвандони Тоҷикистон низ тавсия шудааст, аммо ин амал ихтиёрӣ сурат мегирад.

Гулрӯ, як сокини Душанбе, ки ба тозагӣ издивоҷ кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфт, агар шартномаи издивоҷ ҳатмӣ шавад, “бад нест”. Ӯ гуфт, умедвор аст, ки зиндагиаш хушу хуррам мегузарад ва ҳоло намехоҳад дар бораи масъулиятҳои ҳуқуқии зану шавҳар баъди пошхӯрии оила андеша кунад, аммо аз филмҳои хориҷӣ медонад, ки дар Аврупову Ғарб ин қарордод як таҷрибаи ҷоуфтода мебошад: “Барои мо ин чиз нав аст, бегона аст. Шояд ҳам вуҷуди он зарур бошад, вале фикр накунам, ки шавҳари ман агар пеш аз издивоҷ ба ӯ мегуфтам, ки биё, қарордод бандем, барои имзои он розӣ шавад”.

Оиладорӣ дар Тоҷикистон - бештар аз танҳо муносибатҳои занушавҳарист

Коршиносон мегӯянд, ки масъалаҳои оиладорӣ дар Тоҷикистон амиқан ба равобити хешутаборӣ бастагӣ мегиранд ва танҳо аз муносибатҳои як зану як марди дорои санади издивоҷ фаротар рафта, ба манфиатҳои хонавода бармехӯранд. Аз ин хотир, ба ҳангоми талоқ, ҳама аъзои ин авлод ба таври мустақим ва ё ғайримустақим зери таъсири санадҳои мисли аҳдномаи никоҳ мемонанд.

Ҳолатҳо соҳиби манзилу дороиҳои хусусӣ будани домодҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам зиёд нест, писарҳо одат доранд дар манзили волидон зиндагӣ кунанд ва дар сурати талоқ, хонаи волидон бояд тақсим шавад.

3 аҳдномаи никоҳ дар 1 сол?

Аз Раёсати сабти асноди шаҳрвандии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, ки дар бораи шумори издивоҷҳо бо аҳдномаи никоҳ маълумоти мушаххас вуҷуд надорад. Ин манбаъ гуфт, ҳар сол ҳамагӣ 3 ё 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси аҳдномаи никоҳ издивоҷ мекунанд. Он ҳам аксаран аз ҷониби заноне талаб мешудааст, ки як бор хонавайрон шудаву бо фарзандони худ бесарпаноҳ мондаанд ва ба хотири аз буда бадтар накардани зиндагии худ, рӯ ба ин санад меоранд.

Коршинос: Мардум бояд одат кунанд

Ҷовид Ҷӯраев, коршиноси масоили иҷтимоӣ, аҳдномаи никоҳро дар ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои занҳою фарзандон ба ҳангоми фурӯпошии оила муҳим медонад. Ба гуфтаи вай, дар 80 дарсади ҳодисаҳои талоқ занҳо осеб мебинанд ва зан бо фарзандонаш аз хонаи шавҳар ё хусуру хушдоман ронда мешавад. Аксари занҳо баъди талоқ аз шавҳарони худ аз ҳаққи моликият маҳрум шуда, бидуни сарпарасту манзил дар кӯча монда ва мумкин аст вазъи сахти иҷтимоӣ онҳоро ба роҳи бад барад.

Нафақа ё алименте, ки аз тариқи додгоҳ аз падари фарзандон ситонда мешавад, маъмулан хеле ночиз буда ва дар баъзе ҳолатҳо ба далели бекор будани мард аслан кумаки молие ба фарзандон карда намешавад.

Вай гуфт: “Дар ибтидои ҷорӣ шудани аҳдномаи никоҳӣ мушкилиҳои зиёде пеш меоянд. Зеро ин чиз ба урфу одат ё менталитети мардуми мо бегона аст. Низоми нав мушкилоту нофаҳмоиҳо дорад. Агар никоҳҳои ғайрирасмӣ зиёд нашавад гуфта ин низомро ҷорӣ накунем, вазъи ногувори занҳо тағйир намеёбад. Падару модар ва пайвандон ба оилаи нав кӯмак кунанд ё бо манзил таъмин кунанд навхонаҳо бидуни шак аҳдномаи никоҳиро имзо мекунанд. Шумори талоқ ҳам кам мешавад.”

Зимнан, бино ба маълумоти расмӣ, дар соли 2016 беш 72 ҳазор мавриди издивоҷ сабт шуда ва теъдоди талоқ ҳудуди 9 ҳазорро ташкил додааст. Яъне аз 8 оилаи нав, як оила пош хӯрдааст.

XS
SM
MD
LG