Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати 20 журналист бо дифоъ аз "Пайк": “Чик” навозиш аст, на таҳқир


Аҳмади Иброҳим, муассиси ҳафтаномаи "Пайк"
Аҳмади Иброҳим, муассиси ҳафтаномаи "Пайк"

Ҳудуди 20 тан аз хабарнигорони вилояти Хатлон бо нашри як изҳорот даъвои ширкати “Умед-88”-ро зидди ҳафтаномаи “Пайк” “таъқиб барои танқид” номидаанд.

Гурӯҳе аз рӯзноманигорони хатлонӣ даъвои ширкати "Умед-88"-ро зидди ҳафтаномаи "Пайк" "таъқиб барои танқид" номиданд. Дар изҳороти ҳудуди 20 тан аз хабарнигорони вилояти Хатлон, ки имрӯз, 26-уми май дастраси "Озодӣ" гардид, омадааст, ки ҳеҷ далели қонуние барои ба додгоҳ кашидани ҳафтанома вуҷуд надорад, аммо ин ширкат бо баҳси додгоҳӣ мехоҳад, ба ягона ҳафтаномаи мустақили Хатлон фишор овардад.

Баҳси ширкати “Умед-88” бо ҳафтаномаи “Пайк” аз матлабе шурӯъ шуд, ки нашрия дар номи ин ширкат пасванди русии “чик”-ро истифода кард. Ин ширкат дар пайи мақолаи интиқодии хабарнигори "Пайк" Шарифхони Тағаймурод, ки дар шумораи №90 аз 8-уми апрел бо сарлавҳаи «Умедчик-88» рӯи чоп омадааст, аз муаллифи мақола 10 ҳазор ва аз ҳафтанома 50 ҳазор сомонӣ талаб дорад.

"Ба андешаи мо суффикси навозишии русии "чик" дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро таҳқирӣ унвон кардан наметавон. Мардуми рус ҳангоми ба азизони худ муроҷиат кардан ҳамин суффиксро навозишкорона истифода мебаранд. Дар тоҷикон низ қисман ин одат риоя карда мешавад. Бинобар ин, мо аз ширкати «Умед-88» бо қатъият талаб дорем, ки иттиҳом алайҳи ягона ҳафтавори мустақил дар минтақаи Кӯлоб ва дар маҷмӯъ сухани озодро қатъ карда, аз идомаи муноқишаҳо даст кашад!" -- омадааст дар изҳорот. Рӯзноманигорон дар ин изҳорот ҳамчунин аз Иттифоқи журналистон ва ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон дархости кӯмак кардаанд.

Аммо Муҳаббатшоҳ Баллев, ҳуқуқшиноси ширкати "Умед-88" мегӯяд, ҳадафи онҳо фишор сари рӯзноманигорон нест, балки мехоҳанд, бо баҳси додгоҳӣ ҳақиқатро ошкор кунанд. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар матлаби навиштаи ҳафтанома таҳқирро эҳсос карда, ба додгоҳ муроҷиат кардаанд ва интизори ҳалномаи додгоҳ ҳастанд. Дар ҳамин ҳол, Аҳмади Иброҳим, сардабири ҳафтаномаи “Пайк” мегӯяд, дар ҳеҷ ҷои матлаби иншошудаи онҳо вожаҳои таҳқиромез истифода нашудааст ва аз номи ронандагон “Умедчик-88” гуфтани ин ширкат ҳам таҳқир нест.

"Бо вуҷуде, ки мо медонистем, ин таҳқир нест, аммо расман хабарнигори мо дар шумораи баъдӣ расман барои истифодаи “чик” узр пурсид. Мантиқан, аз рӯи қонунҳои ҷории кишвар баҳсе барои додгоҳ набуд. Бештар ин ширкат аз он асабонӣ шудааст, ки мо далелҳое пайдо кардем, ки бунёди нуқтаи сӯзишвории “Умед-88” дар макони сераҳолитарини шаҳр хатарнок аст. Идораи сохтмонӣ низ дар як мактубаш расман сохтмони ин нуктаи ширкатро ғайриқонунӣ донистааст. Аз ин рӯ гумон дорам, бо баҳси додгоҳӣ намояндагони ин ширкат мехоҳанд, таваҷҷӯҳро ба дигар тараф ҷалб кунанд ва нуктаи фурӯши нави бунёднамудаашонро ҳифз кунанд," -- гуфт, Аҳмади Иброҳим.

Баҳси мазкур моҳе пеш бо ҳафтаномаи “Пайк” бо нашри матлаби “Бозор ё Умедчик-88 хатар эҷод мекунад” сар шуд, ки дар он бунёди нуқтаи сӯзишворӣ дар назди бозори марказӣ, маҳалли аҳолинишин ва Корхонаи ордбарории шаҳр хатарнок аст. Аммо ширкати “Умед-88” истифодаи “чик” дар сарлавҳаи онро таҳқир дониста, ба додгоҳ муроҷиат кард.

“Пайк” ягона ҳафтаномаи мустақил дар вилояти Хатлон аст, ки бо теъдоди то 3 ҳазор нусха ҳар ҳафта нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG