Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ду бародари тоҷик баъди 7 сол дар зиндони Узбакистон


Баъди ҳафт сол ба Облоқул Ризоев, бародари марде, ки дар Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон зиндонӣ шудааст, иҷоза доданд, то бо ӯ ду соат дидор кунад. Саидқул Ризоев, сокини 53-солаи шаҳри Панҷакент, дар намояндагии ширкати англисии “Оксус Голд” дар Узбакистон кор мекард ва моҳи марти соли 2011 бо иттиҳоми ҷосусӣ ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

"Оксус Голд" 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Узбакистону Бритониё “Конҳои тиллои Амантантау”-ро дар даст дорад ва ҳоло миёни ду тараф кашмакаш ба сари ин ширкат идома дорад.

Облоқул Ризоев, бародари Саидқул Ризоев, рӯзи 7-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аввали моҳи август ба Узбакистон сафар кард ва пас аз ҳафт сол иҷоза гирифт, ки ду соат аз пушти панҷара бо бародараш сӯҳбат кунад. Мулоқот рӯзи 5 август баргузор шуд. Ӯ мегӯяд, бародараш дар зиндони низомаш сахт нигаҳдорӣ мешавад ва ҳоло аз дарди ҷигару гурда ва фишорбаландӣ ранҷ мекашад.

Ин мард гуфт, давоми ҳафт сол борҳо дар Узбакистон зиндониён афв шуданд ва дар як соли ахир низ Шавкат Мирзиёев даҳҳо зиндонии дигарро озод кард, вале дар мавриди сабукиҳо ба Саидқул ҳеҷ ҳарфе нест. “Ба Шавкат Мирзиёев, президенти Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвари худамон муроҷиат кардам, ки масъалаи бародари маро бубинанд. Вазъаш хеле бад аст, ӯро озод кунанд. Бовариам ба президенти Узбакистон ҳаст, ки бародарамро озод мекунад”, - гуфт ӯ.

Облоқул Ризоев гуфт, иҷозаи сафар ба Узбакистон ва дидор бо бародарашро фоли нек медонад. Ӯ гуфт, ширкати “Оксус Голд”, ки Саидқул дар он кор мекард, борҳо ваъда додааст, барои озодии ӯ дар сатҳи байналмилалӣ талош мекунад, вале то кунун ин ширкат ҳеҷ талоше накардааст.

Иттиҳоми Ризоев ва тарки Узбакистон кардани “Оксус Голд”

Пас аз боздошти Саидқул Ризоев байни ин ширкати истихроҷи тилло ва ҳукумати Узбакистон ҷанҷол сар зад ва дар ниҳоят “Оксус Голд” Узбакистонро тарк кард. Саидқул Ризоев, муҳандиси тоҷик 46 сол дошт, ки боздошт шуд.

Ӯ дар сӯҳбат бо бародараш рӯзи 5-уми августи соли равон гуфтааст, ки парвандааш сохта аст ва ҳеҷ иттиҳомот нисбаташ собит нашудааст. Ба гуфтаи Ризоев, ба эҳтимоли зиёд бародараш як қурбонии дигари парвандаҳои шубҳабарангези марбут ба ҷосусӣ шудааст. Ингуна қазияҳо дар ду даҳсолаи гузашта зиёд буд ва дар бисёр ҳолатҳо муттаҳамон худро бегуноҳ меноманд. Тасдиқи дурустии ҳукмҳои судиро тавассути манобеи мустақил санҷидан имкон надорад.

Панҷакент дар марз бо Узбакистон ҷойгир аст
Панҷакент дар марз бо Узбакистон ҷойгир аст

Облоқул Ризоев гуфт, Саидқулро ҳафт соли пеш ҳангоми вурудаш аз Тоҷикистон ба Узбакистон боздошт карданд. Ба гуфтаи маъмурони амнияти Узбакистон, аз Саидқул Ризоев флешдиске гирифтаанд, ки дар он иттилооти махфӣ дар бораи захираҳои тиллои минтақаи Амонтайтауи ноҳияи Навоии Узбакистон ҳифз шудааст. Аммо Сӯҳроб Исмоилов, яке аз мушовирони “Оксус Голд” пас аз боздошти ӯ дар сӯҳбат бо мо Радиои Озодӣ буд, ки ин иттило махфӣ нест ва дар интернет низ дастрас аст. Саидқул Ризоев тамоми иттиҳомоти ҷосусиро рад кардааст.

"Оксус Голд" 50 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки Узбакистону Бритониё “Конҳои тиллои Амантантау”-ро дар даст дорад ва ҳоло миёни ду тараф кашмакаш ба сари ин ширкат идома дорад.

Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Узбакистон дар замони раҳбарии Ислом Каримов рух дод ва ҳоло хешовандони Ризоев умедворанд, ки метавонанд аз роҳи муроҷиат ба раҳбари нави ин кишвар Шавкат Мирзиёев, ки муносиботи ҳасана бо ҳамсояҳоро як стратегияи муҳими сиёсати хориҷиаш хондааст, ба ҳақиқат даст ёбанд.

Парвандаҳои ахири ҷосусӣ

Вале ҳодисаҳои барои ҷосусӣ маҳкум шудани шаҳрвандони ин кишварҳо дар як соли охир ҳам ба қайд гирифта шудааст. 12 июли имсол додгоҳе дар Узбакистон як шаҳрванди кореятабори ин кишвар Надежда Пакро бар асоси моддаи 157-и Кодекси ҷиноии Узбакистон, яъне “хиёнат ба давлат” гунаҳкор ва ба 10,5 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, ки ин зан ба фоидаи Тоҷикистон ҷосусӣ кардааст. Вале хешовандон ва худи Надежда Пак гуфтаанд, ки иттиҳомоти додгоҳ беасос аст.

Надежда Пак
Надежда Пак

Дар солҳои ахир чандин нафар аз сокинони Узбакистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон муттаҳам шудаанд. Дар моҳи марти соли 2013 ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи вилояти Сурхондарё се занро бо айбномаи ҷосусӣ алайҳи Узбакистон боздошт карданд. Бино ба гузориши барномаи “Ҷиноят ва ҷазо”-и шабакаи телевизиони “Ёшлар” (“Ҷавонон”) ин се зан талош доштанд, дар бораи иншооти муҳим, ба мисли постгоҳҳои марзӣ ва низомӣ, вазъи амниятӣ ва кормандони онҳо маълумот ҷамъоварӣ кунанд. Дар Тоҷикистон низ чанд нафар ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Узбакистон зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, масъулони ширкати “Востокредмет” дар шимоли Тоҷикистон бо чунин айбнома дар додгоҳ муҳокима шуда буданд.

XS
SM
MD
LG