Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паррондани Сафарбек амри кӣ буд? Ду парвандаи қатли як сарбоз


Додгоҳи низомии вилояти Бадахшон чаҳор афсари қисми марзбонии ноҳияи Дарвозро бо иттиҳоми "берун баромадан аз ваколатҳои мансабӣ", ҷарима кардааст. Ин чаҳор афсар пас аз кушта шудани Сафарбек Хонов, сарбози марзбон дар ноҳияи Дарвоз аз мақомҳояшон барканор шуданд ва додситонӣ нисбати онҳо парванда боз карда буд.

Мақомот гуфтанд, Сафарбек Хонов рӯзи 25-уми август вақте як афсарро гаравгон гирифт ва дигаронро бо силоҳ таҳдид кард, ӯро “безарар” гардониданд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нисбат ба ин ҳодиса ду парванда боз шуд.

Идибек Хонов, падари ин сарбоз мегӯяд, бинобар надоштани вақт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат накард ва ҷазои онҳоеро, ки дар марги фарзандаш даст доранд, ба додгоҳ ҳавола кардааст.

Бар асоси як парванда, чаҳор афсари масъули ин қисми низомӣ барои хунукназарӣ, ки боиси сар задани ҳодиса шудааст, ба ҷавобгарӣ кашида шуд. Парвандаи дигар нисбат ба ду афсаре боз шудааст, ки яке фармони парронидани сарбозро додааст ва дигаре онро иҷро кардааст. Парвандаи дуюм ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, аммо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, бо эҳтимоли зиёд, ду афсари дигар ҳукми зиндон мегиранд.

Рӯзи 25-уми августи соли гузашта мақомот гуфтанд, ки сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов пас аз гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот "безарар" гардонда шуд.

Идибек Хонов, падари ин сарбоз мегӯяд, бинобар надоштани вақт, дар мурофиаҳои додгоҳӣ ширкат накард ва ҷазои онҳоеро, ки дар марги фарзандаш даст доранд, ба додгоҳ ҳавола кардааст. "Ҳар ҳукме бар асоси қонун бароранд, дигар даъво надорам. Фарзанди ман аз ин дубора зинда нашавад. Барои ҳамин ман гуфтам, ки даъвое надорам",-гуфт ӯ.

Сафарбек Хонов
Сафарбек Хонов

Қаблан, падари ин ҷавон гуфта буд, ки аз рӯи нишонаҳои зоҳирии осори тир дар бадани писар ба чунин хулоса омадааст, ки ба ӯ на аз дур, балки аз наздик дар дилаш тир задаанд. Ӯ гуфт, амаку ду бародараш ҷасадро шустанд ва гуфтанд, ки тир дар дилаш задааст ва дар баданаш доғҳои сиёҳ ва осори латту кӯб ҳам аён буд. Дар ҳоле, ки масъулини тафтишотӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд, афроди огоҳ аз ин парванда мегӯянд, қазия чандон содда нест.

Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад.

Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумла гуфт, "тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳо таслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”

Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишт, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-солаба сафи артиш баргузор мешавад.

Бадрафторӣ дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад.

XS
SM
MD
LG