Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати мармузи ду бандии зиндони шаҳри Ваҳдат


Дар шарҳи ҷузъиёти марги зиндониҳо гуфта мешавад, ки як нафар “худро дор овехта”, дигаре бар асари беморӣ фавтидааст.

Дар як зиндони шаҳри Ваҳдат, ки дар миёни мардум бо номи маҳбаси «Кирпичний» маъруф аст, дар давоми як моҳи гузашта ду зиндонӣ ба ҳалокат расидаанд. Дар шарҳи ҷузъиёти марги зиндониҳо гуфта мешавад, ки як нафар “худро дор овехта”, дигаре бар асари беморӣ фавтидааст.

Як манбаъ дар ин маҳбас мегӯяд, дар муассисаи ислоҳии ЯС 3/2 – и Ваҳдат Нӯъмон Сатторқулов, зодаи Конибодом ба далоили номаълум худро овехта, Алишер Қосимов, зодаи Душанбе, ки дар гузашта муштзан будааст, аз беморӣ даргузаштааст. Бо зикри ин хабар, манбаи радиои Озодӣ аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кард.

Санҷиши ин хабар ва сабабҳои воқеии марги зиндониҳо аз роҳи манобеи бетараф ғайриимкон аст.

Раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон дар тамос бо мо гуфт, ки пас аз омӯзиши қазия вокуниш хоҳанд кард.

Қаблан расонаҳо бар пояи шикояти пайвандони бархе аз зиндониҳо навиштанд, ки мақомот бо баргузории "рейдҳои ғайримаъмулӣ" дар ин маҳбас зиндониёнро азият медиҳанд. Ба гуфтани наздикони зиндониҳо, гӯё кормандони ин зиндон бо баргузории азназаргузаронӣ дар маҳалли хобу иқомати зиндониҳо рахти хоби бархе аз онҳоро бидуни кадом сабаб пора ва дар рафти ин амалиёт чанде аз бандиҳоро лату кӯб кардаанд.


Тибқи иттиллои дарёфтӣ, дар ин зиндон як маҳбус аз ноҳияи Конибодом дар чанд рӯзи пеш худро овехтааст ва ҷони як нафар аз бандии дигарро, ки бо алмос раги гардани худро буридааст, тасодуфан наҷот додаанд.

Аммо Иззатулло Шарифов, муовини вазири адлия ва раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 26-уми июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ баргузории рейдҳои ғайримаъмулии ҳамроҳ бо озори бандиҳо дар зиндонҳои кишварро комилан рад кард. Ҷаноби Шарифов гуфт, дар ҳеҷ яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон аз ҷониби кормандони он рафтори ғайриоинномавӣ ба мушоҳида нарасидааст:

"Ҳеҷ чиз нашудааст. Ҳама тинҷу ором. Ҳама дар доираи қонун зиндагӣ ва адои ҷазо мекунанд. Ягон корманд нисбати онҳо муносибат ва муомилаи бад надорад, ҳамааш дар доираи қонун."

Аммо ахбори расида баёнгари он аст, ки дар ҷараёни бозҷӯӣ аз зиндониҳои маҳбаси Ваҳдат 8 адад телефони мобилӣ ошкор ва мусодира шудааст.
Зимнан, дар ибтидои соли ҷорӣ барои аввалин бор дари бархе аз маҳбасҳои Тоҷикистон ба рӯи созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар ва низ кормандони расонаҳои Тоҷикистон боз ва имкони мулоқоту мусоҳибаҳо бо зиндониҳо фароҳам оварда шуда буд. Ин иқдоми давлати Тоҷикистон аз сӯи нозирони ҳуқуқи инсон баҳои мусбат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG