Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии ду коммунист дар вилояти Суғд


Иброҳим Абдуллозода
Иброҳим Абдуллозода

Иброҳим Абдуллозода -- раиси собиқи Истаравшан ва Абдуҷаббор Аҳмадов -- раҳбари пешини ҳизби коммунист дар вилояти Суғд дар ду ҳавзаи якмандатии ин вилоят бар рақибонашон ғолиб омадаанд.

Дар ҳоле ки ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ натавонист садди 5-дарсадиро убур карда, соҳиби ҷой дар парлумон гардад, дар ду ҳавзаи якмандатии Суғд намояндагони ин ҳизб баранда эълон шудаанд.

Иброҳим Абдуллозода ва Абдуҷаббор Аҳмадов дар ҳавзаҳои инфиродӣ ё якмандатии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо бартарии овозҳо баранда гардидаанд. Аммо раҳбарияти ҲКТ мегӯянд, Абдуҷаббор Аҳмадов дар анҷумани пешазинтихоботӣ дар соли гузашта аз сафи ин ҳизб берун шуда ва пирӯзяш ба онҳо рабт надорад.

Исмоил Талбаков, муовини раиси ҳизби коммунист, гуфт, аммо пирӯзии Иброҳим Абдуллозода ба ин маъност, ки як намояндаи онҳо вориди парлумон шудааст. ​Худи Иброҳим Абдуллозода дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи ҳисобҳои пешакӣ 67,8 дарсади овозро ба даст овардааст.

Абдуллозода дар ҳавзаи якмандатии Истаравшан, рақами 23 бо номзад аз ҳизби халқӣ-демократӣ – Баҳром Ҳамроев вориди рақобат шуда буд. Вай афзуд, номзадияшро ба интихоботи парлумонӣ коммунистҳои Истаравшан ва Шаҳристон дар анҷумани якҷоя пешбарӣ карда буданд. “Интихобот демокративу озодона гузашт. Аз тарафи ягон мақом ба овоздиҳандагон ишора намешуд. Мардум ба номзади дилхлҳаш овоз дод,”-хулоса кард Абдуллозода.

Иброҳим Абдуллозода то чанд моҳи қабл аз интихобот вазифаи раиси ноҳияи Истаравшанро бар ӯҳда дошт ва рақибаш раиси кумитаи заминсозии ҳамин ноҳия буд.

Абдуҷаббор Аҳмадов, собиқ раиси созмони ҳизби коммунист дар вилояти Суғд, низ дар ҳавзаи якмандатии Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Чкалов, рақами 15, ки бо номзад аз ҳизби халқӣ - демократӣ - Абдурашид Раҳимиён, собиқ раиси ҷамоати Ҳайдар Усмон рақобат мекард, дастболо шудааст. Як манбаи наздик ба ин ҳавзаи якмандатӣ гуфт, Аҳмадов аз рӯйи шумориши пешакӣ, беш аз 63 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Аҳмадов дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вай ба тариқи худпешбарӣ вориди интихоботи парлумонӣ гардида, ҳарчанд ҳамҳизбону дӯстонаш ӯро барои пирӯзӣ табрик мекунанд, вале аз баранда эълон кардани худ то нашри расмӣ аз сӯи КМИР худдорӣ хоҳад кард.

Абдуҷаббор Аҳмадов дар интихоботи парлумонии соли 2005 низ дар ҳавзаи якмандатии Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рақиби худ аз ҳизби ҳоким - Шавкат Исмоилов, раиси кумитаи қонунгузории парлумони пешинро шикаст дода, 5 сол ба курсии вакилӣ дар парлумон такя зада буд. Вале тирамоҳи соли 2014 фаъолони ин ҳизб дар Хуҷанд алорағми хостаи раҳбарияти ҲКТ ӯро раиси бахши вилоятии ин ҳизб интихоб карданд. Ин амр боиси ихтилофи назар ва "бигӯмагӯ" миёни раҳбарияти ҳизби коммунист ва созмони суғдии шуд. ​Баъдан, дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизби коммунист дар моҳи декабри соли гузашта Абдуҷаббор Аҳмадов аз сафи ҳизб берун гардид.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ба гуфтаи масъулонаш беш аз 15 ҳазор узв дорад. Дар интихоботи гузаштаи парлумониӣ коммунистҳо натавонистанд ягон номзади худро аз ҳавзаҳои якмандатии шимоли Тоҷикистон вакили парлумон кунанд. Вале ҳудуди 20 дарсад аз 70 курсии маҷлисҳои маҳаллиро ба даст оварданд.

Дар ин интихоботи парлумонӣ дар 2 ҳавзаи инфиродӣ ва 9 ҳавзаи вилоятӣ коммунистҳои Суғд номзадии худро бо роҳи ҳизбӣ ё худпешбарӣ сабт ва вориди саҳнаи рақобат шуданд.

XS
SM
MD
LG